Главная / Гуногун / ТУТИ БОБОӢ дар ҳавлии деҳа (қишлоқ)

ТУТИ БОБОӢ дар ҳавлии деҳа (қишлоқ)

Пиразан овози набераашро шунидану худашро дидан замон гўё бол бароварда назди остонаи хонааш берун омад. Аз чеҳрааш, ки гўё рўи он умри наваду ду солааш ожангҳои худро кашидааст, нур меборид. Вай аз шодӣ ашк мерехт, шукр мегуфт, ки сиҳату саломат боз ба дидори набераи нахустинаш расид. Сонӣ, болои кат кўрпача партофт, дастурхон андохт, нону қанду қурс баровард. Аз ҳар боб сўҳбат оростаанд.

shelkovica-belaya-polza-i-vred_6

Набера сигор чокида гирди ҳавлиро давр зад, худи ки бори аввал медида бошад, ба девори похса, токи ангур, себ, танўри кўҳна синчакунон нигоҳ кард.

– Чаро шохҳои дарахтони тутро буридаанд? Барои кирмак ё ҳезум?

Пиразан сабзӣ реза мекард. Сар бардошта табассум намуд.

– Ёд дорӣ, бача будӣ, гоҳ-гоҳе мавсими тутпаз соатҳо аз болои тут намефаромадӣ?

– Албатта… Гўё дирўзакак буд.

– Аз деҳа рафтанад инҷониб чанд сол гузаштааст? – пурсид модаркалон.

– Ҳамин тобистон бист сол мешавад. Боз дар хотирам ҳаст, шумо таъкид ба таъкид мегуфтед, ки одам бояд ҳар сол вақти тут пухтан се бор аз тут сер шавад. Ман насиҳати шуморо ба ҷо меовардам… Воқеан, кайҳо боз мехостам, ки дар бораи бобоям қиссаи муфассалтар гўед.

– Падарат сенздаҳсола буд, замоне ки он кас аз дунё гузаштанд. Каму беш саводи кўҳна доштанд. Медонӣ, ҳамин дарахтони тутро бобоят ҳафтод сол пештар шинондаанд. Ба қавле ёдгорӣ… Танашон пўк, решаашон хушк шудааст. Ана аз чӣ сабаб шохҳояшонро буриданд.

… Модаркалон беихтиёр ғарқи андешаи худ гашт. Набера напурсид, ки чӣ рўзҳо пеши назараш меоянд.

Вале ба хотираш расид, ки синни сию ҳафтро пур кардаасту то ҳол ниҳоле нашинондааст.

Тутӣ бобоӣ бошад ногаҳон хушк шудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …