Главная / Биология / УСТУХОНБАНДӢ ВА МУШАКИ ШИРХУРҲО

УСТУХОНБАНДӢ ВА МУШАКИ ШИРХУРҲО

Устухонбандии ширхӯрҳо хусусан аз ҷиҳати миқдори мӯҳра, мавҷуд будани қабурғаҳо, дар косаи cap мавҷуд будани чаккаҳо, пойҳо, панҷаҳо, дум ба хазандагон монанд буда, нисбатан инкишоф ёфтааст.

Сутунмӯҳраи ширхӯрҳо аз қисмҳои гардан, сина, миён, чорбанд ва дум иборат аст. Мӯҳраҳои ширхӯрҳо ба ҳамдигар ба воситаи ҳалкаи тағоякӣ пайваст мебошанд. Мӯҳраи онҳо растакҳои болоӣ ва кабурғагӣ доранд. Шумораи мӯҳраҳои гарданиашон 7-то мешавад. Мӯҳраи якум атлас ё атланд ном дорад, ки ду растаки пайвастшаванда дошта, косаи cap ба воситаи ин ду растак ба мӯҳрахои дигари гарданӣ пайваст мешавад. Косаи сари ширхӯрҳо вертикал (ба пеш) ҳам шуда метавонад.

Сохти скелети ҳайвони ширхӯр дар мисоли
Сохти скелети ҳайвони ширхӯр дар мисоли

Шумораи мӯҳраҳои қисми синагӣ 12-13-то мебошад ва аз ин миқдор 7-тоаш кабурғаи ҳақикӣ буда, ба тӯш (пеши сина) пайваст шуда, кори қафаси синаро ташкил мекунанд ва дар ширхӯрҳо 5 қабурғаи қалбакӣ мавҷуд аст, ки онҳоро дар забони халқӣ ятимчакабурға меноманд Дар миёнаш 6-7 мӯҳра ҳаст, ки қабурға надоранд. Чорбанд аз 4 қисми ба ҳам пайванд иборат буда, аз пеш бо ду мӯҳраи миён пайваст аст. Мӯҳраҳои дум дар ширхӯрҳо аз 12 то 15-то мешаванд.

Устухонбандии косахонаи сари ширхӯрҳо, ки дар дохилаш мағзи cap ҷой мегирад, аз устухонҳои қафои cap, болоисарӣ, паҳлӯии чап ва рост иборат аст. Аз ақиби cap ба воситаи дохили мӯҳраҳо мағзи cap ҳароммағзро ташкил карда, мисли канали оби ба ҷӯякҳо тақсимшаванда давом мекунад. Аз ду тарафи он бо сӯрохиҳои гемалӣ хуни артериягию венагӣ ҳаракат мекунанд.

Дар қисми пеши косахонаи cap устухони фонашакл, капсулаи чашм, дар ду тарафи cap капсулаи гӯш ҳаст, ки сохти махсус доранд. Ҷоғи боюй ба ҷоғи поёнӣ ба воситаи устухонҳои калитаки чаккагию зеризабонӣ пайвастанд. Устухонбандии китои ширхӯрҳо аз як ҷуфт шона ва аз калитак иборат аст. Устухонбандии устухони кос аз се устухон иборат аст, ки онҳо сӯрохии ҳалкагӣ ташкил карда, ба мӯҳраҳои чорбанд пайваст мебошанд.

Устухонбандии пойҳои пеш аз устухонҳои китф, бозу, оринҷ- банд, банди панҷа ва аз буғумхои панҷа иборатанд. Усгухонбандии пойи ақиб аз устухонҳои рон, косачаи зонугӣ, пошна, каф, панҷаҳо
иборат мебошанд. Системаи мушакии ширхӯрҳо ба 2 гурӯҳ ҷудо мешавад:

  1. Мушакҳон ҳамвор, ки ба он мушакҳои узвҳои дарунӣ дохил мешаванд.
  2. Мушакҳои болои устухонӣ торҳои мушакии кӯндаланграх доранд. Ҳаракати шикам, лаб, рӯй, атрофи чашм, қош (абрӯ) ба соҳибаш итоат мекунанд. Узвҳо чӣ қадар серҳаракат бошанд, мушакҳо ҳамон қадар бақувват мешаванд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …