Главная / Илм / Таркиби махсуси химиявӣ

Таркиби махсуси химиявӣ

Дар таркиби организмҳои зинда ҳамон элементҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо дар табиати ғайризинда низ вомехўранд. Бо вуҷуди он, таносуби элементҳо дар табиати зинда ва ғайризинда як хел нест.

himsostav-10Элементҳои таркиби ашёҳои ғайризинда, асосан аз оксиген, силитсий, оҳан, магний, алюминий ва ғайраҳо иборатанд. Тақрибан 98 фоизи таркиби организмҳои зинда бошад, аз чаҳор элемент – карбон, оксиген, нитроген ва ҳидроген иборат аст. Онҳо дар ҷисми организмҳои зинда дар шакли молекулаҳои мураккаби органикӣ вуҷуд доранд. Паҳншавии онҳо дар табиати ғайризинда миқдоран ва сифатан фарқ мекунад. Бештарин молекулаҳои органикии муҳити беруна маҳсули фаъолияти ҳаётии организмҳои зинда мебошанд.

Дар организмҳои зинда чанд гурўҳи асосии молекулаҳои органикӣ мавҷуданд. Онҳо вазифаҳои махсус дошта, аксарияташон полимерҳои танзимкунанда мебошанд. Дар ҷои аввал кислотаҳои нуклеинат – КДН ва КРН қарор доранд.

Онҳо қобили аз насл ба насл гузаронидани аломату хусусиятҳои организм буда, дар раванди тағйирпазирӣ ширкат меварзанд. Кислотаҳои нуклеинат метавонанд худ аз худ ҳосил шаванд. Ҷои дуюмро сафедаҳо мегиранд. Онҳо сохтори асосии организми зинда ё биокатализатор мебошанд. Дар ҷои саввум ангиштобҳо ва чарбҳоянд, ки қисми таркибии мембранаи биологӣ ва девори ҳуҷайраро ташкил дода, манбаи асосии энергия ва фаъолияти ҳаётии организмҳои зинда

мебошанд. Дар охир, дар ҷои чаҳорум гурўҳи калон ва гуногуншакли «молекулаҳои хурд» меистанд, ки дар раванди мубодилаи моддаҳои организмҳои зинда иштирок менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …