Главная / Гуногун / Тасалло

Тасалло

Писарак гирён-гирён, оби дида шашқатор, ба хона омад. Падар хавотиромез боиси гиряи ўро пурсон гашт. Писарак фиқ-фиқкунон базўр:

– Боз… – гуфт.

– Чӣ “боз”?

– Боз муаллим ду монд.

Падар аз ин ҷавоб хандид. Баъд писараш ба оҷўш кашид. Сипас хушҳолона гуфт:

– Ҳеҷ ҷам махўр!

taqrizahoБечора писарак дидаи ҳайрат ба падар дўхт.

– Ҳа-ҳа, ба қавли уламоҳо: “Мурда кирои гиря не!”

– Чӣ?..

Падар боз бо хушнудӣ гуфт:

– Ҳа, ҳа! Ҳоло замонаи чаппа!

– Чӣ хел чаппа?

– Ҳар қадар донишат паст бошад, ҳамон қадар мартабаю обрў ва маошат баланд аст!

9 феврали соли 1993

 

Ш У К Р О Н А

 

Коно – марди чорпаҳлўи ишкамкалон, пас аз хўроки бегоҳӣ, орўҷ зада, дароз кашид, то ки даме биосояд. Аммо ин ба ў даст надод. Нашуд. Намоиши “Фарзанди нек – боҷи падар!” оҷоз ёфт. Ва ба пўстини ў кайк даромад. Норозиёна паси сар хорид.

– Худоё! Намемонанд, ки як дами беҷам занӣ!

Ва писараш ба ёдаш расид.

– Ман ҳам писар дорам-а? – гўён, ин сў, он сў дида дўхт. Вале писараш ба чашмаш нанамуд. Маҷалаш аз хонаи дигар ба гўшаш расид. Ўро ҷеҷ зад. Писар ҳозир нашуд. Ё нашунид. Ё писанд накард. Боз ҷеҷ зад. Боз ва боз… ба ҷеҷи даҳумаш:

– Чӣ мегўӣ?! – гўён, рух намуд.

– Ку бинишин!

Писар хост аз ў дуртар нишинад.

– Не, ана ба ин ҷо!

Писар ба ҷои нишондодаи падар нишаст.

– Хў-ў-ўш!

– Чӣ “хўш”?

– Имрўз чанд гирифтӣ?

Писар бе ибо ва бо дилпурӣ ҷавоб дод:

– Ҳафт!

Падар як қад парид.

– Чӣ-ӣ?!

Писар ангуштонашро як-як қат карду:

– Не, шаш! – гуфт.

– Чӣ, чӣ? Ша-а-аш?!

– Ҳа, шаш!

– А-ҳа! Ҳоло ту дурўҷ гуфтанро ҳам омўхтӣ?!

Писар рў дигар сў тофт.

– Канӣ ба чашмам нигоҳ кун!

Писар ба чашми падар нигарист.

– Шаш мегўӣ?!

– Ҳа-а, се ду-дия!

– Уф-ф! Шукри худо! Шукри худо, ки се ададро бе хато ҷамъ карда тавонистӣ!

9 феврали соли 1993

 

МАРДАК ВОРЕ

 

Ҳеҷ аҷаб нест, ки як моҳи саратон барои навҷавонону духтарони по ба остона донишкадаҳои олӣ ниҳода, фасли пуризтироб аст.

Аҷаб он аст, ки ҳар сол, дар ҳамин моҳ ман – ё тавба! – хешу табори нав пайдо мекунам. Як одамҳое “ман хешатон!” – гуфта, меоянд, ки бори аввал мебинамашон.

Ана, боз як хеши навам омад. Ҳарчанд ба ў зеҳн монда, таҳхонаи хотираҳоро тагурў кардам, бефоида. Нашинохтам, аввалин бор мебинам.

Ман ба ў даст дода, хостам салом кунам. Лекин вай эътироз кард.

– Эъ, балотона гирам-е! Наход хеши наздик дастӣ зиёрат кунад?! Канӣ, канӣ як ҷигарсалом кунем! О, мо хеши наздик, дилу ҷигар!

Ва ў маро бо оҷўш кашида, то дергоҳ сар надод. Ҳатто тахтапуштамро молиш дода, чанд бор бари гарданамро бўсид.

Ба ростӣ, аз бўи арақи баданаш дамам ба дарун зада, сулфаам гирифт. Вале вай ба ин заррае аҳамият надода, маро дўстдорӣ менамуд.

Ман сабру қарор аз даст дода, ба забон омадам:

– О, бас будагист.

– Ҳа-а, – ў маро раҳо карду дастонамро ба дасташ гирифта, ба аҳволпурсӣ оҷозид:

– Сиҳат? Саломат? Бардам? Бақувват? Зану бачу кач?

Чунин ба назар мерасид, ки ў дасти маро канда гирифтанист. Ниҳоят худаш ҳам монда шуд, ки дастамро сар дод.

– Канӣ, аз боло гузаред!

– Не, не! Ман ҳеҷ гоҳ аз шумо боло намегузарам! Ҳа, ҳа! Гуноҳ мешавад-а!

– О, шумо меҳмон! Меҳмон атои худо!

– Ҳа, хайр! – гўён, аз боло гузашта, даст ба дуо бардошт:

– Қадам расид, бало нарасад! Ин хона тўйхона шавад, хизмат кунем! Хешамон доктор шавад!…

– Ман кайҳо доктор.

– Наход?! Хайр, ана, ректор шавед! Омин!

– “Аввал хешу баъд дарвеш!” – гуфтаанд, балотона гирам. Дилам об хўрду ба ошнои вазирам занг назада, рост ба назди шумо омадам. Хайр, хафа шаванд, ошно, хеш не-ку?! Ошно дигар, хеш дилу ҷигар!

– Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар!

– Обод бошед, балотона гирам, хешам!

– Хўш, хизмат?

– Мо мардака мардаш, хешам, балотона гирам!

– Нахо-о-од?!

– Ҳа, балотона гирам, хешам! Гапа мардак воре зада мемонем. Ана ҳамин ҷиянатон имсол мактаба хатм кард. ба донишгоҳ дароварда мемонед, балотона гирам, хешам.

– Ба донишгоҳ? Дароварда монам? О, дарҳои донишкада ба рўи ҳама кушода: “Марҳамат! Хуш омадед, нури дида тоҷи сар!”

– Э, мо маҷозона гап задем-да! Яъне, ки студент карда мемонед, хешам, балотона гирам!

– Ҳа-а, инту гўед? Донишаш чӣ хел?

– Дар атестаташ чораш нест, ҳама панҷ, хешам, балотона гирам!

– Нахо-о-од?! О, инту ки бошад, бе ёрдами ман ҳам дохил шудан мегирад.

– Мефаҳмам, мефаҳмам, хешам, балотона гирам! Эъ, балотона гирам-е! Мардак воре гапа дангал гўеду монед-да! Шумо ба калла гиред, шири мурҷу ҷони одам гўед ҳам, ёфта меорам!

– Шири мурҷу ҷони одам? Ёфта меоред?

– Меорам!

– Мардак воре?

– Мардак воре!

– Шуд! Маслиҳат пухт. Панҷ литр шири мурҷу даҳ ҷони одам меоред, ҷияна студент карда мемонем. Мешавад?

– Мешавад!

“Хеши навам” оҷўш кушода, боз маро аз бўи арақаш дамгир намуд. Ва дўстонаю самимона хайрухуш намуд. Ман ўро то роҳи калон гусел кардам. Пеш аз ба мошин нишастан, вай боз маро бо бўи арақ “зиёфат” дод.

– Эъ, балотона гирам хешам-е! – гўён, вай рафт.

Ва гўё сабру қарори маро бо худ бурд. Истода, истода, мардак воре гўям, ба дилам тарс роҳ ёфт. Боз шири мурҷу ҷони одам ёфта наорад?…

12 июни соли 1992

 

Ш  А  Р  Т

 

Ҷавонмарди миёнаумри басо олуфта буд ў. Дар тан шиму костюми хориҷии озода. Дар сар кўлоҳи қимматбаҳо. Дар гардан забони гов барин галстук. Туфлиҳояш ялаққос мезад.

Вале…

Сараш хаму чашмонаш басо маҳзун!

– Чӣ шуд? – пурсид Набӣ. – Чаро зиқӣ?

– Эъ, ҳа-а, – беҳолона ҷурунгид ў.

Дили Набӣ раг зад. Ва исроромез гуфт:

– Гўй, чӣ гап шуд?

– Эъ, кори шудагӣ, шуд, – даст афшонд ў.

– О, чӣ гап шуд?!

– Эъ, ҷўраҷон, даҳ ҳазор сўм бой додам.

– Ту донӣ, худо?!

– Ба ҳурмати худо.

– О, ин чӣ хел шуд?

– Чӣ хел шуд? – гашта пурсид ў ва пас аз каме андеша лаб ба сухан во намуд:

– Писарам мактаби миёнаро базўр тамом кард. ва ду пояшро ба як мўза тиқонда, ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорид. Ман ҳеҷ боварӣ надоштам. Аз ин рў бо ҳарос назди донишгоҳ тор метанидам. Як рўз нимчашиносамро вохўрда мондам.

– Ҳа, чаро меларзӣ? – пурсид ў.

Ман оҳи сарде кашида гуфтам:

– Писарам обрўи маро резонданӣ.

– Нахо-о-од? Худо нишон надиҳад! Чӣ хел?

– Ҳуҷҷатҳояшро ба ҳамин донишкада супурдааст. Аниқ медонам, ки меафтад. Дар деҳа чӣ хел сар боло мекунам.

Вай хандида, гуфт:

– Дила васеъ гиред, намеафтад.

Ман бо ҳайронӣ:

– Чӣ хел? – гуфтам.

– Ана ҳамин хел!

– Не, меафтад.

– Биё, шарт, – таклиф намуд ў.

– Биё, – розӣ шудам ман, – агар афтад, даҳ ҳазор сўм медиҳӣ, агар гузарад, ман даҳ ҳазор сўм медиҳам. Ва дар шоҳидии се кас шарт бастем.

Вай лаб фурў баст.

– Хайр, баъд чӣ шуд?

– Падарқусур ҳама имтиҳонҳоро супурд. Бо баҳои панҷ.

12 июни соли 1992

 

И  Н  Ш  О

 

– Уф-ф-ф!

Муаллими калон – Маҳалпарвар Бегонакушов – нафас рост карда, як дона сигор дуд дод. Сипас паси миз нишаста, иншои навбатиро ба даст гирифт. Он ҳамагӣ ним варақ буду бас. Ҳайронии муаллимро андоза набуд.

– Ӣ-ӣ-ӣ, – лабони ў чун лабони бачаи ранҷида овезон шуданд. – Ин чӣ?

Вай варақи қоҷазро ин сў он сў тоб дода, ба он зеҳн монд.

– Ё тавба! – гуфт ва якбора деги ҷазабаш ҷўшид.

Хост онро пора-пора карда, ҳаво диҳад.

– Не, не! – зуд аз нияташ гашт. – Як дуи ҷафс мемонам! Тамом, ҷон халос!

Лекин аз чӣ бошад, дасташ ба ин кор пеш нарафт. Гўё касе дасташро дошт. Ба дилаш ким-чӣ хел як шубҳа панҷа зад. Ва ба хеш амр намуд:

– Ку як хонда бин-чӣ?

Ва худ ба худ “ҳа, хуб!” – гўён, ба хондан шурўъ намуд.

“Ман Кадукалла Бемаҷзуф! Дар деҳаи Роҳбарзои ноҳияи Калонзо дар оилаи соҳибвазифаҳо ба дунёи рушан омадам. Ҳафт пушти авлоди мо калон гузаштагӣ. Хайр, гузаштаҳо на танҳо муҳим нест, ҳатто лозим ҳам нест. Имрўза, зиндаҳояшро номбар мекунам. Падарам ним аср боз мудири база. Расиси Тоҷикматлубот ҳамфамилия не, бародари ҳамхуни падарам, яъне амакам. Вазири маориф бародари модарам, яъне таҷоям. Вазири корҳои хориҷӣ язнаи бузургам. Вазири нақлиёт язнаи миёнаам. Вазири саноат язнаи хурдам. Вазири барқ язнаи язнаи бузургам. Мири шаҳр язнаи язнаи миёнаам. Ректори донишгоҳи миллӣ язнаи язнаи хурдам. Духтари муовини сарвазир гаҳворабахшам. Яъне муовини сарвазир хусури ояндаи банда! Орзу дорам ба донишгоҳ дохил шуда, ба хизмати омўзгорон миёнамро аз ҳафт ҷояш бандам!”

– Ўҳ, шаҳбозе! – беихтиёр нидо намуд ў ва лаҳзае сокит бимонд.

Сипас боз лаб ба сухан кушод:

– Аҳ, ваҳ, ваҳ! Ана иншою мана иншо! Дар иншонависӣ устухон надоштааст-е! Ана инро иншо мегўянд! Ихчам, пурмаъно, шоирона, орифона!

Вай боз як бор иншоро хонда баромад.

– Оббо, калламаҷзе! Иншои сара навиштааст! Баҳояш панҷ с плюсом!

12 июни соли 1992

 

Ф А Р Қ   Н А М О Н Д

 

Устод аз ҷавобҳои шогирд қаноатманд бишуд. Калла ҷунбонда, суоли охирин пеш овард:

– Канӣ, синоними калимаи танқидро бигў?

Шогирд дарҳол посух дод:

– Таҳқир!

Устодро аҷаб омада, гуфт:

– О, танқид дар замин бошад, таҳқир дар осмон аст.

Шогирд бе тахир бигуфт:

– Бале, ин дар замонҳои карахтӣ буд. Дар замони бозсозӣ таҳқир ҳам ба замин фаромада, байнашон фарқе намонд.

25 феврали соли 1992

 

ГУФТУГЎ ДАР ИМТИҲОН

 

– Салим, ҳо Салим!

– …

– Салим! Кар шудӣ, чӣ бало?

– Худат кар!

– О, чӣ ҷавоб наметӣ?

– Чӣ мегӣ-е?!

– Шпаргалка дорӣ?

– Чӣ мегӣ?

– Хок мегум! Шпаргалка дорӣ?

– Чӣ? Баландтар гап зан!

– Шпаргалка дорӣ, мегум?

– Чӣ?

– Хок! Шпаргалка!

– Шпаргалка-а-а?

– Ҳа, шпаргалка!

– Не-ку! Э, аз муаллим пурс, доштагист!

25 феврали соли 1992

 

Л  А  Қ  А  Б

 

Рўзе Алӣ ба Валӣ гилаомез гуфт:

– Гўш кун, ту гови ало шуда рафтӣ-ку-а? Наҷз не! Ҳа, наҷз не!

Валӣ бо ҳайронӣ пурсид:

– Чӣ хел гови ало?

– Чӣ хел фаҳмонам?… Дигарон барин не… Ба ҳар ҳол, наҷз не. “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош” гуфтаанд.

Алӣ қавоқ андохта, гуфт:

– О, ман аъло мехонам-ку?!

– Эъ, мон-е! Аъло мехондааст! О, ҳама лақаб доранду ту не. Бе лақаб ким-чӣ хел, безеб…

– “Лақаб”-аш боз чӣ?

– Чӣ, лақабро намедонӣ магар? Боз мегўӣ, ки аъло мехонам. Лақаб, ин эъне номи дуюми одам. Чуноне ки мегўянд: “Лақаб равшантар аз ном аст”. Ана лақаби ман: “Бегемот”.

–“Бегемот”?

– Ҳа, “Бегемот”! Чӣ хел хуб-а? Ту чаро лақаб надорӣ?

– Надонам, – китф бар ҳам кашид Валӣ. – Чӣ, лақаб зарур?

– Зарур!

Валӣ лолу ҳайрон паси сар хорид.

– Хайр, зиқ нашав. Ҳоло ягон лақаб меёбем. Мехоҳӣ?

– Надонам, – китф бар ҳам кашид ў. – Хайр, агар зарур бошад…

Алӣ нидо намуд?

– Зарур!

Валӣ зуд ризо шуда, гуфт:

– Хайр, майлаш, ёб.

– Гўй, ки чӣ нуқсонҳои манфӣ дорӣ?

– Нуқсонҳои манфӣ? Не, надорам!

– Ҳа-а, кӣ мегўяд, ки дўҷам турш аст?! Не, одам бе нуқсон намешавад. Ку як майнаата об кун. Тезтар.

– Хайр, ана, хуш, ки бошад… дар дарсҳо кам-кам хоб меравам.

– Шуд! Кор ванг! Лақабат “Депутат”! Оҳ, чӣ зебо-а?!

– Депутат? Барои чӣ Депутат?

– Чунки депутатҳо ҳам дар сессияҳо хоб мераванд!…

25 феврали соли 1992

 

МЕРОСИ ПАДАР

 

Занги даромад садо дод. Муаллим ба синф даромад. Оташи шўру маҷали бачаҳо якбора хомўш гашт. Муаллим пас аз ҳозиру ҷоиб кардан, Холро назди тахтаи синф хонда, пурсид:

– Панҷ карат панҷ чанд мешавад?

Хол дарҳол бо хушнудӣ ҷавоб дод:

– Панҷ карат панҷ сад!

Муаллим аз чунин ҷавоб баҷоят мутаҳайир гардид.

– Чӣ-ӣ?! Сад?! Сад-а?!

– Ҳа, сад!

– О-о…

– Хайр, ана ҳаштод! – боз ҳам хушҳолу бепарво гуфт Хол.

– Уф-ф?! Об-бо! Пеш аз ҷавоб каме андеша бикун, – гуфт муаллим бо оҳанги маслиҳатомез.

– Хайр, ана равед, ки панҷоҳ! – бо ҳамон оҳанги пешина гуфт Хол.

Чашмони устод аз тааҷҷуб ва таҳайюр калонтар кушода шуданд. Вай лаҳзае чанд лолу гиҷ монд. баъд худро ба даст гирифта, бо таассуф гуфт:

– Оббо, сад дареҷ! Ҳама ранҷи кашидаам зоеъ, ба бод рафт!

– Хайр, ана сӣ-е!

– Уф-ф-ф?!.

– Эъ, равед, ки биступанҷ!

Устод гумон бурд, ки шогирд ўро мазоҳ мекунад. Аз ин рў, оташи қаҳру ҷазаб дар синааш аланга зад. вале онро хомўш карда, бигуфт:

– Ин чӣ маймунбозӣ?

– Ин маймунбозӣ не, дарс.

– Дарс? Чӣ хел дарс?

– Дарси касби падаромўзӣ!

– Чӣ-ӣ?! Боз ин чӣ хел дарси касби падаромўзӣ будааст?

– О, худатон доим мегўед, ки “мероси падар хоҳӣ, касби падар омўз!”

– Падарат чӣ касб дорад?

– Даллол!

8 феврали соли 1993

 

С У Х А Н У   А М А Л

 

Онҳо рў ба рў меистоданд. Яке хурд, дигаре калон. Яке коҳиш мекард, дигаре коҳиш мешунид.

– Ин корат тамоман хуб не! Фаҳмидӣ?

Бача ба тасдиқ сар ҷунбонд.

Мард коҳишро идома дод.

– Ин бемнсофӣ, ноодамгарӣ! Фаҳмидӣ?

Бача ба тасдиқ сар ҷунбонд.

Мард коҳишро идома дод.

– О, Ортиқ ҳамсояат-а? Ҳамсоя! Ту медонӣ, ки ҳамсоя ин чӣ гуфтанӣ гап?!

Бача ба тасдиқ сар ҷунбонд.

Мард коҳишро идома дод.

– Ту бояд аз ҳолу аҳволи ҳамсоя бохабар бошӣ, ёрӣ бирасонӣ, шодиву ҷамашро бо ҳам бинӣ! Фаҳмидӣ?

Бача ба тасдиқ сар ҷунбонд.

Мард коҳишро идома дод.

– Ҳой, ҳамсоя ҳазл не! Ҳатто дар он дунё, рўзи қиёмат, гуноҳу савоби касро аз ҳамсоя мепурсанд! Фаҳмидӣ?

Бача ба тасдиқ сар ҷунбонд.

– Фаҳмида, ки бошӣ, пагоҳ ҳамроҳи падарат ба мактаб биё!

Бача ба инкор сар ҷунбонд.

– Чаро?!

– Ман падар надорам.

– Падарат набошад, бо модарат биё!

– Модар ҳам надорам.

– Чӣ?! Надорӣ? Пас ту бо кӣ зиндагӣ мекунӣ?

– Бо таҷоям.

– Таҷоят кист?

– Расулӣ.

– Расулӣ? Ҳамон Расулии мудири анбор?

– Не, Расулии коргар, ҳамсояи дасти ростатон…

8 феврали соли 1993

 

Н А Б И Ё

 

Муаллим талаберо дида, абрў гиреҳ заду гуфт:

– Чаро ба дарс намеоӣ?

Талаба забон хоида ҷур-ҷур кард:

– О, набиё гуфтед-ку.

– Кӣ набиё гуфт?! – бо ҷазаб фарёд зад муаллим. – Кӣ?!

– Шумо, – дар ҷавоб гуфт талаба ва ба замин дида дўхт.

– Ман?! – чашмони муаллим калон кушода шуданд. – Ман?!

– Ҳа, шумо.

– Кай?!

– Се рўз пеш…

– Чӣ хел?!

– Бе падару модарат ба мактаб набиё гуфтед.

– Ҳа, рост, гуфтам. Хайр чӣ?

– Ман падару модар надорам.

26 апрели соли 1992

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …