Главная / Гуногун / ТИФЛИ ЗИРАК 

ТИФЛИ ЗИРАК 

Нақл мекунанд, ки ин воқеа дар айёми туфулияти Абўалӣ ибни Сино рўй дода будааст. Як рўз, вақте ки Абўалӣ ибни Сино дар гаҳвора бо рўи кушода мехобидааст, модараш ангуштарини тиллоиашро гум кардааст. Вай аз канизаки хонаи худ бадгумон шуда, ўро ба дошному маломат зери зарби калтак гирифтааст. Ҳар дафъа, ки модар канизакро мезадааст, тифл беқарор мешудааст ва бо овози баланд гирья  мекардааст.

Забони точикиАз байн якчанд вақт гузаштааст. Дар ин муддат Абўалӣ ибни Сино роҳравак шуда, забон баровардааст. Як бегоҳ вай ба модараш, ки дар хона ҳамроҳаш рў ба рў нишаста будааст, гуфтааст:

– Очаҷон, дар вақти гаҳворагӣ будани ман шумо ангуштаринатонро гум карда будед ва гумон доштед, ки ин кори канизак аст. Бо ин гумони бад ҳар гоҳ, ки шумо канизаки бечораро азоб медодед, ман ноором мешудам ва дод зада гриья мекардам. Забон надоштам, ки аёнро ба шумо баён кунам. Канизак бегуноҳ аст ва ангуштарини шуморо ў нагирифтааст. Ҳақиқати ҳол ин тавр мебошад: рўзе ман дар гаҳвора бо рўи кушода мехобидам, ки шумо дар назди обрез даст мешустед. Худи ҳамон вақт ангуштарин аз дастатон баромада ба обрез афтода буд. Аммо шумо аз воқеа хабар надоштед ва баъд аз он, ки бохабар шудед, ба канизак дарафтодед ва ўро ноҳақ гунаҳкор  кардед.

Модар аз суханони кўдакаш ҳайрон мондааст ва ба хизматгор фармудааст, ки ў лои обрезро берун кунад.

Хизматгор ин амрро  фавран ба ҷо овардааст. Баъд модар лойро аз ғирбол гузаронидааст ва ангуштаринашро дарьёфт кардааст.

Аз ҳамон рўз эътиборан падару модар ба фарзандашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекардаги ба таълиму тарбияи ў озим гаштаанд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …