Главная / Гуногун / Тўрон чи маъни дорад?

Тўрон чи маъни дорад?

Тўра номи авлоди Фаридун аст, ки Фаридун ин номро боз ба яке аз фарзандони худ гузоштааст. Тоҷикон ин анъанаро ҳоло ҳам идома медиҳанд, номи баъзе аз ворисони худро аз номи бобою бобокалон ё авлодашон мегиранд.

Мардуми атрофии дарёи Орокас (дарёи Сир) ва Окс  (дарёи Ому) дар замонҳои хеле қадим ба чандин қабилаҳо ва халқҳо тақсим мешуданд, ки номи маҳаллаашон ҳам аз рўи номи ин қабилҳо вирди забон гардида буд. Масалан, мафҳуми Тўр дар чанд ҷои «Авесто» ба шакли «Тўра» сабт ёфтааст. Мафҳуми «Тўра» – ро дар қадимтарин навиштаҳоти «Авесто», дар «Готҳо», дар «Ясно» – 46, «Ясно» – 12 дучор мешавем, ки ҳамчун авлоди Ориён-Тўра қайд шудаааст. Дар бораи (Тўрониён) нависандагон ва муаррихони Юнон монанди Аристей, Ҳеродот, Хэрил, Дионисий, Диодор, Ктесий ва ғайра навиштаанд.

Олими рус А.А. Стариков «Тўрониён аслан киҳоянд ва кишвари онҳо дар куҷост?» – гўён савол мегузорад ва худ чунин посух медиҳад: «Бешубҳа ватани онон дар шимолу шарқии Эрон буда, сарҳадаш ба дурустӣ нишон дода шудааст: Ҷайҳун (Амударё). Аз ин лиҳоз, Тўрон ин Вароруд, Мовароуннаҳр, Туркистон! Оё ин маънои онро надорад, ки Тўрониён турканду ба эрониён муқобил гузошта шудаанд. Аммо ин гуна муқоиса ҳеҷ як асос надорад. Мовароуннаҳр, ҳамчунин Хоразм, ҳоло асосан территорияҳои туркзабон мебошанд, аммо дар замонҳои қадим сарзаминҳои азалии эрониёни Осиёи Миёна, аҷдодони халқи тоҷик будаанд».

Хулоса, Хуррамзамин ҳамин Тўронзамин аст, ки Фирдавсии бузургвор аз забони қаҳрамонаш – Гургин васфи иди гули лоларо дар Тўронзамин бо сатрҳои шаҳдбори худ тараннум намудааст:

Яке дашт бинӣ ҳама сурху зард,

К-аз ў шод гардад дили родмард.

Ҳама бешаву боғу оби равон,

Яке ҷойгаҳ аз дари паҳлавон.

Замин парниёну ҳаво мушкбўй,

Гулоб аст гўӣ магар оби ҷўй.

Хиромон ба гирди гулон – бар тазарв,

Ҳурўшидани булбул аз шохи сарв,

Паричеҳра бинӣ ҳама дашту кўҳ,

Ба ҳар сў нишаста ба шодӣ гурўҳ.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …