Главная / Гуногун / ТАШАККУЛИ АДАБИЁТИ  ФОРСИИ ТОҶИКӢ

ТАШАККУЛИ АДАБИЁТИ  ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Асоси адабиёти навини тоҷик дар асрҳои IX—X гузошта шудааст. Дар охири асри VШ ва ибтидои асри IX шоъирони дузабонае ба камол расиданд, ки дар баробари шеъри арабӣ гоҳо ба форсии   дарӣ низ қитъаҳо мегуфтанд. Дар он замон худшиносии мардуми эронӣ ба ҳадди баланде расида, кўшиши аз нав зинда гардонидани забони паҳлавӣ ба назар мерасад. Маҳз дар асрҳои 8—9 мелодӣ доир ба офариниши дунё, мавҷудоти олам, таъриху эътиқодоти мазҳабӣ, ривоятҳои динӣ, достонҳои асотирии «Бундаҳишн», «Динкард», ки  қомуси мазҳаби зардуштист, «Меноки хирад», оид ба шатранҷ «Мотикони чатранг» ва як силсила асарҳои дигари муҳим ба вуҷуд омаданд. Аммо, ба сабаби хеле содда ва ба зиндагии навин номувофиқ будан, ойини зардуштӣ натавонист аз нав эҳё гардад.

Маълумоте мавҷуданд, ки ҳанўз дар қарнҳои панҷу шаши милодӣ шеъри форсӣ вуҷуд доштааст. Мегўянд, ки аз вайронаҳои Қасри Ширин, ки яқинан Ширини зани Хусрави Парвиз (590—628) аст, як байти форсии дарӣ пайдо шуда будааст, ки ин аст:

Ҳижабро, ба кайҳон анўша бизӣ,

Ҷаҳонро ба дидор тўша бизӣ!

Дар китобҳои тазкира ривоят карда мешавад, ки нахустин касе, ки ба форсӣ девони ашъор доштааст, Баҳроми Гўр (420—437) будааст. Аз ў пори шеъри зеринро меоранд, ки мураккаб аз чаҳор мисраъ ё ду байт аст:

Манам он шери гала,

Манам он пили яла.

Номи ман Баҳроми Гўр,

Куниятам Бўҷабала!

ва ё ду мисраъ ё як байт аст:

Манам он шери гала, манам он пили яла,

Номи ман Баҳроми Гўр, куниятам Бўҷабала!

Дар охири асри VIII ва ибтидои қарни IX аллакай шоъирони дузабонае ба камол расиданд, ки дар баробари шеъри арабӣ ба форсии   дарӣ низ қитъаҳои манзум мегуфтанд. Яке аз аввалин шоъироне, ки аз у шеъри форсӣ мисол овардаанд, Язид ибни Муфарриғ (ваф. 688) буд, ки мисраъҳои зерин аз ўст:

Об асту набиз аст,

Усороти забиб аст,

Сомия рўсабид аст…

Яке аз аввалин  порчаҳои манзуми тоҷикӣ ба қалами Абулянбағӣ (ваф. 824) таъаллуқ дорад, ки дар вазни шашҳиҷоӣ суруда шудааст:

 Самарқанди кандманд,

Бад-инат кӣ афканд?!

Аз Чоч та биҳӣ,

Ҳамеша та хаҳӣ!

Яъне:

Самарқанди ободон,

Туро ба ин ҳол кӣ афканд?

Аз Шош ту беҳтарӣ,

Ҳамеша ту хубтарӣ!

Аз ин ҳам пештар аҳолии Балх гумоштаи истилогарони араб дар Хуросон Асад ибни Абдуллоро, ки соли 726 барои фурў нишондани шўриши мардуми Хатлон рафта буду шикаст хўрда баргашт, бо шеър ҳаҷв карда буданд, ки бачаҳо он шеъри ҳаҷвиро дар кўчаҳои Балх мехондаанд:

Аз Хутталон омадийе,

Ба рў табоҳ омадийе,

Овора боз омадийе,

Хашанг низор омадийе…

Яъне:

Аз Хутталон омадиё,

Бо рўйи сиёҳ омадиё,

Овора боз омадиё,

Шармандавор омадиё…

Ин қитъа нишон медиҳад, ки адабиёти тоҷик аз ибтидо бо набарду мубориза, зиндагии иҷтимоиву сиёсии халқ иртиботу қаробати ногусастанӣ дошта, чун ойинаи рўзгор аз аввалин лаҳзаҳои мавҷудияташ дар зинда доштану ройиҷ сохтани расму одатҳои худӣ, тарғиби ахлоқу одоби воло, тасвири гузаштаи пурифтихор, хештаншиносӣ ва ҳимояти обу замини падарон аз аҷнабиҳо хизмати арзандаро ба ҷой овардааст.

Албатта, дар нуқоти гуногуни кишварҳои форсизабони қарнҳои IX – X намунаҳои гуногуни шеъри форсии тоҷикӣ падид оянд ҳам, маркази муқтадиру ҳақиқии шеъру адаби замони Сомониён ҳамон Бухоро ба шумор мерафт. Бухоро, ки аз соли 892 бо сайъи Исмоили Сомонӣ пойтахти Сомониён қарор гирифта буд, дар охири асри IX – ибтидои асри X ба маркази бузурги илмию адабии мамлакат табдил ёфт. Дар дарбору берун аз он ҳам маҳфилу анҷуманҳои адабию илмӣ вуҷуд доштанд. Оид ба фалсафаи Юнони Қадим баҳсҳо барпо мешуд. Базмҳои созу суруд ва ҷамъомадҳои тараб марсум буданд.

Бо вуҷуди ин, дар он замон дар қаламрави Сомониён гармтар аз ҳама конуни адабиёт гардон буда, дар пойтахту шаҳру вилоятҳо адибони зиёде асар менавиштанд. Дар ибтидои давр устоди тарбиятгари шоъирону пешвои тамоми адибони замон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва дар охири он суханвари ҷаҳонӣ Абулқосими Фирдавсӣ зиндагиву эҷод мекарданд. Абўлии Сино низ аз нобиғаҳои парвардаи ҳамин аср буд.

Алҳол зиёда аз 70 нафар адибони муосири Рўдакӣ маълуманд. Шаҳиди Балхӣ аз дўстону ҳамкорони Рўдакӣ буда, ба ду забон-арабию тоҷикӣ шеър мегуфт. Бо олими машҳури соҳаи фалсафа Закариёи Розӣ (ваф. 925) дар масъалаҳои гуногуни илмӣ баҳсҳову мунозираҳо пайваста, фикрҳояшро дар шакли рисола менавишт. Хаттоти пурҳунаре ҳам буд. Рўдакӣ ба устодии Муродӣ ва Фароловӣ қоил аст. Абўшакури Балхӣ, Абулмуайяди Рабанҷонӣ, Кисойии Марвазӣ, Дақиқӣ, Абўшуъайби Ҳаравӣ, Абўҳайсами Гургонӣ, Тоҳири Чағонӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Равнақии Бухороӣ, Сипеҳрии Мовароуннаҳрӣ, Аммораи Марвазӣ, Абулфатҳи Бустӣ, Майсарӣ ва дигарон намояндагони барҷастаи адабиёти давраи мавсуф мебошанд.

Аксарияти кулли онҳо дар Бухоро, Балх, Марв, Самарқанд, Чағониён, Тирмиз, Ҳирот, Сарахс, Гургон ва Нишопур барин шаҳрҳо ва музофоти Мовароуннаҳру Хуросон ба камол расида, бештаринашон дар Бухоро, ки дар аҳди Сомониён ба маркази бузурги илмиву адабӣ табдил ёфт, ҷамъ омада буданд. Дар замонаҳои баъдӣ кам ба назар мерасад, ки дар як аср ин қадар суханварони соҳибмақоме ба камол расида бошанд, ки аз тамоми осори онҳо табъи салиму истеъдоди фитрӣ ҳувайдо гардад.

Умуман, дар замони Сомониҳо ба равнақи адабиёт, хусусан ба сабзиши адабиёти дарборӣ ва эҳёи асотиру ҳамосаҳои таърихию қаҳрамонии гузашта, аҳамияти хос дода мешуд. Сарвари адибон, ки маликушшуаро, яъне подшоҳи шоъирон номида мешуд, ба корҳои адабӣ роҳбарӣ мекард. Нахустин маликушшуаро Устод Рўдакӣ буд, ки на амир, балки халқ ин унвонро ба ў муносиб дониста буд.

Жанрҳои асосии адабиёти  асри  X   дар қолаби  назму  наср рехта шуда бошанд ҳам,  назм  дар  адабиёти  аср  мавқеъи шойистатаре дошт. Аёнтараш, навъҳои асосии шеъри тоҷикӣ —маснавӣ, қасида, ғазал, рубоъӣ, дубайтӣ, қитъа, мусаммат ва ғайра дар ҳамин замон шакл гирифтаву инкишоф ёфта буданд. Ин навъҳои шеър аз рўйи хусусиятҳои шаклӣ, яъне аз ҷиҳати ҳаҷм, тарзи қофиябандӣ ва қолаби вазн аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Масалан, маснавӣ бо байтҳое, ки ҳар мисраъаш ҳамқофия аст, навишта мешавад. Рубоъӣ аз чаҳор мисраъ иборат буда, гоҳе ҳар чаҳор мисраъ ҳамқофия ва гоҳе мисраъи сеюм аз қофия озод мебошад. Қасидаю ғазал як хел қофия доранд: байти аввал ҳамқофия буда, баъдан мисраъҳои ҷуфт бо он дар қофия муттаҳид мешаванд. Қасида дарозу ғазал кўтоҳ аст. Дар қитъа фақат мисраъҳои ҷуфт бо ҳамдигар як хел қофия доранд. Устоди кулли ҳамаи ин навъҳои шеърӣ ва пешвои адибони замон, бешак, Устод Рўдакӣ буда, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва Кисоӣ низ дар чанд навъи шеърӣ маҳорати тамом доштаанд.

Қиссаю достонҳо дар қолаби маснавӣ навишта мешуданд. Достонҳои каҳрамонӣ, ҳамосавӣ (эпикӣ), ишқӣ ва ахлоқӣ ҳам дар ҳамин навъи назм эҷод гардидаанд. Ҳафт маснавии Рўдакӣ, аз ҷумла «Калилаю Димна» ва «Синдбоднома», се маснавии Абўшакури Балхӣ, ки яке аз онҳо «Офариннома» (соли таъл. 336/947) аст, «Шоҳнома»-ҳои манзум, «Юсуфу Зулайхо»-и Абулмуъайяди Балхӣ намунаҳои барҷастаи достонсаройӣ ва қиссапардозии замон мебошанд. Дар таркиби номи аксарияти онҳо омадани ҷузъи «нома» ба достон буданашон ишорат мекунад.

Маҳз дар асри X аввалин достонҳое, ки мавзўъашон илм аст, ба майдон омаданд, ки асосгузори ин навъ достон низ Устод Рўдакӣ мебошад. Маснавии ў «Даврони Офтоб» роҷеъ ба илми нуҷум (астрономия) будааст. Майсарӣ, чунон ки зикраш гузашт, «Донишнома»-и худро дар шакли маснавӣ навиштааст, ки тақрибан аз панҷ ҳазор байт иборат буда, мавзўъаш тиб аст. Муаллиф тибро дар радифи ситорашиносӣ, ҳандаса (геометрия бо математика) ва фиқҳ (қонуншиносӣ) аз илмҳои зарурӣ шумурда, роҷеъ ба касалиҳо, аломати онҳо ва табобаташон басҳ мепайвандад.

Камолоти эҷодии Рўдакӣ чун устоду сарвари адибон дар Бухоро дар ҳамин муҳит сурат гирифта, на танҳо дар ҳавзаи дарбор, балки дар байни халқу доираи гурўҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрати тамом ёфта буд. Ин шуҳрату нуфузи шоъир хусусан дар пиронсолиш афзун гардид. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рўдакӣ, аз ҷумла дар қасидаи «Модари май» ишораҳо дорад, вале ранҷу азобҳои ў дар ин айём бо кулфатҳои пирӣ маҳдуд намешуд. Синфи ҳукмрон дар таъкибу озори ў роҳи ифротро пеш гирифт. Ин сабаб дошт, зеро хонадони Сомонӣ, ки  дар аввали ҳукмронӣ ба пайравони мазҳабҳо, фирқаҳо, ҳатто динҳо бетараф буд, рафта-рафта дар ин ҷабҳа сиёсати худро дигар кард. Аз соли 919 сар карда дар қаламрави Сомониён таблиғоти қарматӣ чун ҷунбиши сиёсӣ ва наҳзати иҷтимоӣ пурзўр гардид. Қарматиҳо гурўҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан онҳоеро, ки аз тартиботи мавҷуда, мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Маънои қармат кўтоҳ аст. Сабаби чунин ном гирифтани ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамдон ибн-ал-Ашъас қаду пойҳои кўтоҳ доштааст. Дар замони Сомониҳо қарматия ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо фаъолияти роҳбари қарматиҳои Бухоро Муҳаммади Нахшабӣ, аз рўйи баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ ва демократиаш, эътибор пайдо карда буд. Таъсири нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Аҳмад ҳам ба онҳо таваҷҷўҳ дошт. Аз тарафи дигар, дар охирҳои салтанати Наср ибни Аҳмад таассубу хурофоти мазҳабӣ авҷ гирифт. Бисёр одамони равшанфикр бо тўҳмати қарматӣ будан ба ҷазоҳо гирифтор мешуданд. Рўҳониёни ислому дарбориёни иртиҷоӣ ҳамаи мухолифони худро қарматӣ меномиданд, ба бединӣ айбдорашон мекарданд. Лашкариён бошанд, онҳоро мекуштанду ғорат мекарданд.

Низомулмулк, воқеан, ба гуноҳи қарматӣ аз тахт маъзул гардидани Насри II ва ба ҷояш амир баргузида шудани писари Нўҳ ибни Мансурро муфассал нақл карда, таъкид менамояд, ки ин ҳодиса ба сабаби аз роҳи суннат барафтодан ва мазҳаби бад гирифтан, яъне таълимоти қарматиро аз Муҳаммади Нахшабӣ пазируфтани Насри II, рух додааст. Нўҳ баробари ба тахт нишастан ба пойи падар банд баста, ўро маҳбус мекунад. Пешвоёни ҳаракати қарматӣ (ботинӣ)-ро низ ба ҳабс мегирад. «Пас Ҳасану Маккоду Мансури Чағонӣ ва Ашъасро бад-он амр, ки ботинӣ шуда буданд, гардан бизаданду дар шаҳрҳо афтоданду ҳар киро аз эшон меёфтанд, мекуштанд… Ҳафт шабонрўз дар Бухорову навоҳии ў мекуштанду мекуштанду ғорат мекарданд. Ва чунон шуд, ки  дар Мовароуннаҳру Хуросон яке аз эшон намонданд».53

Соли 1958, ба муносибати ҷашни 1100-солагии Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, маҷмўъаи «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ» ба табъ расид,54 ки намунаҳои боқимондаи абёти 66 нафар шоъирони асрҳои IX — Х-ро дар ҳаҷми 3291 байт (6582 мисраъ) фаро мегирад. Аз шоъироне, ки дар аҳди Саффориён (873—903) ва замони Тоҳириён (821—873) гузаштаанд, ба ғайр аз шеъри халқии Балхиён ва Абулянбағӣ, ки  солҳои 170—187 ҳиҷрӣ (786— 920) зинда будааст, 2 байти Маҳмуди Варроқ (ваф. 221/936), 4 байти Ҳанзалаи Бодғисӣ (ваф. 219/834), 19 байти Муҳаммад ибни Васиф, 5 байти Бассоми Курд, 3 байти Муҳаммад ибни Мухаллад, 4 байти Фирўзи Машриқӣ (ваф. 283/987), 10 байти Абўсалики Гургонӣ, 5 байти Масъуди Марвазӣ ва 2 байти Абўҳафси Суғдӣ иқтибос оварда мешавад, ки пароканда бошанд ҳам, аз завқи салим, маҳорати бузург, анвоъи гуногуни шеърӣ ва санъати ғании ашъори қарни IX форсу тоҷик дарак медиҳанд.

Ҳанзалаи Бодғисӣ аз шоъирони соҳибдевони замони Тоҳириён буда   (ваф. 219/834), Низомии    Арўзии Самарқандӣ ду байти ўро далел оварда, таъсири зўри панди онро қайд мекунад, ки одамонро ба мардӣ ва қаҳрамонӣ талқин менамояд:

Миҳтарӣ гар ба коми шер бувад,

Шав, хатар кун, зи коми шер биҷўй

Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,

Ё чу мардон-т марги рўёрўй!

Ду байти дигари Ҳанзала лирикӣ буда, исботи даъвоест, ки аз ибтидои пайдоиш як қисми муҳимми шеъри тоҷикиро ашъори ошиқона ва ғиноӣ ташкил мекардааст:  

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиканд,

Аз баҳи чашм, то нарасад мар варо газанд,                     

Ўро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор

Бо рўйи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд!

Бассоми Курд ҳам мадеҳа гуфта, Фирўзи Машриқӣ  (ваф. 283/897) марсияву мадҳ суруда, Масъуди Марвазӣ маснавӣ навишта, таърихро дар он аз замони Каюмарс то охири салтанати Сосониён  дарҷ намудааст. Масъуди Марвазӣ, ғайр аз маснавӣ, қасида ҳам менигоштааст, ки ин пора шеър аз он қабил аст:

Мухолифони ту мўрон буданд, мор шуданд,

Баровар аз сари мўрони моргашта димор!

Макун диранг аз ин бешу рўзгор мабар,

Ки аждаҳо шавад, ар рўзгор ёбад, мор!

Муҳаммад ибни Баъис (ваф. 850) аз нахустин шоъирони форсу тоҷик аст, ки ба тозӣ ва форсӣ шеър мегуфтааст, вале ягон байти форсии   ў боқӣ намондааст. Зодаи Эрони ғарбист, ки ашъори форсии ўро дар Мароға месароиданд. Дар сафи шўришчиёни Бобак меразмид. Баъд ба муқобили Бобак мегузарад. Боз аз зулму ҷаври арабҳо ба танг омада, худ алайҳи халифа Ал-Мутаваккил қиём мекунад. Аммо, дар ниҳояти кор, шикаст хўрда, ба даст меафтад ва ба қатл расонда мешавад. Муҳаммад ибни Баъис дар шуҷоъату ҷасорат вирди забонҳо буд.

Муҳаммади Васиф. Ҷойи таваллуду ҷараёни зиндагӣ ва дар куҷо касби камол карданаш маълум нест, вале, мувофиқи ахбори «Таърихи Систон», солҳо дабири хонадони Саффориён (873—900) буда, дар даргоҳи Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ хизмат мекардааст. Вай аз нахустин шоъиронест, ки қасидаҳои форсӣ сурудааст. Аз гуфтори ў 23 байт то замони мо боқӣ мондааст. Абёти боқимондаи ў доир ба воқеъаҳои таърихии солҳои 251, 273, 296 ва 293 (865, 886, 900, 909 мелодӣ) баҳс мекунанд:

Ай амире, ки амирони ҷаҳон, хосаву ом,

Бандаву чокару мавлою сагеанду ғулом,

Азалӣ хатте дар лавҳ, ки мулке бидиҳад

Ба Абўюсуфи Яъқуб ибн-ул Лайси Ҳумом.

Ба лагом омад Занбилу лате хўрд ба линг,

Латра шуд лашкари Занбилу ҳабо гашт куном!

Муҳаммад  ибни  Мухаллад суханваре донишманду фозил,  аз    нахустин қасидасароёни форсу тоҷик буда, дар замони Саффориҳо зиндагӣ ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Систон мебошад. Аз ў се байт боқист, ки дар васфи кишваркушоиҳои Яъқуб ибни Лайс суруда шудааст:

Ҷуз ту назод Ҳаввою Одам накишт,

Шерниҳодӣ ба дилу бар маништ!

Мўъҷизи пайғамбари маккӣ туйӣ

Бо кунишу бо манишу бо гавишт!

Фахр кунад Аммор рўзи бузург,

Гў ҳамонам ман, ки Яъқуб кишт!

Абўсалики Гургонӣ аз шоъиронест, ки дар аҳди Саффориҳо зиндагӣ ба сар мебурд. Аз ашъори ў то имрўз ҳамагӣ даҳ байт омада расидааст. Мутолиъаву баррасии ин даҳ байт гувоҳи он аст, ки шеъри форсу тоҷик то Абўсалик ҳам бо қонуниятҳои устувор ва суннатҳои мустаҳкам ройиҷ будааст. Тавсифи маъшуқ, мадҳу панд мазомини онро ташкил мекард. Ў дар ситоиши ёр мегўяд:

Дар ин замона буте нест аз ту некўтар,

На бар ту, бар шамане, аз раҳӣ-т мушфиқтар!

Дар панду насиҳат мефармояд:

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,

Биҳ, ки оби рўй резӣ дар канор!

Бут парастидан биҳ аз мардумпараст,

Панд гиру кор банду гўш дор!

Алии Тирмизӣ. Ҳамин қадараш маълум аст, ки мутафаккири сўфимашраб ва шоъири асри IX буда, бо шеваи халқ рубоъӣ мегуфтааст, вале алҳол аз онҳо суроғе нест. Ба қавли Шайх Аттор, ўро ҳакимулавлиё мегуфтаанд. Қабри ў имрўз ҳам дар Тирмиз боқист. Аз аҳволу ашъори ў чизи дигаре маълум нест.

Маҳмуди Варроқ аз шоъирони замони Тоҳириён (821—873) буда, тақрибан соли 835 вафот кардааст. Аз ў ду байт боқӣ мондааст:

Нигорино, ба нақди ҷон-т надҳам,

Гаронӣ дар баҳо, арзон-т надҳам!

Гирифтастам ба ҷон домони васлат,

Ниҳам  ҷон  аз кафу домон-т надҳам!

Абўҳафси Суғдӣ Абўҳафс ибни Аҳвас (ваф. 832) ном дошта,  ба қавле аз аввалин адибони форсу тоҷик будааст. Нисбати Суғдӣ бар он гувоҳ аст, ки аз шаҳрҳои бузурги Суғд аст. Ду байти аз ў боқимонда аз лиҳози шеваи гуфтор шаҳодат медиҳад, ки шояд аз Масчо ва ё Фалғар бошад. Таваҷҷўҳ фармоед, шоъир кўҳу даштро ба ҳам чӣ гуна муқобил гузошта, ҳоли ғизоли кўҳии дар дашт танҳомондаро чӣ гуна зиндаву равшан ба ҳалқаи тасвир мекашад, ки гўё нусхаи ҳоли худи шоъир бошад:

Оҳуи кўҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?!

Ў надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!

Байти дигаре, ки ба номи Абўҳафс маълум аст, ин аст:

Бўсу назарам ҷамол бошад бо ёр,

Ин фатво гирифтаам аз гаргар.

Абўҳафсро Абўнасри Форобӣ ва Шамси Қайси Розӣ мухтареъи сози шоҳрўд медонанд. Вай, ҳамчунин, китоби луғате таълиф карда будааст бо номи «Фарҳанги Абўҳафс» ва ё «Рисолаи Абўҳафс», ки аз байн рафтааст.

Абулаббоси Марвазӣ, ба гуфти Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо», дувумин шоъирест, ки ба форсӣ шеър гуфтааст. Соли 809, вақте ки халифаи араб Абдуллоҳи Маъмун (786—833) ба Марв меояд, ў дар ситоиши вай мадҳия гуфта будааст. Аз эҷодиёти Абулаббоси Марвазӣ имрўз чаҳор байт моро дастрас аст, ки ин аст:

Ай расонида ба давлат фарқи худ ба Фарқадайн,

Густаронида ба фазлу ҷуд дар олам ядайн!

Мар хилофатро ту шоиста, чу мардум дидаро,

Дини Яздонро ту боиста, чу рухро ҳар ду ъайн!

Кас бад-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт,

Мар забони порсиро ҳаст то ин навъ байн!

Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро, то ин луғат

Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн!

 Аз шеваи гуфтори Абулаббоси Марвазӣ чунин бармеояд, ки худи ў мўътакид аст, ки нахустин дафъа мадҳияи форсӣ сурудааст ва умедвор аст, ки минбаъда забони форсӣ мисли арабӣ барои сурудани мадҳия ба кор равад.

Абўлъалои Шуштарӣ. Дар «Луғати Фурс» ва «Тарҷумон-ул-балоғат» аз ў намунаҳо оварда мешавад. Манучеҳрӣ низ ўро дар қатори адибони машҳури аҳди Оли Сомон ном мебарад. Инак 19 байти ў дастрас аст ва рисолае дар илми арўз низ доштааст, ки ҳоло дастрас нест. Абўлъало шеърро пухта мегуфтааст, мисли он ки  шаробро васф кардааст:

Биёвар, он гувоҳӣ диҳад зи ҷон, ки ман

Чаҳор гавҳарам андар чаҳор ҷой мудом!

Зумуррад андар токам, ақиқ андар ғужб,

Суҳайл андар хум, офтобам андар ҷом!

Маълум мешавад, ки ҳанўз дар ибтидои асри IX назми ишқӣ, мадҳ, ҳаҷв ва панд дар шеъри форсӣ маъмул будааст. Назми қарни IX, бо вуҷуди ин, аз сабаби носуфтагии забон, камии миқдор ва авомона будани бадеъияташ, ба дурахши назми асри X тоб наёварда, дар партави он ба назарҳо ночиз намуд. Ба ҳамин иллат, дар даврони пасини адабиёти тоҷику форс сармашқи эҷоду татаббуъи ҳеҷ як аз намояндагони он қарор    нагирифт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …