Главная / Гуногун / Тоифаи бузургон

Тоифаи бузургон

Бо тоифаи бузургон ба кишти нишаста будам. Заврақе дар паи мо ғарк шуд. Ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоҳро: «Бигир ин ҳардувонро, ки ба ҳар яке панҷоҳ динорат диҳам». Маллоҳ дар об афтод, то якеро бироҳанд, он дигар ҳалок шуд.

Гуфтам:

– Бақияти умраш намонда буд. Аз ин сабаб дар гирифтани ў таъхир кард ва дар он дигар таъҷил.
Маллоҳ бихандид ва гуфт:
– Ончӣ ту гуфтӣ, якин асту дигар майли хотир ба раҳонидани ин бештар буд, ки вақте дар биёбоне монда будам, маро бар шутур нишонд ва аз дасти он дигар тозиёнае хўрда будам дар тифли нуфтам: «Саддақаллоҳу ман амила солеҳан фалинафсиҳи ва ман асоа фаалайҳо».

То тавонӣ, даруни кас махарош,
К-андар ин роҳ хорҳо бошад.
Кори дарвеши мустаманад барор,
Ки туро низ корҳо бошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …