Главная / Гуногун / Анҷоми ташаккули халқи тоҷик

Анҷоми ташаккули халқи тоҷик

Дар ҳамон даврае, ки ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон дар дасти Сомониён буд, ташаккули халқи тоҷик анҷом ёфт. Дар шароити нави истиқлоли давлатӣ бисёр анъанаҳои мадании пештара боз таҷдид гардиданд, сарватҳои нави маънавӣ, аз ҷумла, назми классикӣ, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, ба вуҷуд омад.

ҳанӯз хеле пештар аз оғози ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна бо шарофати равнақу ривоҷи иртиботи иқтисодӣ ва мадании байни ноҳияҳои гуногун ва давлатҳои алоҳидаи Осиёи Миёна, ба туфайли дар шароити муносибатҳои мутараққӣ хеле равнақ ёфтани шаҳрҳо равшану возеҳ муайян шуда буд, ки баъзе халқиятҳои Осиёи Миёна, алалхусус халқиятҳои муқимӣ, майл доранд, ки дар як халқ муттаҳид ва муттафиқ шаванд.

Протсессҳои этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, боис гардид, ки суғдиён, хоразмиён, фарғониён, тахориён барин халқиятҳои гуногуни алоҳида пайдо шуданд. ҳар як аз ин халқият соҳиби маданияти худ буд. Вале чунин иддао ҳам ғалат мебуд, ки маданияти ин халқҳо ҳар яке тамоман мустақилу махсус буду бо ҳамдигар муносибате надошт, дар айни ҳол, онҳоро як чизи том номидан ҳам мумкин не, зеро ҳар яки онҳо дар худ аз маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, қисмеро таҷассум менамуд. Забони ин халқиятҳо ба забони шарқиэронӣ мансуб буд, вале мувофиқи маълумоти маъхазҳо дар Тахористон се забон будааст: забони «маҳаллӣ» (шояд шарқиэронӣ бошад), забони «тахорӣ» ва забони «туркӣ». Худи он халқиятҳо аз мардуми муқимӣ ва кӯчманчӣ таркиб ёфта, кӯчманчиён ҳамон кӯчманчиёне буданд, ки то ибтидои милод бе истисно ҳама тоифаҳои шарқиэронӣ буданд, аз он ҷумла, ҳамон кӯчманчиёне, ки ба иттиҳоди тоифаҳои сакоӣ дахл доштанд. Аз асрҳои охирини то милод ва аз ибтидои асрҳои милод сар карда, ба Осиёи Миёна дар баробари омадани гурӯҳҳои эронизабон, инчунин қабилаҳои ғайриэронизабон, аз ҷумла, қабилаҳои туркзабон низ омадан мегиранд. Алалхусус, фақат дар давраҳои Хоқони турк ба Осиёи Миёна хеле зиёд қабилаҳои туркзабон омада, маскун гариданд, аз асрҳои VI-VIII сар карда, туркҳо дар таърихи этникии Осиёи Миёна мақоми муайяне пайдо кардан гирифтаанд.

Ҳудуди байни халқиятҳо як чизи рахнанопазири мустаҳками касногузар набуд, балки протсесси аз як халқият ба халқияти дигар гузаштани унсурҳои гуногун авҷи тамом дошт. Ин протсесс на фақат дар байни халқиятҳои ба ҳам наздик, балки байни халқиятҳои аз якдигар дур –масалан, байни халқиятҳои муқимӣ ва кӯчманчӣ ҳам ба амал меомад. Дар Осиёи Миёна дар тӯли ҳазорон сол кӯчманчиён ба тарзи муқимии ҳаёт гузашта, зироаткор мешуданд, ба таркиби он мардуме дохил мешуданд, ки дар деҳаву шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. ҳамин ҷиҳат ҳам хеле муҳим мебошад, ки халқиятҳои гуногунзабон бо ҳамдигар ҳамсоя шуда, иртиботи зичи маданӣ, иқтисодӣ ва этникӣ барқарор менамуданд. Ҳамаи ин боиси он мегардид, ки билингвизми ҷузъӣ ва ё худ пурра ба вуҷуд меомад, халқият забони аслии худро гум мекард, дар шаклу усулу намудҳои гуногун унсурҳои хоҷагидорӣ ва маданӣ ва ё худ тамоми комплекси маданию хоҷагиро қабул мекард, шаклҳои мутақобили укладҳои хоҷагиро барпо менамуд ва ғ. Механизм ва, инчунин вариантҳои ин гуна муносибати тарафайни халқиятҳои Осиёи Миёнаро забоншиносон ва этнографҳо нағз тадқиқ кардаанд. Ба туфайли ин тадқиқот чунин ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб ба назар мерасанд – масалан, ҳардуриҳои тоҷикзабон, ки тарзи ҳаёт ва маданияти ӯзбекони кӯчманчиро азхуд намудаанд ва ё қабилаи аслан кӯчманчии туркизабони «турк», ки дар ноҳияҳои Кӯлоб маскун гардида, ба тарзи ҳаёти муқимӣ гузаштанд ва забони аслии худро фаромӯш карда, ба забони тоҷикӣ гап мезананд. Шаклҳои гуногуну аҷоиби билингвизм дар байни тоҷикони Чуст ва Бухоро ҳам ба назар мерасанд.[1]

tojikonШакке нест, ки никоҳи байни халқиятҳо ва дурага шудани мардум ҷой дошт ва дар ин бора маъхазҳои хаттӣ ҳам шаҳодат медиҳанд. Вале мардуми асосии Осиёи Миёна ба як нажод – ба нажоди мовароуннаҳрӣ, ё худ ба нажоди помиру фарғонӣ мансуб мебошад. Ин яке аз калонтарин шохаҳои нажоди европоӣ буда, онро антропологҳои советӣ Л.В.Ошанин, А.И.Ярхо ва баъзе дигарон кашф намуда, хусусиятҳои онро муқаррар намудаанд. Ин типи антропологӣ чунин нишонаву аломатҳо дорад: тарҳи рӯй паҳн набуда, балки каме ба пеш барҷаҳида аст ва хеле сермӯй мебошад. Устухони рухсораҳо аён нест ва худи рӯй ҳам рафидашакл намебошад, андозаи бинӣ на калону на хурд, теғдори хуштарҳ (бинии аксари помириҳо минқоршакл). Ранги чашмҳо асосан сиёҳ, вале дигар рангҳо ҳам ҳаст (мӯйҳо ҳам асосан сиёҳ). Агар ба тарҳи косахонаи сар аз боло назар кунем, гирда менамояд, аз ин ҷост, ки нажодро «брахитсефалҳо» (яъне «каллакулӯлаҳо») меноманд. Намояндагони ин нажод асосан миёнақад (166-167 см) мебошанд.

Ба нажоди мовароуннаҳрӣ тоҷикон (тозатарин намуди зоҳирии нажоди онҳо дар симои тоҷикони кӯҳистон ва ноҳияҳои даромадгоҳи Помир боқӣ мондааст) ва ӯзбекҳо мансуб мебошанд, вале дар симои ӯзбекҳо аломатҳои нажоди муғул хеле аён ба назар мерасанд.

Дар бораи пайдоиши ин нажод чанд фарзия ҳаст. Мувофиқи яке аз ин фарзияҳо нажоди мазкур дар натиҷаи омезиши чанд нажоди типи европоие пайдо шудааст, ки дар давраҳои хеле қадим дар Осиёи Миёна маскун будаанд, мувофиқи дигар фарзия, нажоди мазкур натиҷаи инкишофу такмили яке аз он нажодҳо мебошад ва ин протсесс дар ибтидои ҳазораи якуми милод ҷараён дошт. Баъзе антропологҳо ин санаро хеле дуртар бурдаанд.

Дар миёнаҳои ҳазораи I милод омадомади тоифаҳои турк ва дигар қавмҳои муғулнажод хеле зиёд мешавад. Вале дар марҳалаи аввал муғулшавии симои нажод нисбат ба протсесси туркшавии забони он хеле суст-тар буд.

Дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ инкишофу такмили нажоди мовароуннаҳрӣ давом дошт ва алҳол он хеле дигар гаштааст ва дар ҳар як ноҳияҳои сукунати мардум соҳиби хусусияти хос мебошад (ин тағйиру дигаргуниҳо натиҷаи протсессҳои гуногуни такмилу инкишофи чандинасрӣ, натиҷаи омезиш ва ё худ баръакс, ҷудоии мардум мебошад).[2]

Дар Осиёи Миёна дар давраҳои ибтидои истилои арабҳо суғдӣ, фарғонӣ, хоразмӣ, ҳайтолӣ барин забонҳои шарқиэронӣ паҳн шуда буданд. Забони портӣ, ки ба доираи забонҳои ғарбиэронӣ мансуб аст, дар аввалҳои асрҳои V-VI дар хоки Туркманистони ҷанубӣ ва Хуросон умуман барҳам хӯрда буд.

Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии Форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр лаҳҷаҳои ғарбиэронӣ бо ҳам омезиш меёбанд.

Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Ҷаҳшиёрӣ то худи соли 742[3] дар Хуросон хати форсиро кор мефармудаанд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) ва зимнан котибонро муғон меномиданд. Мувофиқи ривояти ал-Муқаффаъ ва Мақдисӣ ҳам чунин бармеояд, ки дар нимаи аввали асри VIII дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд.

Аллакай дар асрҳои VII-VIII мавқеъ ва мақоми ин забон дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна ва, аз ҷумла, дар ҷануби Тоҷикистон хеле мустаҳкам шуд. Дар ин бора ғайр аз маълумоти ал-Муқаффаъ, ки дар боло зикр шуд, инчунин маълумотҳои зерин шаҳодат медиҳанд: маълумоти Хой Чао дар бораи вуҷуд доштани забони махсуси тахорӣ, маълумоти Табарӣ роҷеъ ба он, ки аҳли Тахористон шикасти арабҳоро масхаракунон ҳаҷвияҳо месуруданд ва ниҳоят маълумоти топонимика. Дар асарҳои олимони асрҳои VIII-Х забони тоҷикӣ бо Хуросон, аз ҷумла, бо Балх илҳоқ карда шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин давра, яъне дар давраи пеш аз истилои араб муҳимтарин хусусиятҳои он забон ташаккул ёфта буд. Сабабҳои гуногуни сиёсӣ, таъқиб карда шудани маданияти маҳаллӣ – ҳамаи ин носозиҳо пеши роҳи инкишофи минбаъдаи забонҳои суғдӣ, хоразмӣ ва дигар забонҳои шарқиэрониро гирифта буданд. Дар айни замон дар ин давра кӯчокӯчи мардуми зиёде, ки аксари онҳо ба «забони форсӣ» гап мезаданд, хеле авҷ гирифт.

Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ботадриҷ ҷои забонҳои шарқиэронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт. Барои илм тафсилоти ин протсесс ва шароити аниқи ҷараёни он торик аст. Эҳтимол, забони форсӣ чандин аср пеш аз истилои арабҳо ба Осиёи Миёна баробари монавия омада бошад. Аниқ маълум, ки дар марказҳои калони Осиёи Миёна, масалан, дар Самарқанд дар асрҳои VI–VII ҷамоатҳои калони монавиён амал мекарданд. Мо асос дорем иддао кунем, ки дар ҷамоатҳои монавиёни ин ҷо ҳам чун дар ҷамоатҳои монавиёни Туркистони шарқӣ ба забони форсӣ гап мезаданд. Истилои арабҳо, ба ҳайъати хилофат дохил карда шудани Мовароуннаҳр, ҷоннок шудани робитаи иқтисодӣ ва мадании Мовароуннаҳр бо дигар вилоятҳои хилофат, паҳн шудани ислом – ҳамаи инҳо ҳам протсесси дар Мовароуннаҳр паҳн шудани забони форсиро хеле тезонида метавонист.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки дар ҳайъати лашкари арабҳо, ки Мовароуннаҳрро истило мекард, бисёр одамони ғайриараб ҳам буданд, ки онҳоро маволӣ меномиданд. Маволиён он мардуме буданд, ки зери тасхири арабҳо монда, исломро низ қабул карда, дар ҳимояти яке аз қабилаҳои араб буданд. Дар лашкари волиёни Хуросон, ки ба истилои Мовароуннаҳр роҳбарӣ мекарданд, ин гуна маволиҳо зиёд буданд ва аксари онҳо аз худи Хуросон мешуданд. Ин маволиҳои форсизабони ҷоҳу давлатталаби ҳарису зархарид, ки исломро оварда буданд, бо ҷидду ҷаҳди тамом Мовароуннаҳрро тасхир намуда, дар вилоятҳои истилошуда исломро зӯракӣ ҷорӣ мекарданд. Албатта, дар ин гуна шароит ҳудуди интишори забонро ба ҳудуди паҳншавии халқ баробар кардан лозим нест, зеро маълум ки ҳудуди паҳншавии забон хеле васеътар мешавад (мисоли классикии ин ҳодиса таърихи дар Европаи ғарбӣ паҳн шудани забони лотинӣ аст). Мувофиқи ривояти ҳадисҳо забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳими тарғиби дини ислом буд. Ба қавли Наршахӣ (асри Х) дар як масҷиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекардаанд. Чунин ҳодиса маълум, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарғиби дин дар Самарқанд фақат ба ҳамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубӣ намедонис-тааст.

Инаш ҳам маълум, ки ҳам дар паҳн шудани дини ислом ва ҳам дар паҳн шудани забони форсӣ сабабҳои иқтисодӣ ҳам хеле муҳим буданд. Масалан, қабули ислом каси исломовардаро аз баъзе андозҳо озод мекард, робитаҳои сиёсӣ, маданӣ ва иқтисодии байни Мовароуннаҳр ва Хуросону дигар ноҳияҳои Эрон, тоҷирону косибони шаҳрҳои Суғдро водор менамуд, ки забони форсиро азхуд кунанд.

Албатта, протсесси ба забони форсӣ гузаштани аҳолии суғдизабони Мовароуннаҳр протсесси тӯлонӣ буд. Аз қайдҳои сайёҳи Хитой Сюан-сзан, ки соли 630 саросари Осиёи Миёнаро гашта буд, дида мешавад, ки номи Су-ли (яъне Суғд) ба тамоми кишвари нопайдоканор – аз худи Суёоб (водии дарёи Чу) сар карда, то худи Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира, яъне андаке ҷанубтари Самарқанд) нисбат дорад, яъне ҳам забони мардуми ин кишвар ва ҳам хати он суғдӣ буд. Чи тавре мебинем, дар ибтидои асри VIII забони суғдӣ на фақат дар хоки худи Суғд (водии Зарафшон ва ноҳияҳои атрофи он, воҳаи Қашқадарё ва ғ.), балки дар хоки ҳафтруд низ паҳн шуда буд, ки он ҷойҳоро суғдиён фаъолона тасхир мекарданд. Боз як исботи он, ки аҳли водии Зарафшон дар чоряки аввали асри VIII ҳанӯз ба забони суғдӣ гап мезаданд, худи ҳамон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз Қалъаи Муғ ба даст омада буд. Тадқиқи ин ҳуҷҷатҳо нишон дод, ки тамоми мукотибаи Деваштич ва дигар феодалҳои Суғд ба забони суғдӣ бурда мешуд. Мактубҳое, ки аз номи Деваштич фиристода шуда буданд ва тамоми мактубҳое, ки ба номи Деваштич меомаданд, ба забони суғдӣ навишта шудаанд. Наршахӣ як воқеаи аҷиберо овардааст, ки ба давраи истилои арабҳо тааллуқ дорад. Истилогарон аҳли Бухороро барои хондани намоз маҷбуран ба масҷиде мебурданд, ки соли 713 сохта шуда буд. Азбаски бухориён (ё худ як қисми бухориён) дар он вақт на забони арабӣ ва на забони форсиро медонистанд, ба ин сабаб дар қафои намозхонҳо як одами махсус меистоду ба забони суғдӣ луқма медод, ки кай ба саҷда раванд, кай аз ҷой хезанд ва умуман одоби намозро чи гуна ба ҷо оваранд.

Аз афти кор, фақат дар асрҳои IХ-Х қисми асосии мардуми шаҳрҳои калони Мовароуннаҳр (Самарқанд, Бухоро ва ғ.) ба забони форсӣ гузаштанд.

Чи тавре маълум аст, ҳанӯз дар асри Х дар Бухоро адабиёти мукаммали форсизабон вуҷуд дошт. Вале дар кишлоқҷойҳо, дар ҷойҳои дур аз шаҳру роҳҳои калон, дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон забони суғдӣ дар амал буд. Ба қавли географи араб Мақдисӣ дар охирҳои асри Х дар рустакҳои Бухоро (дар деҳаҳои тобеи Бухоро) ба забони суғдӣ гап мезаданд: «Суғдиён худ забон доранд; забони рустакҳои Бухоро низ тобеи он аст; худи забон хеле лаҳҷаҳо дорад. Вале ҳама якдигарро мефаҳманд, он ҷо имоми аъзам Муҳаммад ибни Фазлро дидам, ки ба суғдӣ бисёр ҳарф мезад».

Чи тавре дар боло ҳам қайд кардем, дар саргаҳи Зарафшон ва алалхусус, дар ноҳияи шохобҳои саргаҳи он лаҳҷаҳои забони суғдӣ дар тӯли тамоми асрҳои миёна вуҷуд доштанд ва яке аз онҳо бошад, дар водии Яғноб (шохоби чапи Зарафшон) дар рӯзҳои мо ҳам вуҷуд дорад.

Аҳолии суғдизабон ба забони форсӣ гузашта, ба он баъзе унсурҳои забони суғдӣ, алалхусус, унсурҳои лексикии худро дохил мекарданд.[4]

Айнан бо ҳамин роҳҳо забони форсӣ аз ноҳияҳои қадимии Тахористон лаҳҷаҳои маҳаллии шарқиэрониро аз байн бардошт.

Хуллас, забони форсӣ аввал дар шаҳрҳо ва баъди он дар қишлоқҷойҳо паҳн шуд, ки дар ин хел ҷойҳо то худи асрхои Х–ХI ҳам бисёр одамон зиндагонӣ мекарданд ва ба забони суғдӣ гап мезаданд. Мувофиқи ривояти сайёҳони асри Х ва маъхазҳои хаттии ҳамон давраҳо, забони форсӣ, яъне забони тоҷикӣ ба чанд лаҳҷа тақсим мешуд ва мардуми ҳар як ноҳия ва ҳатто шаҳрҳои калон бо лаҳҷаи худ гап мезаданд. Лаҳҷаҳои Самарқанд, ҳирот Нишопур, Марв, Балх ва ғ. номбар шудаанд. Дар айни ҳол, лаҳҷаҳои шарқ ба туфайли ҷудо шуда мондани худ, ба туфайли махсус будани талаффузи калимаҳо ва бисёр истифода шудани калимаҳои забонҳои шарқиэронӣ аз лаҳҷаҳои ғарб фарқи калон дошт. Лаҳҷаҳои шарқро «форсӣ» ва лаҳҷаҳои ғарбро «аҷамӣ» меномиданд ва истилоҳи «форсӣ»-ро хеле баъдтар ба лаҳҷаҳои ғарб нисбат медодагӣ шуданд. Ба ақидаи забоншиносон, аллакай дар асрҳои Х-ХI баъзе хусусиятҳои забоние ба назар мерасиданд, ки хоси забони имрӯзаи тоҷикӣ буданд ва онро аз забони имрӯзаи форсӣ фарқ мекунонданд. Вале фақат пас аз мурури ним ҳазор сол ин фарқият як шакли муайянро гирифта тавонист.

Бисёр масъалаҳои муҳими ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ ҳанӯз мавриди тадқиқи амиқи забоншиносон нашудааст: масалан, ҳоло ҳам масъалаи замон ва макони ташаккули ин забон баҳснок мебошад.[5]

Ба забони тоҷикӣ дар асрҳои IХ-Х адабиёти бой ба вуҷуд оварда шуд. Ба забони адабии тоҷик лаҳҷаҳои хуросону осиёимиёнагӣ асос гардиданд. Забони адабии тоҷик низ ташаккул ёфта, бо он забон шоҳасарҳои оламшумули адабиёти тоҷику форс навишта шудаанд.

Равнақу ривоҷи адабиёт басо муҳиму намоён бошад ҳам, фақат як ҷиҳати ташаккулу такомули забони тоҷикиро таҷассум менамуд. Дар асрҳои IХ-Х дар илм, дар маданияти моддӣ ва маънавӣ дигаргуниҳои амиқ ба амал омада, дар ниҳояти кор боиси ба вуҷуд омадани мактабу равияҳои Осиёи Миёна гардиданд. Маданияти вилоятҳои гуногуни таърих беш аз пеш ба ҳамдигар шабоҳат пайдо кардан гирифтанд.

Гарчанде ташаккули халқи тоҷик аллакай дар асрҳои IХ-Х анҷом ёфта бошад ҳам, дар асрҳои минбаъда низ он бетағйир набуд. Аз як тараф, протсесси консолидатсияи халқи тоҷик, тақвияти умумии маданияти маънавӣ ва моддии он ба амал меомад. Аммо истилои аҷнабиён, парокандагии феодалӣ боиси протсессҳое мешуданд, ки баръакси протсессҳои болоӣ буданд. Дар таърихи этникӣ ва мадании тоҷикон муносибат ба қавму тоифаҳои туркзабон, ки мақоми онҳо дар ҳазораи II милодӣ якбора боло рафт, беш аз пеш аҳамият пайдо мекард. Байни ин халқҳо қаробате пайдо шуд. Онҳо якҷоя зидди душманони синфӣ ва истилогарони аҷнабӣ мубориза мебаранд. Дар тамоми неҳзатҳои халқии асрҳои минбаъда, дар набардҳои қаҳрамононаи зидди истилогарони хориҷӣ мо тамоми намояндагони ниёгони халқҳои Осиёи Миёнаро, алалхусус, фарзандони ду халқи наздику ҳамсоя – халқҳои тоҷик ва ӯзбекро дар як саф, паҳлӯ ба паҳлӯ, китф ба китф мебинем. ҳар яке аз ин халқҳо ба ганҷинаи маданияти ҷаҳон дурдонаҳои бебаҳои худро гузошт, мо ин саҳми онҳоро тадқиқ менамоем ва дар айни ҳол, изҳор медорем, ки онҳо бо ҳамдигар алоқаву робитаи зич доштанд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонданд.

Хуллас, дар асрҳои IХ-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайъати давлати Тоҳи-риён, Саффориён ва, алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти эт-никӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ соли 435/1043-44 яке аз муқаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик ҳастем…»[6] То ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонақон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик бо ҷасорат ҷангиданд.[7] Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт.[8]

[1] Кармышова Б.Х., 1957; 1960; 1961 а; 1962; Писарчик А.К. ва Кармышева Б.Х., 1953; Сухарева О.А., 1958; 1966; Эшниёзов М., 1956; 1967 ва диг. Аз асарҳои забоншиносон: Боровков А.К., 1952; Расторгуева В.С. ва диг. 1964 ва инчунин материалҳои маҷмӯаи «Таъсири тарафайн ва аз ҳисоби ҳамдигар бой шудани забонҳои халrҳои СССР», ки соли 1969 дар Москва ба забони русӣ чоп шудааст.

[2] Ошанин Л.В., 1937; 1957; 1957 а; 1958; 1959; Ошанин Л.В. ва Зезенкова В.Я.,1953; Гинзбург В.В., 1949; 1959; 1964; Дебец Г.Ф., 1948; Рычков Ю.Г., 1969 ва диг.

[3] Соли 742 забону хати арабӣ барои коргузории идораи маъмурии Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки маъмуран ба вилояти Хуросон итоат мекард, ҳатмӣ эълон карда шуд.

[4] Лившиц В.А., 1957, с. 31 ва диг.

[5] Баҳор М.Т., I-II, 1942; Мирзоев А., 1949; Бертельс Е.Э., 1950; Фозилов М.Ф., 1954; Болдырев А.Н., 1955; Семёнов А.А., 1960; Lazard, 1961; Лившиц В.А., 1962; Капранов В.А., 1964.

[6] Байҳаrӣ, 1969, с. 725.

[7] Дар ҳамон ҷо, с. 758–759.

[8] Мандельштам А.М., 1954 а, с.58. Чунин этимологияи халrӣ ҳаст, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» аст. Вале ба аrидаи аксари забоншиносон ин ном ба номи «тай» ном rабилаи арабҳо вобастагӣ дорад. {амсояи арабҳо ва пас аз он дигар халrҳо ҳам, арабҳоро бо номи rабилаҳои онҳо ном мебурданду фаrат он номро ба талаффузи худ мувофиr месохтанд. Аллакай дар асри I милод ин ном ба хитоиҳо маълум буд. Баъди Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо ва ислом овардани мардуми он истилоҳи портусуuдии «тоҷик»-ро ба аҳли мусулмони муrимии эронизабони Осиёи Миёна нисбат доданд (Бартольд В.В., 1963 д, с. 455-457; 1963 г, с. 469–470; Ливщиц В.А., 1962 в, с. 87–88; Ӣailӯy Н.W., с. 20-21).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …