Главная / Гуногун / Театр дар асрҳои XIX-XX

Театр дар асрҳои XIX-XX

Дар аксари мамлакатҳои Европа, Америкаи Шимолӣ ва баъзе мамлакатҳои дигар театрҳое, ки ба реализм рӯ оварда буданд, ба муваффақият ноил шуданд.

Тараққиёти театри Русия дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX ба комёбиҳои санъати реалистӣ вобаста буд. Ҳунарманди машҳури рус М. Н. Ермолова, ки дар Театри Хурд кор мекард, ба образҳои классикаи русу ҷаҳонӣ рӯҳи замонавӣ мебахшид. В. Ф. Комиссаржевская аз М. Н. Ермолова монданӣ надошт. Ӯ бо маҳорати баланди актёрӣ аз актёрони дигар фарқ мекард.

704066

Аз тарафи К. С. Станиславский ва В. И. Немирович- Данченко ташкил карда шудани Театри Бадеии Москва воқеаи муҳими мадании Русия буд.

Чунин мисолҳоро дар бораи ҳаёти театрии Фаронсаю Германия, Италияю Англия, Америкаю Австрия ва мамлакатҳои дигари пешқадами ҳамонвақта ҳам овардан мумкин аст. Дар ин давра санъати саҳнавии ҷаҳон ба зинаи баландтари камолёбии худ қадам мегузошт. Бо вуҷуди ин он дар аксар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Осиё, Африка ва баъзе давлатҳои Европа ҳанӯз тараққӣ накарда буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …