Главная / Гуногун / Ташкил додани Иттифоқи Ҳиндучин

Ташкил додани Иттифоқи Ҳиндучин

Соли 1887 мустамликадорони Фаронса Кохинхин, Аннам ва Тонкинро бо ҳамроҳии Камбоҷа дар Иттифоқи Ҳиндучин муттаҳид намуданд. Соли 1889 ба ин иттифоқ Лаосро низ ҳамроҳ карданд.

french_indochina_subdivisions_ru-svg

Сарвари идораи марказиятноки Иттифоқи Ҳинду генерал-губернатор ба ҳисоб мерафт. Қароргоҳи ӯ дар Сайгон буд. Дар ҳузури генерал-губернатор Шӯрои Олии Ҳиндучин амал мекард. Он мақоми маслиҳатӣ дошт. Ҳайати ин Шӯро асосан аз амалдорони фаронсавие, ки дар маъмурияти мустамлик вазифаҳои калонро ишғол мекарданд (губернатори Кохин ҳокимони олимақоми фаронсавии Аннам, Тонкин ва ғайра) иборат буд. Ғайр аз ин ба ҳайати Шӯро ду намояндаи баландмартабаи ветнамӣ, ки онҳоро генерал-губернатор Тимин сарварӣ мекард, дохил буданд. Дар идораи ҳокимони Аннам, Камбоҷа ва Луангпробанга (Лаос) намояндагони баландмақоми фаронсавӣ низ ҳузур доштанд. Тамоми ҳокимият ғайрирасмӣ дар дасти онҳо буд. Тонкинро низ фаронсавӣ сарварӣ мекард. Кохинхин бош дар зери идораи губернатори Фаронса буд.

Фаронса чорабиниҳои маъмурию сиёсии худро дар Ветнам барои дар ин ҷо мустаҳкам кардани мавқеи иқтисодии худ ба амал мебаровард. Дар натиҷаи ин сармояи Фаронса бе ягон мамоният ба Ҳиндучин ворид мегардид. Тоҷирони Фаронса аз харид ашёи хоми арзон ва савдои молҳои саноатии худ даромади калон ба даст медароварданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …