Главная / Гуногун / Ҳунармандӣ (асри 19)

Ҳунармандӣ (асри 19)

Дар деҳот истеҳсолоти ҳунармандӣ тараққӣ карда буд. Деҳотиён дар хонаҳои худ читу хомсуф ва карбос мебофтанд. Дар шаҳри Ӯротеппа аз 1041 дукони косибон 187-тоаш дар деҳаҳои калон ҷойгир буданд. Ин шаҳр бештар ба истеҳсолоти лавозимоти пашмӣ, корд ва устура (поку), матоъҳои дастдуз ва дастбоф шуҳрат пайдо карда, маҳсулоти он на фақат эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонд, балки ба берун ҳам содир карда мешуд.

Касбу ҳунари деҳотиён ба дараҷаи кофӣ ривоҷ ёфта бошад ҳам, дараҷаи тараққиёт ва такомули техникии касбу ҳунари шаҳр баландтар буд.

buxoro1

Истеҳсолоти ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии аморати Бухоро роли муҳим мебозид. Аксари аҳолии шаҳр аз косибону ҳунармандон иборат буд. Дар шаҳри Бухоро тақрибан 10-15 ҳазор ҳунармандон мезистанд, ки бо хонаводаи худ қариб чоряки шаҳрро ташкил медоданд.

Касбу ҳунар ихтисосҳои зиёдеро фаро мегирифт. Қариб сад ҳунар вуҷуд дошт, ки дар чунин соҳаҳо гирд омада буданд: 1) пардози филизот; 2) коркарди лифа, бинокорӣ; 3) даббоғӣ; 4) либосдузӣ; 5) таббоҳӣ; 6) дигар касбу кор ва машғулиятҳои тайёр кардани ашёи рӯзгор. Ҳар як соҳа дар навбати худ ба бисёр гурӯҳу навъҳои касб ҷудо мешуд. Чунончи, сохту пардози филизот ба панҷ гурӯҳ тақсим гардида буд: 1) оҳангарӣ; 2) дегрезӣ; 3) мисгарӣ; 4) рехтагарӣ; 5) заргарӣ. Дар айни замон, худи як гурӯҳи оҳангарӣ чунин пешаваронро дар бар мегирифт: челонгар, наългар, қуфлсоз, кордгар, сузангар, мехчагар.

Ин қабил тақсиму гурӯҳбандиҳои зиёде дар дигар соҳаҳои касбу ҳунар низ вуҷуд доштанд.

Пешаварон бо хонаводаҳои худ қисми муҳими аҳолии Хуҷандро ташкил мекарданд. Дар ин шаҳр зиёда аз 100 навъи истеҳсолоти ҳунармандӣ вуҷуд доштанд. Аз байни онҳо касби бофандагӣ равнақи бештар пайдо карда буд.

Мардуми ноҳияҳои кӯҳистони Қаротегину Дарвоз бо кулолгарӣ шуҳрат доштанд. Бо ин ҳунар ҳам занон ва ҳам мардон машғул мешуданд. Ҳунари чубкорӣ низ равнақ ёфта буд. Устоҳо асбобу олоти кишоварзӣ – омоч, чоршох ва панчшох, белҳои чубин, асбобҳои гуногуни рӯзгор – кафш, чарх, қуфл, дукони бофандагӣ, гаҳвора, дару дарича, панчараҳои зебо ва ғайраҳоро месохтанд. Устоҳо зини асп ва зини хар тайёр мекарданд, ки дар бозори маҳалӣ талабот ба он калон буд.

Ҳунари заргарӣ бағоят инкишоф ёфта буд. Заргарҳо аз тиллову нуқра ва мис зебу зиннати занона месохтанд ва ба онҳо аз сангҳои қиматбаҳо ва камқимат нигин васл мекарданд.

Ҳамаи кори ҳунармандони моҳир дастӣ иҷро мешуд, ки ин меҳнати зиёди пурмашаққатро металабид. Бинобар ин ҳаҷми маҳсулоти аксари косибон чандон зиёд набуд. Музди меҳнати усто базур барои рӯзгор ва харидани ашёи хом мерасид.

Ҳар як усто шогирди худро дошт. Ҳунармандон ҳунари худро ба писар, бародар ё наздикони худ меомузонданд.

Ҳар як ҳунар рисолаи худро дошт, ки дар он истеҳсоли ин ё он маҳсулот навишта мешуд. Косиб наметавонист қоидаи пешбинишударо вайрон кунад.

Таҷҳизоти техникии истеҳсолоти ҳунармандӣ ниҳоят куҳнаву анъанавӣ буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …