Главная / Без рубрики / ТАРЗИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТ БО ЁРИИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

ТАРЗИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТ БО ЁРИИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

Бо ёрии равзанаи программаи системавии Роҳбалад амалиёти зиёдеро гузаронидан мумкин аст. Ба ин амалиёт амалиёти ба дигар папка кўчонидани объектҳои Роҳбалад, нусхабардорӣ намудани объектҳо, нобуд кардани объектҳо, ба кор даровардани программаҳо, таҳрир кардани ҳуҷҷатҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Тартиби иҷрои ин амалиётро дида мебароем:
rohbalad

Ба дигар папка кўчонидан. Аввал нишонаҳои заруриро ҷудо мекунем. Баъд дар менюи Роҳбалад банди Правка (Таҳрир)- ро интихоб карда, дар зерменюи он сатри Вырезать (Буридан)-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб мекунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудокардашуда ҷойгир карда шаванд. Сонӣ, аз сари нав дар менюи Роҳбалад банди Правка (Таҳрир)-ро интихоб карда, дар зерменюи он сатри Вставить (Гузоштан)-ро фаъол мегардонем.

Нусхабардорӣ кардан. Аввал нишонаҳои папкаҳоеро ҷудо менамоем, ки онҳо бояд ба дигар папка нусхабардорӣ карда шаванд. Баъд дар менюи Роҳбалад банди Правка (Таҳрир)-ро интихоб намуда, дар зерменюи он сатри Копировать (Нусхабардорӣ кардан)-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб мекунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудо кардашуда ҷойгир карда шаванд. Баъд дар менюи Роҳбалад аз нав банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи пайдошуда банди Вставить (Гузоштан)-ро фаъол мегардонем. Дар натиҷа, нишонаҳои интихобшуда ба папкаи ҷудокардашуда нусхабардорӣ карда мешаванд.

Нобуд кардан. Барои нобуд кардани объектҳои дохили папкаҳои интихобкардашуда ду усул вуҷуд дорад: якум, тугмаи Delete (Несткунӣ)-и клавиатураро пахш кардан ва дуюм, дар менюи Роҳбалад банди Файлро интихоб намудан ва дар зерменюи пайдошудаи он сатри Удалить (Нест кардан)-ро фаъол гардонидан. Дар ҳар ду ҳолат ҳам система мепурсад, ки шумо дар ҳақиқат объектҳои интихобкардаатонро ба Корзина (Сабад) партофтанӣ ҳастед? Барои тасдиқ тугмаи Да ва барои инкор тугмаи Нет -ро пахш кардан кифоя аст.

Ба кор даровардани программаҳо. Агар нишонаҳои интихоб- кардашуда нишонаҳои программаҳо бошанд, он гоҳ онҳо ҳангоми ду маротиба пай дар пай пахш кардани тугмаи чапи муш, мувофиқи тартиби интихобшудаашон ба кор оғоз мекунад.

Таҳрир кардани ҳуҷҷатҳо. Агар нишонаҳои интихобкардашуда нишонаҳои ҳуҷҷатҳо бошанд, он гоҳ информатсияи дохили онҳо дар равзанаҳои он программаҳое пайдо мешаванд, ки ин ҳуҷҷатҳо ба воситаи он программаҳо сохта шудаанд.

Дар аввал программае, ки ҳуҷҷати якумро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он информатсияи дохили он ҳуҷҷат пайдо мешавад. Мо имконият пайдо мекунем, ки

ҳуҷҷатро таҳрир кунем ва онро аз нав ба диск сабт намоем. Ҳангоми корро бо ин программа ба охир расонидан, программае, ки ҳуҷҷати дуюмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он матни информатсияи дохили он пайдо мешавад. Бо ҳамин усул ҳуҷҷатҳои боқимонда низ таҳрир карда шуда, аз нав ба диск сабт карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Кадом намуди амалиётро бо ёрии равзанаи программаи хидматии Роҳбалад иҷро намудан мумкин аст?
  2. Барои ба дигар папка кўчонидани объект аз менюи программаи Роҳбалад истифода бурдан қулайтар аст ё аз Панели асбобҳои он?
  3. Объектҳоро бо ёрии равзанаи Роҳбалад чӣ гуна нусхабардорӣ кардан мумкин аст?
  4. Кадом усулҳои несткунии объектҳои папкаҳоро медонед?
  5. Барои ба кор даровардани программаҳо ва таҳрир намудани ҳуҷҷатҳо кадом амалиётро иҷро намудан лозим аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Роҳбаладро кушоед, бо усули навигатсия нишонаи папкаи хусусии худро ёбед ва равзанаи онро фаъол гардонед.
  3. Ягон зерпапкаи папкаатонро интихоб намоед ва бо ёрии командаҳои дар матни мавзўъ овардашуда онро ба дигар зерпапкаатон кўчонед.
  4. Аз усули пай дар пай интихобкунии объектҳо истифода бурда, се объекти папкаатонро интихоб намоед ва онҳоро ба ягон зерпапкаи дигаратон гузоред.
  5. Аз усули интихобкунии объектҳои дар ҷойҳои гуногуни равзана ҷойгиршуда истифода бурда, се объекти папкаатонро интихоб намоед ва онҳоро нест намоед.
  6. Бо усули навигатсионӣ аз рўйхати программаҳои стандартии Windows папкаи программаҳои Игры (Бозиҳо)ро ёбед ва программаи Косынкаро ба кор дароред.
  7. Равзанаи ягон ҳуҷҷати ба воситаи протсессори матнии Word сохташударо кушоед ва намуди зоҳирии онро аз назар гузаронида аз нав онро пўшед.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …