Главная / Гуногун / Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 2017-2019

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 2017-2019

Дар нуҳ моҳи соли 2018 татбиқи самарабахши сиёсати монетарии зиддитаваррумӣ, кам гардидани талаботи истеъмолии аҳолӣ ва зиёд шудани пешниҳоди маҳсулоти дохилии кишоварзӣ барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум замина гузошт. Дар натиҷа, сатҳи таваррум дар ин давра 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 банди фоизӣ кам мебошад. Таваррум аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 3,3 фоиз, ғайриозуқаворӣ 4,5 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 5,4 фоиз ба миён омадааст. Бояд қайд кард, ки нишондиҳандаи мазкур.

Таваррум дар нуҳ моҳи солҳои 2017 – 2018 (бо фоиз)

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон

Дар моҳи сентябр сатҳи таваррум 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 2,8 фоиз ва ғайриозуқаворӣ 0,6 фоиз ба миён омадааст. Ҳамзамон нархи тарофаҳои хизматрасонӣ дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август 3,8 фоиз поён рафт.

Болоравии нархи молҳои озуқаворӣ дар моҳи сентябр аз ҳисоби баланд шудани нархи карам 32,9 фоиз, сабзӣ 27 фоиз, картошка 25,0 фоиз, бехпиёз 20,1 фоиз, тухм 11,3 фоиз, орди навъи 1-ум 9,3 фоиз, помидор 5,5 фоиз, биринҷ 3,7 фоиз, равғани пахта 2,0 фоиз,  гӯшти гов 0,7 фоиз варавғани маска 0,3 фоиз ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон нархи ангур 15,1 фоиз, себ 14,3 фоиз, шакар 2,1 фоиз ва шир 1,9 фоиз баланд шуд.

Баландравии нархҳои молҳои ғайриозуқа дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август гарон шудани нархи маводи доруворӣ 4,4 фоиз, маводи шустушӯӣ 1,3 фоиз ва шифер 2,2 фоиз мусоидат намуд.

Пастравии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ асосан аз ҳисоби  қиматшавии арзиши хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ ба 29 фоиз ва арзиши пардохти гази моеъ 5,2 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …