Главная / Гуногун / Умеди бурида

Умеди бурида

Хуррами  Абулқосим тибқи одат дар балкони хонааш истода сигор мекашид. Аз балкони ошёнаи дуюм майдончаи варзишӣ баръало менамуд. Ҳоло он ҷо як гурўҳ бачаҳои ҳамсоя қию чувкунон машғули футболбозӣ буданд. Чанд нафар кампиракон дар хараки канори майдон гузошташуда, ки дарахти чинори солхўрда болояш сояи ғафс меандохт, аз кадом бобат гарм сўҳбат доштанд.

Хуррами Абулқосим як моҳ қалб низ дар ҳамин ҷо истода бозии кўдакони ҳамсояро тамошо  дошт. Аммо мисли имрўза таъбаш хира набуд, балки ба ёди сафари дар пешистода дилаш гум мезад, худро хаёлан дар он кишвари афсонавӣ медид, дилаш аз фараҳ лабрез мешуд. Гап сари он ки вай бояд рўзи дигар барои ҳамчун тарҷумон ба Ҳиндустон рафтан имтиҳон месупурд. Падарарўсаш бо имтиҳонкунандагон аллакай гапро пазонда буд ва онҳо ваъда додаанд, ки тарҷумони ҷавон аз санҷиш ҳатман хоҳад гузашт.

 Аммо дар ноомади кор ҳамон бегоҳ Хуррами Абулқосим барқияи таъҷилӣ гирифт, ки модараш бемор асту боист ба деҳа биёяд.

—Як рўз дер равед осмон омада ба замин намечаспад, – гуфт ҳамсараш.-Бечора падарам пеши ким-киҳо сар хам карда, корро тахт карданд. Агар пагоҳ ба имтиҳон наравед, дигар мисли гўшҳоятон хориҷаро намебинед, орзуи чандинсолаамон барбод меравад.

—  Ҳарчанд бемор гуфтаанд, дилам гувоҳӣ медиҳад, ки модарам гузаштаанд, –  узр пеш овард Хуррами Абулқосим.

— Агар мегузаштанд, рўирост буду шуди гапро мегуфтанд.

— Хабари нохушро беибо намегўянд.

— Чаро?

— Наход нафаҳмӣ?

— Метарсанд, ки дилкаф мешавед? О, шумо кўдак нестед. Модаратон ҳам офтоби дами ғуруб буданд. Хоҳ-нохоҳ ин воқиа як рўз бояд рўй диҳад. Чӣ ҷои пинҳон кардан.

— Агар мабодо…як умр худро намебахшам.

— Ихтиёратон, – даст афшонд ҳамсараш. – Равед ба деҳаатон. Лекин агар нафавтида бошанд… аз имтиҳон мемонед… Шўри  пешонии ман хушк шавад, як умр дар ин ҳуҷраи тангу тор умрам хазон мешавад, – оби чашм кард вай. – Лекин гуфта мемонам, ки ман бо се нафар кўдак дигар дар ин хона зиндагӣ карда наметавонам. Аз таги замин бошад ҳам, пул ёфта, хона мехаред.

  Он шаб Хуррами Абулқосим то субҳ мижа таҳ накарда, андешид ва охир қарор дод, ки ҳар чӣ бодо бод, пагоҳ низ тоқат карда, имтиҳонро супорида меравад.

   Рўзи дигар имтиҳонро супорид, аммо натиҷаашро мунтазир нашуда, фардояш роҳи деҳаро пеш гирифт. Мошини киро кардааш ҳарчанд беист пеш медавид, суъати он ба назари Хуррами Абулқосим гашти сангпуштро мемонд. Дилаш зиқ, хотираш парешон буд. Мулоқоти дар пеш истодаро ба сад ранг тасаввур мекард: гоҳо модарашро дар бистари беморӣ чашм дар роҳ медид, гоҳо дар рўи мизи ҷарроҳӣ, гоҳо дар ҳолати назъи  равон меёфт. “Кош ин барқия иштибоҳе бошад, – аз дил мегузаронид  вай. – Бигузор касе маро фиреб дода бошад. Бигузор…” Тўли дусад километр роҳ вай бо ронанда ба ғайр аз нишон додани роҳ дигар сухане нагуфта, дар кўраи чунин андешаҳо  месўхт.

 Вақте мошин аз шоҳроҳи калони асфалтпўш берун омада, ба роҳи тареваи деҳа ворид гашт, дили Хуррами Абулқосим аз сахт тапидан гўё аз хонааш берун шудан мехост. Вай ба рўи ҳамдеҳагон, ки дучор меомаданд, ё аз сари девори ҳавлиашон ба мошини бегона дида медўхтанд, ҷуръати нигоҳ кардан надошт. Метарсид: мабодо касе пеш аз хона расидан, он хабари шумро ба ў расонад, ё изҳори ҳамдардӣ кунад. Зеро ҳоло  шўълаи умед дар кунҷи дили ў намурда буд. Аммо вақте ба дарвозаи ҳавлиашон наздик шуда, ду табақаи онро кушода ва дар харак чанд нафар мардони ҷомаву тоқипўшро дид, охирин риштаи умедаш бурида шуд.

Аввалин шуда ягона хоҳараш рўю мўйканон ба пешвозаш баромад. Дасташро ба гардани Хуррами Абулқосим ҳалқа андохта, зор-зор гирист. “Куҷо будед, акаҷон, чашмони модарам дар раҳатон чор шуд. Очам дигар ба пешвозатон намебарояд, акаҷон! Дигар ўро дар ин ҳавлӣ намеёбед, акаҷон! Чаро як соат барвақт наомадед, ки дастаи тобуташро гиред, акаҷон!” –  мегуфту гиря мекард хоҳараш. Хуррами Абулқосим низ беовоз ашк мерехт, вуҷудаш меларзид. Он лаҳзаҳо ў худро басо нотавону ҳақир ва бадбахт ҳис мекард. Алалхусус вақте хоҳараш ашк дар чашмон гуфт, ки модарашон то дами вопасин чашм дар роҳи писар ҷон меканд ва охирин сухане, ки ба забон овард номи ў буд, дунё ба назараш тор гашт. Маълум шуд, ки агар Хуррами Абулқосим он рўз ба умеди имтиҳонсупорӣ наменишаст, бори охир рўи модарашро медид ва имрўз қатори одамон ўро ба хонаи охираташ гусел мекард. Аммо аллакай тир аз камон ҷаста буд.

Хуррами Абулқосим ду ҳафта дар деҳа истода, маросимҳоро ба ҷо овард ва ба шаҳр баргашт. Харчанд табъи занаш аз фавти хушдоман хира гашт ва Хуррамро ба таври худ дилдорӣ дод, зуд чеҳрааш равшан гашта, гуфт:

— Табрик, азизам, шумо аз имтиҳон гузаштед.

— А-а! – даст афшонд Хуррами Абулқосим. – Хеҷ чиз ба дилам намеғунҷад.

Ин қадар ноз кардед, – рўй турш кард ҳамсараш. – Муфт, ки ба даст омад, назаратон намегирад, а! Дигарон дар орзуи хориҷаравӣ мемуранду шумо бошед… Аққалан барои хона ва мошин пул ҷамъ карда меоед-ку!

— Чанд сол боз мошину хона гуфта гўшу майнаама хўрдӣ. Безорам ман аз мошину хона. Фаҳмидӣ?!

— Нахоҳед, наравед! Шинед дар ҳамин кунҷи хона бў гирифта. Мерафтагӣ бисёр. Тавба!

Ҳарчанд Хуррами Абулқосим ҳанўз дар деҳа барои таъзия аз дунболаш наомадани ҳамсарашро нисбати худ беҳурматӣ дониста, димоғаш сўхта буд, чунин пазироиро чашмдор набуд. Гумон дошт то худаш аз натиҷаи имтиҳон напурсад, занаш ҳарфе ба забон намеорад. Охир, вай реша гўр накарда буд. Модар, а!

Чанд рўз Хуррами Абулқосим бо занаш ногап буд. Аммо бо мурури вақт ғазабаш фурў нишаста, ба ҳар роҳ худро тассалӣ медод, мисли пешин аз паи зиндагӣ шуд. Ва як ҳафта пеш, вақте падарарўсаш гуфт, ки барои ба Ҳиндустон рафтан ҳуҷҷатҳояшро омода кунад, дудила нашуда, аз паяш афтод. Ҳатто имрўз чиптаи тайёраро харид. Пагоҳ бояд ба сафар барояд. Аммо ҳозир дар балкон истода, ҳеҷ хурсандиеро ҳис намекард, зиқ буд дилаш. Ҳатто бозии бачаҳои ҳамсоя, ки ҳамеша аз тамошояшон завқ мебурд, барояш бемаънӣ менамуд.

Занги дар садо дод.

Хуррами Абулқосим пасмондаи сигаретаро хомўш карда, ба сатили ахлот партофт ва дарро боз кард. Дар дами дар ҳамсояаш кампири Майса меистод.

— Дилат ганда нашавад, бачем, – гуфт кампир аз остона ба дарун пой гузошта. – Марги падару модар мерос, марги фарзанд алмос гуфтаанд. Худо аз фарзандгўркунӣ нигаҳ дорад. Оқибат ҳамаамон меравем, ҷои гурез надорем. Чанд рўз боз набудам, хонаи духтарам меҳмонӣ рафта будам. Ҳамин рўз баргаштам, ки келинам ин хабари нохуша расонд. Гуфтам як сари қадам рафта, дилбардорӣ кунам. Ба ҷаноза расида рафтӣ?

— Не, – гуфт Хуррами Абулқосим. – Дер кардам, аллакай ба хок супорида буданд.

 — Ҳай дареғ! Ҳай дареғ! Дер хабар кардаанд, а! Кори хуб нашудааст. Як умр азоб мекашӣ, гумонат ҳозир аз дарат медароянд. То ба дасти худат ба хок насупорӣ, боварат намеояд… Хайр, аз тақдир ҷойи гурез нест. Лекин дугонаам кирои зан буданд, кайвонӣ буданд.Бори охир дар ҳамин хонаат хеле сўҳбат карда будем. Мегуфтанд, ки худам дар деҳаю дилам ба Хуррамҷон кашол. Ҳамсараш дупула зан набаромад, мол ғун дорам гуфта, устухони бачаама сафед кард…Чӣ илоҷ осмон баланд, замин сахт. Акнун тез-тез қабрашона хабар гир…

  Вақте ки кампири ҳамсоя қариб ним соат нишаста, аз модараш ба некӣ ёд карда рафт, аламҳои Хуррами Абулқосим аз нав тоза шуданд. Вай аз ҷой хеста, ба хонаи хоб даромад ва аз даруни албом сурати модарашро гирифта, дуру дароз ба он нигариста, гуфт: Пагоҳ ба Ҳиндустон меравам, оча. Ту мебудӣ ашк мерехтӣ, зеро тоқати дурии маро надоштӣ.Як умр чашмат дар раҳам чор буд. Шояд андаруни қабр низ интизорӣ мекашӣ, ки оё ба зиёратат меоям. Аммо ман Ҳиндустон равонаам, оча! Не! Не! Ман назди ту бояд равам, оча! Ту Хиндустони гумшудаи манӣ, оча!

  Хуррами Абулқосим суратро баргашта ба ҷояш гузошт ва аз кисаи пиҷакаш чиптаи тайёраро гирифта, ба ошхона рафт. Дуру дароз ба навиштаҷоти чипта нигарист ва баъд онро даруни коса гузошту оташ дод. Чун чипта то ба охир сўхт, пасмондаи онро ба каф гирифта, фишурд ва сипас “пуф” кард. Коғазпораҳои сўхта чун пағаҳои барф ба фарши ошхона нишастанд. Пасон аз ҷевон шишаи сиркоро гирифта, пиёларо пур кард ва чашмонашро пўшида, бо як нафас онро нўшид. Филҳол дарунаш ба сўзиш даромад, ҷонсарак худро назди ҷумаки об гирифта, мурвати онро тофт. Аммо аз дохили қубур мисли нафас садое омаду халос. Хуррами Абулқосим бо ду даст шикамашро дошта, дар ҷояш давр зад ва баъд калавида ба балкон баромада, хост тирезаи онро боз кунад, аммо дасташ ба зулфаки он нарасида пешонааш ба зертахтаи тиреза бархўрду, гурсосзанон ба замин афтид. Дар фарши тахтагин ба худ печида, имдод хост, нола кард…

      Вақте писари калониаш аз мактаб баргашт, Хуррами Абулқосим кайҳо ҷон ба ҷонофарин супорида буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …