Главная / Гуногун / ТИҶОРАТИ МИЁНРАВӢ ВА БАРҚ

ТИҶОРАТИ МИЁНРАВӢ ВА БАРҚ

Иқтисоди шӯравӣ дар умум ва саноат ҳамчун як ҷузъи он ба таври хос амал мекард. Корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ мувофиқи фармоиш маҳсулот тавлид мекарданд ва ба қимати арзиши аслӣ онро ба давлат месупурданд. Дар иваз давлат маоши кормандон ва ҳазинаҳои истеҳсолотро мепардохт ва маҳсулотро аз тариқи соҳаи савдо ба фурӯш мебаровард. Давлат аз фурӯш молиёт мегирифт ва соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро маблағгузорӣ мекард, ки барои шаҳрвандон бепул буд.

Одамон ба маоши гирифтаашон чизҳои мавриди ниёзашонро, ки фақат дар ҳамин низом тавлид шудааст, мехариданд, ки дар асл як низоми табдили мол буд. Яъне тавлидкунанда моли худро намефурӯхт, фоида ба даст намеовард, дар бозор умуман иштирок намекард, балки мувофиқи нақшаи фармоиш мол истеҳсол мекард.

Колхоз маҳсулоти кишоварзӣ тавлид карда, ба давлат месупурд, корхонаҳои саноатӣ молҳои саноатии мавриди ниёзро истеҳсол карда, низ ба давлат месупурданд ва дар ивазаш ба колои истеҳсолкардаи ҳамдигар дастрасӣ пайдо мекарданд. Онҳо бо ҳам мустақим робита надоштанд. Ҳар кадом дар дохили низоми худ, ки аз Маскав то минтақаҳо силсилаи амудӣ дошт, амал мекарданд. Низоми савдои давлатӣ ҳамчун робита дар байни онҳо буд. Бо пошхӯрии Шӯравӣ хусусияти миёнравии давлат дар байни ин воҳидҳо аз байн рафта бошад ҳам, як муддат корхонаҳо бо инерсияи пешина аз ҳисоби захираҳои худ маҳсулот тавлид мекарданд, вале аз сабаби он, ки робитаҳо бо қабулкунандаҳо гусаста буд, маҳсулот дар анборашон монда буд ва шадидан ба миёнрав ниёз доштанд.

Як вақт ба муассисаи «Барқи Тоҷик» масолеҳи сохтмонӣ фурӯхтем. Онҳо дар пардохт мушкил мекашиданд ва гуфтанд, ки дар рӯёндани қарзҳояшон аз корхонаҳо мушкил доранд. Зеро он вақтҳо анбори корхонаҳо пур аз маҳсулот бошад ҳам, онҳо наметавонистанд онро мисли қабл ба Русияву Украина ва ҷумҳуриҳои дигар, ки ин маҳсулот барои онҳо тавлид мешуд, бифиристанд, робитаҳои иқтисодӣ гусаста буду бисёре аз он корхонаҳо ҳам аз кор монда буданд. Давлат ҳам дигар ҳазинаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла пули барқро пардохт намекард ва корхонаҳо дар назди «Барқи Тоҷик» қарздор шуда монда буданд. «Барқи Тоҷик» барои пардохти қарзаш ба мо нома дод ва мо ба ивази қарзи дар пеши мо доштааш, аз яке аз корхонаҳо маҳсулоти тайёрро гирифта, фурӯхтем ва ғайриинтизор фоидаи бештар ҳам ба даст овардем. Ҳамин тавр, ман ором-ором вориди ин навъи тиҷорат, яъне миёнравӣ барои пардохти қарзи барқи корхонаҳо ба ширкати «Барқи Тоҷик» шудам. Яъне, бар асоси дархости «Барқи тоҷик», мо молҳои мавриди ниёзи онро таъмин мекардем, ин муассиса пеши мо қарздор мешуд ва ба мо феҳристи корхонаҳои қарздорашро медод. Мо аз корхонаҳо рӯйхати молҳои мавҷудашонро мегирифтем ва пас аз омӯхтани талаботи бозор ба он молҳо, аз «Барқи Тоҷик» дархости нома барои ҳисоббаробаркунии сетарафа мекардем ва бар асоси ин нома маҳсулоти ин корхонаҳоро гирифта, ба фурӯш ва содироти он мепардохтем. Ин ҳамкорӣ миёни мо ва ин корхонаҳо, ки ғолибан корхонаҳои шаҳри Душанбе ва баъзе корхонаҳои Хуҷанд буданд, хеле дуру дароз ва пурмаҳсул идома кард.

Маҳсулоти ин корхонаҳо гуногун буданд ва ҳаҷми кор хеле боло буд. Аз ин сабаб, баъзан аз шиносҳо даъват мекардем, то дар фурӯши ин коло ҳамкорӣ кунанд ва барои худашон ҳам фоида ба даст оранд. Масалан, боре як корхона, ки тавлиди дучархаро ба роҳ монда буд, ба мо ба ивази қарзи барқаш ду вагон дучарха дод, ки тамоми донишҷӯёни шинос дар вақтҳои холияшон тӯли чанд моҳ дар бозорҳо дучарха мефурӯхтанд. Бо ин роҳ ҳам кори мо мечархид, ҳам онҳо пули хубе ба даст мео- варданд. Бори дигар як анбор тухми мурғро ба ҳамин минвол гирифта, фурӯхтем. Дар ҳамин асно Абдулҳаким Донишгоҳи пизишкиро тамом карда бошад ҳам, ба касби пизишкӣ машғул нашуд. Он замон пизишкон музди кории ночизе дарёфт ме- карданд ва ғайр аз ин, ӯ вазифаи худаш медонист, ки ба ман ёрӣ кунад. Ӯ хоҳиши маро, ки мехостам ба пизишкӣ машғул шавад, рад карда, бо исрор дар ширкат ба кор оғоз кард ва ба зудӣ барои ман такягоҳ ва шарики хубе шуд.

Гардишҳои калон ба вуҷуд омада бошад ҳам, пули ба даст овардаамон зуд қурбашро гум мекард. Нарх дар бозор ба таври рӯзафзун боло мерафт, таваррум дар моҳ метавонист сад дар сад боло равад. Масалан, агар имрӯз як дона нон 10 сӯм истад, баъд аз як моҳ нархи он 20 сӯм ва ҳатто бештар ҳам мешуд. Тамоми кӯшиши маро ин таваррум ночиз мекард, пули кор- кардаам баъд аз муддате ба хоки сиёҳ баробар мешуд.

Ин ҷо бояд як масъалаи муҳимро баррасӣ кунам, ки ба ояндаи кишвар таъсири амиқ гузошт. Дар натиҷаи таваррум ва ислоҳоти молӣ маоши кормандон ба мизони хандаовар паст шуд. Нафароне буданд, ки ҳатто маошашон ба чор сомонӣ дар моҳ расида буд. Маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, омӯзгорон ва пизишкон ҳатто ба хӯрду хӯрокашон кифоят на- мекард. Одамон аз ҳисси миннатдорӣ барои хизматашон ба онҳо ёрӣ мекарданд. Оҳиста-оҳиста ин ёрдамҳо хусусияти ҳамешагӣ ва муназзам гирифта, ришваро дар ин соҳаҳо бунёдӣ кард.

Маоши кормандони мақомоти қудратӣ низ аз маоши кор- мандони иҷтимоӣ бештар набуд. Онҳо қудрати дар дасташон бударо ҳамчун абзор истифода карда, аз мардум ришва ё пора меситонданд. Чун кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти қудратӣ аксари дастандаркоронро ташкил мекарданд, падидаи фасод дар ҷомеа роиҷ гашт, як чизи маъмулӣ шуд ва имрӯзҳо ришва надодан ғайриодӣ менамояд. Ин ҷо хонандаи борикбин ҳатман ба ёди матлаби роиҷ шудани ҳаромхӯрӣ дар ҷомеа меафтад. Бале, барои фасод дар афкори ҷомеа бистари муносиб густурда шуда буд. Мутаассифона, ин падидаи барои кишвар хатарнок ниҳодина шуда, доғе дар пешонии кишвар ва монеаи бузурге дар роҳи рушди он шудааст.

Дар робита бо фасодзадагии ин соҳаҳо тазоди аҷибе ҷой афтодааст. Маоши кормандони онҳо ҳоло ҳам хеле боло нест. Вале ба ин нигоҳ накарда, барои дохил шудан ба риштаҳои ин соҳаҳо дар донишгоҳҳо рақобат сахт аст. Донишҷӯён медонанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ маоши расмияшон ба рӯзгузаронӣ кифоят намекунад ва аз қабл ба умеди ришваву пораанд. Яъне ин падидаи нангин ҷузъи афкори умумӣ шуда, дигар касе на аз додан ва на аз гирифтани пора шарм намекунад.

Дар ин муддат давлат се маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронд. Бори аввал аз пули шӯравӣ ба рубли русӣ, бори дувум аз рубли русӣ ба рубли тоҷикӣ ва дар ниҳоят аз рубли тоҷикӣ ба сомонӣ гузаштем. Ҳар як аз ин ислоҳот ба кори мо зарба мезад. Ди- гар ба маҳзи ба даст омадани пул, онро ба арзи хориҷӣ, хона, мошин ва ғайра табдил медодам, вале ҳамон ҳам на ҳамеша муяссар мешуд. Доим сари он меандешидам, ки чӣ гуна гар- дишро бо арз ба роҳ монам, то ки аз ин таваррум халос шавам.

Як рӯз ҳамкурсам Комронро вохӯрдам ва чун гуфт, ки дар ширкати пахтафурӯшии он замон маъруфи «Зафаробод» кор мекунад, ман зуд ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ додам.

Мо бо Комрон дар факултаи шарқшиносии донишгоҳ, ӯ дар шуъбаи забони арабӣ, ман – урду баробар хондаем. Вале баъди ба Ҳинд рафтани ман, Комрон як сол пеш аз ман Донишгоҳро хатм карда буд ва мо тақрибан ду-се сол ҳамдигарро надида будем. Комрон, фарзанди устоди фарзона Сорбон, фарди хеле орому ботамкин ва қобили эътимод аст. Дар тӯли ин солҳои душвор ҳамеша яке аз такягоҳҳои ман будааст ва умедворам, ки ман ҳам барояш чунин сифатро адо карда бошам.

Анбори яке аз корхонаҳои бузурги шаҳри Душанбе аз қисм- ҳои зарурии корхонаҳои пахтатозакунӣ пур буд, вале чун фар- моишгари қаблияш дигар маблағгузорӣ намекард, ин маҳсулот рӯи дасташ монда буд. Ана ҳамин қисмҳои эҳтиётиро ман ба Комрон пешниҳод кардам, зеро раиси ин корхона аз мо хоста буд, ки маҳсулоташро бигирем ва қарзашро пеши ширкати «Барқи Тоҷик» соф кунем.

Вақте ман ба Комрон дар бораи миёнравиям байни «Барқи Тоҷик» ва корхонаҳо нақл кардам, Комрон аз ман хост, то қарзи колхозеро ҳам, ки бо онҳо кор мекард, дар назди «Барқи тоҷик» пардохт бикунем. Ин кор барои мо аслан мушкил набуд. Ӯ дар хусуси қарзи он колхоз нома овард, мо ҳам ба «Барқи Тоҷик» нома навиштем, то қарзи он хоҷагиро аз ҳисоби мо кам кунанд. Ба ҳамин сурат, қарзи ин колхоз дар назди «Барқи Тоҷик» сифр шуд ва хоҷагӣ аз мо қарздор шуд.

Рӯзе Комрон боз ҳамроҳи раиси ҳамон колхоз ба наздам омада гуфт, ки вақти кишту кор асту маблағгузорӣ аз сӯи шир- каташон дер мешавад ва хеле хоҳиш кард, то барои колхоз маводи сӯхт бидиҳем. Дасти мо боз буд ва ба миқдори хостааш маводи сӯхт ҳам барояш додем. Ҳамин тавр, қарзи колхоз дар назди мо бештар шуд. Раиси колхоз ваъда медод, ки қарзи моро пардохт мекунад, вале чун пул надошт, наметавонист ин корро анҷом бидиҳад. Ӯ як миқдор пахта дошт ва ба умеди фурӯхтани он буд, то ин ки қарзҳои моро бидиҳад. Чун ба фурӯши он муваффақ нашуд, рӯзе ба мо пешниҳод кард, ки дар ивази қарзаш он пахтаро бигирем. Ман, ки аслан бо пахта сарукор надоштам, гуфтам, ки ман пахта нафурӯхтаам ва ҳеч таҷрибаву иртибототе ҳам дар ин замина надорам ва беҳтар аст худаш пахтаашро бифурӯшаду пули моро бидиҳад.

Дар ҳамин асно, рӯзе ману Комрон ба Хуҷанд барои бас- тани қарордоди он қисмҳои эҳтиётӣ парвоз доштем ва дар ин парвоз ду меҳмони хориҷӣ ҳам буданд, ки меҳмони раиси ширкати «Зафаробод» будаанд ва ӯ моро дар фурудгоҳ бо онҳо шинос карда буд. Яке аз онҳо Ричард Лорин ва дигарӣ Ҷон Стед ном дошт. Ричард раиси шуъбаи свиссии ширкати амрикоии «Данавант» ва Ҷон корманди аршади он ва масъули равобит бо Осиёи Миёна будааст.

Ман, ки забони инглисиро балад будам, бо ин меҳмонон суҳбат кардам ва зимни суҳбат фаҳмидам, ки онҳо барои хари- дани пахта омадаанд ва тиҷораташон пахта аст. Ман ба онҳо ҳикоят кардам, ки як колхоз ба мо дар ивази қарзе, ки дорад, пахта пешниҳод мекунад, вале мо таҷрибаи фурӯши пахтаро надорем. Онҳо бо исрор хоҳиш карданд, ки он пахтаро бигираму ба онҳо бифурӯшам. Қарзи колхоз, ки рӯёнданаш мушкил шуда буд, ман ин фурсатро мусоид ёфтам, зеро ҳисобам бо он колхоз баробар мешуд. Мо ба тавофуқ расидем ва онҳо аз Тошканд барои баррасӣ ва намунагирӣ коршинос фиристоданд. Тарзи кори пахтафурӯшӣ чунин аст, ки қабл аз ҳамлу нақли он, бояд намунабардорӣ ва шиносоӣ шавад. Мо он пахтаро фурӯхтем ва ҳисобамонро бо колхоз баробар кардем. Ин вохӯрӣ ва ингли- сидонии ман сабаб шуд, ки ором-ором мо қадами аввалро дар муҳимтарин бахши иқтисоди кишвар – тиҷорати пахта гузорем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …