Главная / Маданият ва санъат / Уҷбу кибру риё

Уҷбу кибру риё

Уҷбу кибру риё

Уҷб худро бузург дидан аст ва кибр аз уҷб таваллуд мешавад. Агар хоҳӣ, ки аз инҳо дур бошӣ, чаҳор чизро нигоҳ дор: аввал, он ки ҳар тоате, ки аз ту дар вуҷуд ояд, ба тавфиқи Худованд донӣ ва ба шукр машғул шавӣ. Дувум, он ки дар неьматҳои Худованд назар кунӣ, ки дар ҳаққи ту бисёранд, то амали ту дар муқобили он андак намоед. Сеюм аз қабул накардан битарсӣ, ки агар қабул накунад, чӣ кор кунӣ?; Чаҳорум дар гузаштаҳо назар кунӣ, ки гуноҳ бисёр кардан ё  савоб? Агар ин андешаҳо кунӣ, лашкари уҷб шикаст хурад.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: ба биҳишт дохил намешавад касе, ки дар дили вай миқдори як зарра кибр бошад.

Ҳикоят. Обиде ҳаштод сол Худойро ибодат кард. Дар ин муддат як гуноҳ накард ва дар ҳар ҳафта як бор рӯзаашро мекушод. Як рӯз аз Худованди таъоло ҳоҷате хост, ҳоҷати вай иҷро нашуд. Обид рӯй ба нафси худ карда гуфт:  эй нафси хасис, туро дар ин даргоҳ ҳеҷ қадр ва обрӯе набудааст. Ман чунон гумон мекардам, ки туро қадре ҳаст.

Дарҳол малоика биёмад ва гуфт: – эй бандаи Худо, ин як  соат, ки худро сарзаниш кардӣ, ба назди Ҳак таъоло беҳтар аст аз он ҳаштод сола ибодат, ки кардӣ.

Пас маълум шуд, ки бар ин даргоҳ шикастагӣ ва бечорагиро қадри бисёр аст. Илоҳо, моро аз кибр нигоҳ дор, омин.

Инчунин кобед

699999

Мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси …