Главная / Маданият ва санъат / ТАЪСИРИ ТЕЛЕВИЗИОН БА АФКОРИ УМУМ

ТАЪСИРИ ТЕЛЕВИЗИОН БА АФКОРИ УМУМ

Телевизион воситаи эътимодбахши иттилоотии оммавиест, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонистааст, бинандагони зиёд пайдо карда, дар ҳар хонадон маскан гирад. Эътимодбахшиаш дар он зоҳир мегардад, ки ба навор сару кор гирифта, бинандаро шоҳиди бевоситаи воқеа мегардонад. Муассирии телевизион боиси он мегардад, ки дар баробари иттилоърасонӣ дигар вазифаҳоро низ бар       дӯш     гирад. Ба монанди иҷтимоигардонӣ, фарҳангу фароғатбахшӣ, тарбиявию ахлоқӣ. Дар баробари ҳамаи ин, вазифаи мураккабтаре бар зиммаи телевизион вогузошта мешавад: инҳисоркунӣ ва таблиғу ташвиқ. Ин ҳадафҳои ходимони эҷодии телевизион ба воситаи таъсиррасонӣ ба психологияи ҷомеа хуб иҷро мегарданд. Омӯзиши психологияи аудитория ва ба таассуроти онҳо мувофиқ омода намудани барномаҳои  телевизионӣ боиси муваффақияти журналистони телевизион гардида метавонад.

novosti-radioИнҳисоркунӣ ва тарғибу ташвиқ бо ҳадафҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Ҳам бо ҳадафҳои манфиатбахш ва ҳам баръакс, барои иҷрои ҳадафҳои шахсӣ. Таблиғу ташвиқи сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бо назардошти он дар тафаккури мардум ҷой намудани идеяи гуманистиву сулҳҷӯйӣ, ваҳдату ягонагӣ манфиатовар аст.

Инҳисоркунӣ ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои шахсӣ, ки баъзан бо ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳои дохилӣ ё хориҷии як давлат меанҷомад, тавассути телевизионҳое анҷом дода мешаванд, ки бо мақсади амалиёти «ҷанги сард» таъсис ёфтаанд ё амал мекунанд. Тарғибу ташвиқ ва инҳисоркунии тафаккури бинанда аз ҷониби ин гуна телевизионҳо муҳаққиқонро ба ташвиш оварда, барои омӯзиши роҳҳои пешгирӣ ва нишон додани роҳҳои худмуҳофизаткунии бинандагон аз ҳама ҷиҳат кӯшиш

Хатари таъсири манфии телевизион, махсусан, ба кӯдакон зиёд ҳис мешавад, ки он масъалаи ташвишовар буда, ҳам ба инкишофи зеҳнӣ ва ҳам ахлоқии онҳо бетаъсир намемонад. Барномаҳои барои насли наврас ва ҷавонон бояд бо назардошти психологияи синнусолӣ таҳия гарданд. Вобаста ба талаботи синнусолӣ журналист вақте намоиш омода карда метавонад, ки агар психология ва таъсири психологии барнома ё намоиши худро дарк намояд.

Аудиторияи васеи телевизион, аз кӯдак то калонсол, аз зиёӣ то деҳкон, зану мард зери таъсири психологии телевизион қарор мегиранд. Таассуроти мусбиву манфӣ гузоштани телевизион боиси мураккабии вазъияти кунунии тамоми ҷаҳон гардидааст. Аз ин лиҳоз омӯзиши воситаҳои таъсиррасонии психологии телевизион ва умуман, омӯзиши психологияи журналистика чун як шохаи васеи илми журналистика дар замони муосир зарур аст. Ин зарурат боиси интихоби мавзӯъ гардидааст.

Аз ҷониби муҳаққиқони рус доир ба мавзӯи психологияи журналистика, таъсири психологии телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма, инҳисоркунии афкори омма тавассути телевизион ва таблиғу ташвиқ тавассути он таҳқиқоти зиёде гузаронида шудааст. Аз ин ҷо, дар навишти монография ба таҳқиқоти муҳаққиқони рус бештар таваҷҷӯҳ намудем. Таҳқиқоти муҳаққиқи рус Е.Е. Пронина дар мавзӯи психологияи журналистика қобили таваҷҷӯҳ аст. Муҳаққиқ дар асоси таҳқиқоти чандинсола дар соҳаи психологияи журналистика ба хулоса меоянд, ки маводи журналистӣ қодир аст на танҳо ба психологияи аудитория таъсир гузорад, балки худи журналистро зери таъсир гирад.

Таҳқиқоти А.М.Шестерина дар мавриди муносибати илми психология ва журналистика ҷолиб буда, татқиқоташ аниқ ва нишонрас аст. Ҳамчунин, ба ин мавзӯъ Г.Л. Капустина1, О.В. Барсукова,[1] [2] М.В. Семкина[3] таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд.

Назарияи психологияи журналистика, махсусан, таъсири телевизион ба тарбияи равонии ҷомеа, аз ҷумла кӯдакон, аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Баъзе муҳаққиқон – А.Нуралиев, А.Саъдуллоев, И.Усмонов, А. Азимов, М.Муродов, М. Абдуллоев, Ш.Муллоев дар робита ба мавзӯи таъсиррасонии психологии телевизион ишораҳо доранд.

Муҳаққиқи журналистика И.Усмонов дар мавриди инҳисоркунии тафаккури бинанда тавассути иттилоъ, дар хусуси функсияи тарғиботии ВАО, далелҳои воқеӣ овардааст. Аз ҷумла ӯ мегӯяд: «Тамоми матбуот ҳатто дар иттилои якҷумлаӣ бетарафона чунон зада мегузорад, ки манфиати онро бозгӯяд. Лиҳозо, сарфи назар кардани калимаи таблиғ худфиребии маҳз асту бас.» [4]

б. Мақолаҳо

Муҳаққиқи дигари тоҷик профессор А.Саъдуллоев бошад, мушахассан, махсусияти таъсиргузории телевизионро зикр мекунад. Муҳаққиқ бар он назар аст, ки: «Азбаски ВАО бо оммаҳо сару кор доранд, табиист, ки журналистон ҳангоми фаъолияти корӣ бо авзои равонии ҷомеа эътибори бештаре медиҳанд.». 1

Дар кори Р.Бобоҷонова[5] [6] ва Г.Умарова[7] таъсири инъикоси масоили гендерӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ва таъсири психологии он ба аудитория таҳқиқу таҳлил гардида, баъзе масъалаҳо ҳаллу фасл шудаанд.

Дар баробари истифодаи асарҳои муҳаққиқони соҳаи журналистика, психологияи журналистика ва публитсистикаи тоҷик, хориҷию рус, инчунин, аз муҳаққиқони соҳаи психологияи тоҷик низ дар навишти монография васеъ истифода намудем. Татқиқоти равоншиносони ватанӣ Р.Отахонов, М.Давлатов, Н. Юнусова, М. Алиев, С. Расулов, Н.Амонов, Қ.Каримов, Г.Абдураҳмонов, Н.Раҷабов[8] ва хориҷӣ В.Богословский, А.Степанов, А.Виноградова[9], А.Петровский[10] хеле муфид буд.

Бори аввал дар Тоҷикистон кӯшиши таҳқиқи таъсири психологии телевизион ба ҷомеа сурат мегирад. Гарчанде
аз оғози фаъолияти телевизион дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 60 сол гузашта бошад ҳам, ҷанбаи таъсиррасони психологии телевизион ба тарзи бояду шояд омӯхта нашудааст. Аз ин ҷо татқиқот нишон медиҳад, ки на ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъсири психологии барномаҳои телевизионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …