Главная / Гуногун / Тарзи гуногуни тайёр кардани хўрок аз таоми якум сабзавот

Тарзи гуногуни тайёр кардани хўрок аз таоми якум сабзавот

Тайёр кардани сабзавот барои таомҳои миллӣ қобилият ва дониши махсусро талаб мекунад Хусусияти тайёр кардани таоми 1-ум дар ошхонаи миллӣ вобаста аст ба технологияи он. Баъзе намудҳои таоми 1-умро бо ду роҳ тайёр мекунанд.

Роҳи якум технологияи тайёр кардани он ин аст, ки аввал гӯшт, пиёз, сабзиро бирён мекунанд, баъд об мерезанд ва баъд сабзавотро меандозанду булоён тайёр мекунанд. Бо алови паст дар мӯҳлати 1-1,5 соат то тайёр шудан мепазанд. Аммо онро пухта намегузаронанд ва аз алов гирифта намемонанд. Фақат пас аз 5-10 дақиқа дам додан бо риоя кардани қоидаҳои ороиш ба дастархон мегузоранд.

Роҳи дуюм: Барои тайёр кардани булон ба назар гирифта мешавад бурдаҳои калони гӯшт бо устухон дар алови паст 2 соат ё аз он зиёд пеш аз пухта шудани булон пиёзи маҳин реза карда, сабзавот, кабудӣ ва дорувориҳо паси ҳам ба он ҳамроҳ мекунанд. Моддаҳои эстрактивии гӯшт мазаи махсуси ба таом мувофиқро пайдо мекунанд. Мӯҳлати пухтани таом ба масолеҳи истифодаи он вобаста аст. Ба таомҳои 1-ум ҳамаи намудҳои таомҳои равон дохил мешавад, аз қабили шӯрбо, мастоба, угро ва ғ.

Аз он сабаб, ки дар таомҳои 1-ум ба ғайр аз гӯшт, мурғ, моҳӣ бисёр намуди сабзавот, каду, шалғам, картошка, пиёз, помидор, сабзӣ ва ғайра меандозанду адвиёту кабудиҳоро истифода мебаранд, онҳо барои организми одам фоидабахш мебошанд. Дар таркиби онҳо моддаҳои (углевод), сафеда, намакҳои минералӣ, витаминҳо ва боз бисёр моддаҳое, ки барои саломатӣ аҳамияти калон доранд, мавҷуданд.

Дар таомпазӣ миллӣ таомҳои 1-ум баъзан фақат бо сабзавоту кабудиҳо ва адвиёт булён тайёр мекунанд ва дар ин вақт гӯшти пухтаро барои таоми 2-ум истифода мебаранд.

Паҳншудатарин таомҳои 1-уми ошхонаи миллӣ ин шӯрбо, мастоба, угро мебошад. ҳоло номгӯи таомҳои 1-ум зиёд шуда истодааст. Аз ҳисоби истифодабарии маснуоти макаронӣ ва ҳар хел ярмаву сабзавотҳо таомҳои гуногуни якумро омода менамоянд.

Маслиҳати кадбону

Гӯшти равғандори гӯсфанд ё говро нағз шуста ба деги обдор гузошта дар алови паст мегузоред. Кафки сафедашро муттасил гирифтан лозим аст. Баъд ба дег пиёзи резакардаро андозед. Пеш аз таом пухта тайёр шудан чанд барги ғорро барои хушбўӣ андозед. Вақте ки булён қариб тайёр шуд, камтар намак андозед. Дар вақти ҷушиш равғанашро бо қошуқ гирифта, ба косаи алоҳида гузоред.

Булён камаш 2 соат пазад, ки ин ба ҳолати пухтани гӯшт вобаста аст. Шӯрбо хӯроки равғании иштиҳоовар буда, нағз ҳазм мешавад ва онро ҳамчун таоми якум тановул мешавад. Вобаста ба тарзу усули тайёр намудан шӯрбо гуногуннавъу гуногунтаъм мешавад.

Кори амалӣ №11

Технологияи тайёр намудани хомшӯрбо

Таҷҳизот ва асбобу анҷоми зарурӣ: дег ё кастрюл, корд, тахтачаи гӯштбурӣ, қошуқ, табақчаю косаҳо.

Миқдори масолеҳ: гӯшт-500 г, думбаи карт – 100 г, сабзӣ – 250 г, шалғам 1-2 дона, қаламфури булғорӣ 2-3 дона, бехпиёз- 250 г, картошка –300 г, помидор – 2 дона, ё як қошуқ қайлаи помидор, кабудӣ -1 бандча, намаку мурч ё қаламфур мувофиқи табъ.

Технологияи тайёр кардан

Гӯшти гӯсфанд (тӯш, кабурға ва каме равғанаш)-ро шуста ба деги обдор андохта меҷӯшонем. Баъд аз ба ҷӯш омадан бехпиёзро ҳалқа- ҳалқа реза карда меандозем. Ба шӯрбо аввал сабзӣ, баъд шалғам ва дар охир картошкаро бо фосилаи 10-15 дақиқа меандозем. Ба шўрбо пеш аз пухтан помидору адвиёт меандозем. Хомшӯрбо дар оташи паст пухта мешавад. Ба дег мувофиқи масолеҳ об андохтан лозим аст. Агар гӯшт дар оби гарм андохта шавад, лаззаташ дар худаш мемонад.

Дар рӯи миз, нон, чой, адвиёт корд, қошуқ ва чангакро мегузоранд. ҳоло чунин сачоқчаҳои коғазӣ ва матоиро барои дастпоккунӣ мувофиқи табъ тах карда мегузоранд. Баъд аз таом бо чойнаки чинӣ чой ва пиёла, меваҳои хушк, чормағз ва мураббоҳои гуногун ва маснуоти ҳархелаи ширин медиҳанд.

Қисмат бандӣ (порсия кардан) ва ороиши таом қобилият ва дониши махсусро талаб мекунад. Албатта барои дуруст интихоб кардани намуди таом, тайёрӣ дида, унсурҳои ороишро ба назар гирифтан даркор аст.

Ҳарорати таом. Таомҳои гарми 1-ум ва 2-умро ба миз дар ҳарорати аз 650 паст намениҳанд. Сифати таомро бо дег дар оби ҷӯшон 2 соат нигоҳ доштан мумкин аст. Агар аз ин муддат зиёд нигоҳ доранд сифати таоми тайёр паст ва арзиши ғизогӣ ва фоидаовариаш паст мешавад.

Бинобар он таоми гармро бо ҳамин ҳисоб тайёр кардан лозим, ки онро дар ҳолати нав буданаш истеъмол кунанд. Пеш аз истеъмоли таом сифат, ранг ва бӯю маззаашро санҷида, баъд ба рӯи миз додан лозим аст.

Дар тарабхонаҳо ошхонаҳо, каҳвахонаю кори ороиши миз,додани таоми тайёрро махсус касб иҷро мекунад, ки пешхизмат меноманд, ки либоси махсуси доранд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …