Главная / Ҷуғрофия / Уқёнуси Ҷаҳон

Уқёнуси Ҷаҳон

Уқёнуси Олам (Ҷаҳон). Ба харита ва глобус назар андозем, ба осонӣ мефаҳмем, ки хамаи уқёнусҳо, баҳрҳо бо якдигар пайваст мебошанд. Онҳо дар сатҳи Замин қабати яклухти обро ташкил медиҳанд, ки онро Уқёнуси Олам меноманд. Оби он тақрибан 71 фоизи сатҳи кураи Заминро ишғол намудааст. Боқимондаи он (29 фоиз) ба хушкӣ рост меояд. Хушкӣ масоҳати ягонаро (яклухгро) ташкил намекунад. Он аз материкҳо ва ҷазираҳои алоҳида иборат аст. Материкҳо пораҳои калони хушкӣ буда.

Уқёнуси Оламро ба уқёнусҳои алоҳида ҷудо кардаанд (Материкҳо ва уқёнусҳоро аз харитаи нимкураҳо нишон диҳед). Дар ҳудуди  онҳо  ҷазира ва галаҷазираҳои зиёд воқеъ гардидаанд. Пораи хурди хушкие, ки аз ҳама тараф оби уқёнус ва баҳрҳо иҳота кардаанд, ҷазира ном дорад. Онҳо  ҳаҷман гуногунанд. Ҷазираи аз ҳама калон Гренландия мебошад. Баъзе ҷазираҳо дар уқёнус гурӯҳ-гурӯҳ вомехӯранд. Онҳоро галаҷазира меноманд. Галаҷазираҳои Арктикии Канада ва Гавайя аз он қабиланд. Аммо миқдори ҷазираҳои алоҳидаи хурд ниҳоят зиёданд. Онҳо  дар Уқёнуси Ором бештар вомехӯранд.

uqyonus

Ҷазираҳо на фақат бо миқёс (андоза) ва тарзи ҷойгиршавӣ инчунин аз ҷихати пайдоиш аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо материкӣ, вулқонй ва марҷонй мешаванд. Ҷазираҳои материк дар натиҷаи фурӯ рафтаии қисми  материкҳо аз онҳо  чудо шудаанд. Мадагаскар, Гвинеяи Нав, гурӯҳи ҷазираҳои Замини Нав ба ин мисол шуда метавонанд.

Ҷазирахои вулқонӣ дар натиҷаи оташфишонии вулқонҳо дар каъри уқёнус пайдо шудаанд. Шакли онҳо ба махрут монанд мебошад, ҷойгиршавии онҳо  баъзан ба силсилаи кӯҳҳо шабоҳат дорад. Масалан, галаҷазираҳои Курил.

Пайдоиши ҷазираҳои марҷонй ба фаъолияти полипҳои марҷонӣ вобаста мебошад. Онҳо дар шароите, ки оби уқёнус аз паст намешавад, дар чуқурии 30-40 метр нағз афзоиш мекунанд. Аз ҳамин сабаб полипҳои марҷонӣ дар баҳрҳои минтақаи гарм, ки дар байни 30° арзи шимолӣ ва ҷанубй воқеъ гардидаанд, бисёранд. Бо мурури замон аз боқимондаи онҳо  ҷазираҳои марҷонӣ пайдо шудаанд. Чунин ҷазираҳо бештар дар Уқёнуси Ором ба назар мерасанд. Садди бузурги Марҷонии соҳилҳои Австралия аз қабили онҳо буда, дар масофаи 2320 километр тӯл кашидааст.

Бар хилофи ҷазираҳо, нимҷазираҳо бевосита қисми материкҳо ҳисоб мешаванд. Онҳо ҳамчун қисми нисбатан калони хушкӣ ба масофаи-зиёд ба фазои оби баҳрҳо дохил шудаанд. Калонтарин нимҷазирахои рӯи Замин нимҷазирахои Арабистон, Ҳиндустон, Скандинавия, Сомалӣ ва ғайра мебошанд.

Укёнусҳо. Уқёнуси Олам ба чор уқёнуси алоҳида ҷудо мешавад (Онҳоро аз харитаи нимкураҳо нишон диҳед). Онҳо қисми ягонаи Уқёнуси Олам ҳисоб мешаванд.

Дар байни онҳо  Уқёнуси Ором калонтарин ва чуқуртарин аст. Масоҳати Уқёнуси Ором аз масоҳати якҷояи уқёнусҳои Атлантика ва Ҳинд калон мебошад. Оби он соҳилҳои материкҳои Америкаи Шимолӣ» Америкаи Ҷанубӣ, Евросиё, Австралия ва Антарктидаро иҳота кардааст.

Уқёнусн Атлантика аз ҷиҳати бузургии масоҳат ва чуқуриаш пас аз Уқёнуси Ором дар ҷои дуюм меистад. Ба он соҳилҳои магерикҳои Америкаи Шимолй, Америкаи Ҷанубй, Евросиё. Африка ва Антарктида ҳамшафат мебошанд. Ҷои аз ҳама тангбарй он дар хати истиво воқеъ гардидааст. Соҳилҳои он дар Нимкураи Шимолй ниҳоят каҷу килеб мебошанд.

Уқёнуси Ҳннд асосан дар Нимкураи Ҷанубй дар байни Уқёнусҳои Атлантика ва Ором воқеъ гардидааст. Дар он ҷазираҳо нисбатан каманд. Нимҷазираҳои Ҳиндустон ва Арабистон ба масофаи зиёд ба фазои оби уқёнус дохил шудаанд.

Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дар атрофи Қутби Шимолӣ воқеъ гардндааст ва он қадар чуқур нест. Хусусан баҳрҳои соҳилии он тунукобаи васеъро ҳосил намудаанд. Бари он дар баъзе ҷойҳо аз 1000 километр зиёд аст.

Уқёнусҳо бо ҳамдигар пайваст мебошанд. Сарҳади онҳо  ба воситаи соҳили материкҳо, нимҷазираҳо, ҷазирахо ва фазои васеи оби уқёнус (шартан) мегузарад. Аз чумла ҳудуди байни уқёнусҳои Атлантика. Ҳинд ва Оромро дар Нимкураи Ҷанубӣ аз меридиани нуқтаҳои канории ҷанубии Америкаи Ҷанубӣ. Африка ва Ҷазираи Тасмания гузарондаанд. Байни худ уқёнусҳо ба воситаи гулӯгоҳҳо ва баҳрҳо робита доранд.

Қисмхон таркибни уқёнусҳо. Ба қисми таркибии уқёнусҳо баҳрҳо, халиҷхо ва гулӯгоҳҳо дохил мешаванд. Баҳрҳо аз уёнус бо ҷазираҳо ё остонаҳои зериобй ҷудо шудаанд. Онҳо ба уқёнусҳо бо шӯрӣ, ҳарорат. Яхбандӣ, ҳаракати ҷараёни об фарқ мекунанд. Баҳрҳо нисбат ба материкҳо мавқеи гуногунро ишғол менамоянд. Инро асос намуда онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд: баҳрҳои дохилӣ ва канорй (аз харита нишон дихед). Баҳрҳоеро, ки ба даруни хушкӣ дохил шуд, бо гулӯгоҳҳо ба уқёнус робита доранд, барои дохилӣ мегӯянд. Масалан, баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин (Онҳо  бо уқёнуси Аглантика бо кадом гулӯгоҳ пайвастанд, аз харита нишон диҳед). Баръакс, он баҳрҳоеро, ки ба хушкӣ ба андозаи зиед дохил нашудаанд, баҳрҳои канорӣ меноманд. Баҳрҳои соҳили ҷанубии Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ (аз харита нишон диҳед) ва қисман баҳрҳо дигар уқёнусҳо ба баҳрҳои канорӣ мансубанд.

Халич гуфта фазои обиро мегӯянд, ки ба дохили хушкӣ даромадааст. Онҳо  на фақат дар соҳили уқёнусҳо, инчунин дар соҳили баҳру кӯлҳо низ воқеъ гардидаанд. Хосияти ҳаракати об, наботот ва ҳайвоноти халиҷҳо аз уқёнусу баҳрҳо кам фарқ мекунад. Онҳо бемамониат бо оби уқёнус ва баҳрҳо пайваст мебошанд (Халиҷҳоро аз харита нишон диҳед). Халиҷхои Мексика, Бискай, Бангола аз кабили онҳо  мебошанд.

Гулӯгоҳ масоҳати нисбатан тангбари обисст, ки қитъаа хушкиро аз ҳамдигар ҷудо мекунад ва ҳавзаҳои об ё қисмҳой онҳоро ба ҳам пайваст менамояд. Масалан, гулӯгоҳлои Босфор  ва Дарданелл, ки аввалй баҳрҳои Сиёҳ ва Мармарро мепайвандад ва дуюмй байни Европа ва Осиёи Хурд воқеъ гардида, баҳри Мармарро бо баҳри Эгей мепайвандад, гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки байни нимҷазираи Арабистон ва қисми материкии Осиё воқеъ гардида, халиҷҳои Форс ва Уммонро бо ҳам пайваст мекунад, гулӯгоҳи Гибралтар, ки байни интиҳои ҷанубии нимҷазираи Пиреней (Европа) ва қисми шимоли ғарбии Африка воқеъ аст. Гулӯгоҳи Керч, ки баҳрҳои Сиёҳ ва Азовро ба ҳам пайвастааст.

САВОЛ СУПОРИШ

  1. Уқёнуси Олам чист?
  2. Хушкӣ аз кадом қисмҳо иборат аст?
  3. А Уқёнусҳоро аз харита нишон дода, мавқеи географии онҳоро муайян кунед.
  4. Уқёнус аз кадом қисмҳои таркибӣ иборат аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …