Таърихи ниёгони мо дар ёдгориҳои маъмули археологии Қирғизистон – тасвирҳои рӯйисангӣ пешниҳод шудаанд.
Барои ҳар нафари мо, надонистани таъриху фарҳанги кишвари азиз ва мардуми худ, дарки забон ва фарҳанги маънавии халқҳои дигарро ниҳоят душвор мегардонад.
Мо бояд маълумоти таърихӣ ва ҷуғрофиро дар бораи Саймалу- Тош (тасвирҳои рӯйисангӣ), ки то замони мо расида омадаанд, биомӯзем.
Саймалу-Тош дар вилояти Ҷалол-Обод дар болооби дарёи Қоғарти силсилакӯҳҳои Фарғона ҷойгир шудааст.
Одамони қадим чизеро, ки медиданд ва чизҳоеро, ки дар атроф мавҷуд буданд, тасвир мекарданд ва дар рӯйи сангҳо меканданд. Чунин тасвирҳо петроглифҳо номида мешаванд.
Дар сатҳҳои ҳамвори сангҳои гуногунандоза тасвирҳои зиёди одамон, бузҳои кӯҳӣ, палангон, морон ва ҳайвоноти дигарро ди- дан мумкин аст, ин силсилаи калони нақшин аз асрҳои гузашта ме- рос мондаанд. Дар байни расмҳои мавзӯӣ асоситарин намудҳои фаъолияти ҳаётӣ барои мавҷудияти инсон ҷудогона ба назар ме- расанд: саҳнаҳои шикор, кишоварзӣ ва ғайра.
Дар тасвирҳои мазкур инчунин аробаҳои коркарди замин инъ- икос ёфтаанд.
Беш аз ду ҳазор тасвирҳои қадима пайдо карда шуданд, ки тах- минан ба соли 2000 то милод тааллуқ дорад. Тасвирҳои мушобеҳ бо саҳнаҳои аробаҳои чархдор ҳанӯз дар ягон гӯшаи дунё пайдо нашудаанд.
Ва ҳамин рӯз мероси таърихии санъати тасвириро дар тамоми самтҳои эҷодиёти бадеӣ ба асос гирифтан мумкин аст.
Масалан, тасвирҳои рассоми Кения Бернард Ндиху Нджугуна беназир маҳсуб меёбанд, чунки ӯ расмҳои дар рӯйи сангҳо дида- ашро аз рӯйи хотира тасвир намуд. Маҳз ҳамин ба идома додани фаъолияти эҷодии ӯ такон дод. Вай дар ин сабк рассомоми бои- стеъдод гардид. Дар ин бора корҳои ӯ гувоҳӣ медиҳанд.