Главная / Маданият ва санъат / Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедил

Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедил

Осори насрӣ ва манзуми ҳар як адиб дар кадом асре, ки бошад, аз сабки умумии адабӣ берун нест. Вале истеъдодҳо дар таърихи адабиёт тавонистаанд, ки дар ҷузъиёт тозаҷӯиҳо кунанд. Масалан, Рӯдакӣ дар асри X, Носири Хусрав, Саноӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ , Ҳофизу Камол , Ҷомӣ ва ғайра.

Аз ин нуқтаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки умумии давр – сабки ҳиндӣ эҷод шудааст ва хусусиятҳои ин сабкро комилан фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, эҷодиёти Бедил, ки онро истеъдоди басо ҳайратовар рӯи кор овардааст, дар ҷузъиёт тозакориҳои хеле сершумор дорад, ки ҳатто сабки умумии даврро сарчашмаҳо сабки бедилӣ ном ниҳодаанд. Ба ин маънӣ, то андозае адабиёти беш аз 700-сола ҷанбаи ҷамъбастӣ мегирад, ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз ҳама, ҳис кардааст. Чунончи, мегӯяд:

Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад,

Зи хомаҳо ду-се ҳарфи чакида мемонад.

Зеро ҳадафи шоир жанри ҷудогона набуда, умуман, шеър, яъне адабиёт аст.

Ӯ шоирест, ки ҳангоми саррофии сухан ҳунари хоса зоҳир мекунад. Ҳатто ашёҳои муқаррарии табиат: кӯҳ, санг, хок, об, сабза, дарахт, абру борон ва ғайра моҳияти махсуси эстетикӣ мегиранд ва ба таври ҳайратовар ҷаззобу ҷолиб ва зебову назаррабо мешаванд. Ба ин маънӣ Бедил мегӯяд:

Ҳар сангпорае, ки фитад чашми мо бар ӯ,

Аз як назар ақиқи Яман[1] мекунем мо.

Албатта, ин як хусусияти умуман адабиёт аст, вале адибони соҳибистеъдод тавонистаанд, дар ҳунари эҷод аз якдигар бартарӣ дошта бошанд. Ин аст, ки Бедил ҳолати эҷодро ба дами теғ монанд мекунад, ки мақсуди ӯ гузаштан аз ҳастии хеш аст. Яъне эҷодкор месӯзад, то бисозад:

Дами теғест, Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,

Забони хома ҳам шақ[2] дорад аз ҳарфофариниҳо.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими сабки Бедил дар он аст, ки калимаҳо, ибораву таъбирҳо дар алоҳидагӣ фаҳмо, содда, равонанд, вале дар матн хеле печида меоянд, маънии онҳо барои хонанда дастнорас мешавад. Чунончи, дар ин байт:

Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино

Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.

«Маъшуқа» – менависад устод С.Айнӣ мавриди таҳлили байти мазкур, – ба дасту пои худ гул бастааст, ба ин сабаб бӯсамуштоқон – ошиқоне, ки дасту пои ӯро бӯсидан мехостанд, чаманҳоро дар зери лаб гирифта – бӯсида хун карда ба ранги ҳино гардондаанд, то ки маъшуқа дар вақти ба пою дасти худ гул бастан, шояд гулҳои ба ранги ҳиногардидаи ин чаманҳоро банданд ва ба ин восита бӯсиши ин бӯсамуштоқон ҳам ба дасту пои ӯ бирасад». Ин албатта, аз печидагии маъно гувоҳӣ медиҳад.

Ё худ дар ин байт:

Хок шуд фитрат ба пастӣ, лек мижгон бар надошт,

В-ар на аз мо то ба боми осмон як зина буд.

Дар ин байт шоир фалсафаи халлоқияти инсонро дар назар дорад, ки Худо одамро дар биҳишт офарид ва аз сабаби он ки ҷисми ӯ аз олами сифлӣ буд, тоб оварда натавонист ва агар тоб меовард, то олами тақаддус андаке буд.

Муҳим он аст, ки санъатҳои бадеӣ низ дар шакли нисбатан мураккаб ба кор гирифта мешаванд; ташбеҳоти мураккаб, муканно, кинояву маҷозҳои хеле ваҳмӣ, хаёлӣ, иҳому рамзҳои нисбатан дастнорас мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки моҳияти онҳо на ба ҳар кас фаҳмост.

Дигар аз хусусиятҳои уллубии ашъори Бедил аз он иборат ась, ки ӯ баъзан калимаҳои нави мураккаб месозад: силамуштоқ, бӯсамуштоқ, гадотабъ, рамзошно, хирасар, иқтидороҳанг, чаманкулоҳ, тарабсаро, хориҷоҳанг, ҳайратоғоз, тӯфонҷӯшӣ, асарпарвард, тараҳумхирман, саднаргисистонибрат ва ғайра, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохта шудаанд, ҳатто маънии луғавиашон на ба ҳар кас фаҳмост.

Забони ашъори лирикии Бедил яксон нест, ғазалу қасидаҳои ӯ нисбатан мураккаб ва шеваи қитъаҳову рубоиёташ хеле соддаанд.

Барои намуна чанд байт аз як қитъаи шоирро зикр менамоем:

Ай басо илме, ки аз беилтифотиҳои халқ

Дар миҷози маъниогоҳон ҳамон мастур монд.

Бедимоғиҳои мастон чашми шавқе во накард,

Мавҷи май дар ҷом маҳви решаи ангур монд.

Наргисистонҳо ба ҳайрат хуфтаи бедонишист,

Оламе афрӯхт шамъу ҳамчунон бенур монд.

Гар касе маҳрам нашуд андешаи ғафлат кирост? Ҳусн аз бас бениёзӣ дошт, номанзур монд.

Дар ин қитьа калимаи душворфаҳм нест ва хатто хонандаи оддӣ ҳам маънии онро ба осонӣ дарёфта метавонад.

Ё худ ифодаи маьнии иҷтимоӣ дар ин рубоӣ, ки хеле оммафаҳму сода аст, далели қазовати болост:

Ай ғофили имтиҳон, зи кас қарз магир,

Ҳарчанд расӣ ба ҷон, зи кас қарз магир.

Андӯҳи адо сахт гаронӣ дорад,

Аз фоқа бимиру нон зи кас қарз магир.

Вале забони қасидаҳову ғазалиёт ва маснавиҳои Бедил нисбатан мураккабу печида аст ва худи шоир, «Сайри фикраи осон нест, кӯҳаму кӯтал дорам»- мегӯяд, шояд ба ҳамин қисмати таьлифоти мутафаккир бештар тааллуқ дошта бошад.

Албатта, баьзан ғазалҳои равону фаҳмо низ дучор мешавад ва махсусан, ашьори васфиаш, ки ба тасвири баҳор, ҷузьиёти табиат, ситоиши маҳбуба, баёни ҳасби ҳол ва ғайра бахшида шудааст, зиёданд. Чунончи, ин ғазали баҳорияро чун намуна метавон зикр намуд:

Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,

Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.

Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,

Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.

Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,

Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.

Чашм то вокардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,

Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.

Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад,

Чуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор.

Абр менолад, к-аз асбоби нишоти аҷуман,

Ҳар чӣ дорад дар фишори чашми тар дорад баҳор.

Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,

Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор.

Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,

Ҳар ки гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.

З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту на шамшод раст,

Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.

[1]     Ақиқи Ямин – санги қиматбаҳои машҳуре, ки дар Яман ҳосил карда мешавад.

[2]     Шақ(қ) – шикоф; чок, шикофта.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …