Аз ҳама тӯпи калонтарин дар шаҳри Душанбе воқеъ дар қисмати шимолу ғарбии маҳаллаи 15-уми шаҳри Душанбе, ки он ҷойро инчунин бо номи «Маяковский» мешиносанд қарор дорад. Ин тӯпи калонтарини футболии Тоҷикистон баландии 2 метрро дошта ҳамчун унсури санъати меъморӣ сохта шудааст ва аз солҳои 2017-ум инҷониб дар ин ҷой қарор дорад.
Гирду атрофи тӯп макони сайру гашт ва бозии кӯдакон маҳсуб меёбад. Худи тӯп дар дохили фаввора қарор дорад, ки он дар фаслҳои гарми тобистон кор мекунад.
