Главная / Илм / ТАЪСИРИ ҶАНГИ СОЛИ 1914 БА РОССИЯ

ТАЪСИРИ ҶАНГИ СОЛИ 1914 БА РОССИЯ

Дар соли 1914 Ҷанги якуми империалистии ҷаҳонӣ сар зад. Азобу кулфати ҷанг, талафоти бисёри одамон, белаёқатии ҳайъати фармондиҳии ҳукумати подшоҳӣ ва хиёнаткориҳои бевоситаи ҳукуматдорони намоёнтарини он, ки бо дарбор бевосита алоқа доштанд, шикастхӯрӣ дар фронт ва харобшавии ақибгоҳ – ҳамаи ин кинаю адоват ва хашму ғазаби коргарон, деҳқонон, солдатҳо ва интеллигентсияро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ ба вуҷуд оварда, ҳаракати револютсионии оммаҳои халқро чӣ дар марказ ва чӣ дар гӯшаву канори мамлакат зӯр ва тезу тунд гардонд. Аҳволи вазнини оммаи халқ дар Осиёи Миёна бо як қатор сабабҳо вазнинтар мешуд.

Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Россия, аз он ҷумла, ба иқтисодиёти Осиёи Миёна ва ноҳияҳои тоҷикнишини он таъсири харобиовар расонд. Кашонда овардани молҳои саноатӣ бағоят кам шуда, аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озуқаворӣ баръакс ниҳоятдараҷа меафзояд. Дар натиҷа вазъияти хоҷагии халқи кишвар ва аҳволи табақаҳои меҳнатии аҳолӣ беш аз пеш вазнин мешаванд. Ба сабаби бисёр паст фуромадани нархи пахта хоҷагии пахтакорон хароб гардида, солҳои 1915–1916 дар Осиёи Миёна бӯҳрони ба худ хоси хоҷагӣ сар зад, ки ин боиси норозигиҳои калони пахтакорон шуда буд. Ба ғайр аз ин андозҳо хеле афзуда аспҳоро барои эҳтиёҷоти ҷанг меғундоштанд ва ғайра. Нархи молҳои сермасриф фақат дар зарфи як сол (1915– 1916) 2–3 баробар гаронтар гардид. Дараҷаи зиндагии аҳолӣ хеле поин фуромад.

Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар кишвари Туркистон фаъолияти ташкилотҳои сотсиал-демократӣ боз сар шуд. На фақат дар Тошканд, балки дар бисёр дигар шаҳрҳо кружоку гурӯҳҳои сотсиал-демократӣ амал мекарданд. Дар Хуҷанд гурӯҳи болшевикон кор мебурданд, ки ба он Е.И.Иванитский сардорӣ мекард. Маҳз дар ҳамин ҷо дар паҳлӯи бародарони руси ҳамсинфи худ Ҷӯра Зокиров, Абдулқодир Раҳимбоев, Раҳимбердӣ Эгамбердиев ва дигарон зидди душманони худ мубориза бурданд, обутоб ёфтанд ва таҷрибаи муборизаи револютсиониро дарёфт карданд. Инчунин кружоки сотсиал-демократии роҳиоҳанчиёни Хуҷанд ва кружоки сотсиал-демократии Драгомирово буданд, ки дар байни роҳиоҳанчиён ва ангиштканони Сулуктаву Драгомирово тарғибот мебурданд. Болшевикон хосияти империалистии ҷангро фаҳмонда медоданд, ба муборизаи зидди истисморгарон даъват мекарданд. Соли 1914 коргарони Сулукта корро партофтанд. Дар уезди Хуҷанд деҳқонон паси ҳам шӯру ошӯб мебардоштанд.[1]

toshkent-1914-768x424

25 июни соли 1916 дар айни долузарби ҳосилғундорӣ укази подшоҳӣ баромад, ки номаш ҳам гӯё қасдан муғлақ буд: «Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа дар маҳалли армияи амалкунанда ва ҳамчунин барои анҷоми ҳама гуна корҳои барои мудофиаи давлат зарур».[2] Мувофиқи яке аз моддаҳои ин указ «аз ҷумлаи мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя тамоми мардҳои аз 19 то 44-солаи вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд…» ва дигар вилоятҳои кишвари Туркистон бояд сафарбар мешуданд.

ҳар як вилоят бояд хеле мардикор медод. Тамоми вазни ин кулфат ба дӯши камбағалон афтид, зеро савдогарони калону бойҳо, ҳар гуна маъмурони маҳаллӣ, элликбошиҳо, мирзоҳо, қориҳо, муллоҳо ва дигар унсурони истисморгар ҳарисию пулпарастии маъмурони идораҳои подшоҳӣ ва маҳаллиро ба кор бурда, имкони «ивази каси сафарбаршударо» истифода бурда, бо зӯри пул худро халос мекарданд, яъне ба ҷои худ ё наздикони худ камбағалбачаеро киро карда мефиристоданд. ҳеҷ ҷои аҷобат надорад, ки як ҳуҷҷати бениҳоят аҷибу такдор диққати тамоми муаррихонро ҷалб кардааст–ин ҳуҷҷат мактуби сардори Шӯъбаи ҳимояти ноҳиявии Туркистон М.Н. Волков мебошад, ки 10 июли соли 1916 навиштааст ва дар он чунин гуфта мешавад: «…мувофиқи хабарҳое, ки ба шӯъба мерасанд, аҳолии маҳаллӣ бениҳоят ба ғазаб омадааст ва сабабаш овозаҳое мебошад, ки одамони пулдори босавод метавонистаанд худашон ба мардикорӣ нараванд, рафта хандақковӣ накунанду ба ҷои ин маблағи муайян диҳад. Дар бозору чойхонаҳову дигар ҷойҳо гап-гап шудааст, ки агар бойҳо ба мардикорӣ гирифта нашаванд, камбағалон ҳатман шӯриш мекунанд ва худашон ин гуна бойҳоро кушта мепартоянд».[3]

Чӣ тавре мебинем, халқ моҳияти синфии муносибати ҳукумати подшоҳиро дар масъалаи мардикоргирӣ нағз фаҳмидааст. Худи ҳамин ҳам як омили муҳиме гардид, ки оммаи халқро ба неҳзати тавонои зиддиҳукуматӣ сафарбар намуд.

[1] Каримов Т.Р., 1966, с. 94–97.

[2] Матни указро ниг.; «Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане. Сборник документов», 1960, док. 1, с. 25–26.

[3] Ниг.: Халфин Н.А., 1950; Турсунов Х., 1962, с. 198.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …