Главная / Илм / ТАРКИБ, СОХТ ВА ҲОЛАТИ МОДДАҲО

ТАРКИБ, СОХТ ВА ҲОЛАТИ МОДДАҲО

Одамон аз замонҳои қадим медонистанд, ки моддаҳо аз ҳиссачаҳои кӯчак иборат мебошанд. Ҳанӯз 2500 қабл инро олими юнонӣ Демокрит тасдиқ карда буд. Дар асоси таҷрибаҳо метавон исбот кард, ки моддаҳо аз ҳиссачаҳои кӯчак иборат мебошанд. Агар тавассути дастҳо тӯбро бифишорем, пас ҳаҷми ҳавое, ки тӯбро пур мекунад, кам мешавад.

■ Ҳаҷми ҷиcмхо ҳангоми гарму хунук кардани онхо тағйир меёбанд.

Колбаеро, ки гардани он ба об ғӯтонида шудааст, гарм кардан мекунем. Ҳангоми гарм кардан ҳаво обро аз колба танг карда, ҳубобчаҳои он шуруъ ба берун баромадан мекунанд.

Пас маълум мегардад, ки ҳаҷми ҳаво ҳангоми гарм кардани он васеъ гардидааст. Ҳангоми хунук кардани колба, аз вай об шуруъ ба берун баромадан мекунад. Ҳаҷми ҳавои дар колба боқимонда кам мешавад.

Таркиби атоми Тилло
Таркиби атоми Тилло

Аз ҳаёти рӯзмарра медонем, ки ҳангоми гарм кардани моеъ, сатҳи он зиёд мегардад. Таври мисол, агар мо зарфи сирдор ва ё чойнакро то бо лабҳояшон пур карда, шуруь ба гарм кардани он намоем, пас об ба фурӯ рехтан шуруъ менамояд.

Ҳаҷми ҷисмҳои сахт низ ҳангоми гарм кардан шуруъ ба зиёд шудан менамоянд. Таври мисол, саққои пӯлодин ва ҳалқаи пӯлодинеро мегирем, ки аз он саққо мегузарад. Агар сақкои пӯлодинро гарм карда, кӯшиши онро аз ҳалқа гузоронидан кунем, вай аз он нагузашта, дармемонад. Ҳангоми хунук кардани он вай аз ҳалқа ба осонй мегузарад. Зеро саққо ҳангоми гарм кардан васеъ шуда, ҳангоми хунук кар­дан фипгурда мегардад.

Шумо метавонед таври мустақилона ин таҷрибаро ба иҷро расонед. Ду адад мехро ба тахтаи кӯчак зада, байни онҳо пластини филизиро ҷойгир намоед.

Пластилини филизиро берун карда, онро гарм созед. Кӯшиш бикунед, ки онро дубора байни мехҳо ҷойгир намоед. Шумо чиро мушоҳида кардед?

Аз ин метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки моеъ, моддауои сахт ва газуо аз уиссачауои хурде иборат уастанд, ки дар байнашон фазое мавҷуд мебошад. Вакрпе уиссачауо аз уамдигар дур ме- шаванд, пас уачми ҷисмуо бузург мешаванд. Вале вақте онҳо бо ҳамдигар наздик мешаванд, ҳаҷмашон хурд мешавад.

Ҳиссачаҳои кӯчакеро, ки моддаро ташкил медиҳанд, мо молекула меномем. Молекулаҳои моддаҳо ҳама хусусияти онҳоро ифода мекунад.

Ҳиссачаи аз ҳама хурдтарини обро молекулаи об ва ҳиссачаи аз ҳама хурдтарини шакарро молекулаи шакар ташкил медиҳад. Барой мушаххас кардани андозаи молекулаҳо метавон чунин муқоисаро овард: уар уадар андозаи себ аз Замин
хурд аст, ба уамон андоза молекула нисбат ба ин себ хурдтар аст. Молекулауои моддауои гуногун аз уамдигар бо андозауои хеш фар к, мекунанд.

Вале ҳамаи онҳо хеле хурд мебошанд. Асбобҳои муосиру ҳозиразамон- микроскопҳои барқй ба мо имкони дидан ва акс бардоштани молекулаҳои аз ҳама калонро фароҳам меоваранд.

Азбаски андозаҳои молекулаҳо бисёр хурд мебошанд, дар ҳар як ашё теъдоди зиёди онҳо мавчуд мебошад. Агар зарраи регро аз рӯи микдори молекулаҳо дар 1м3 ҳаво ҷамъ биёварем, пас куҳи бузурги per пайдо мешавад. Сарфи назар аз ин ки молекулаҳо ҳиссачаҳои аз ҳама хурдтарини моддаҳо ба шумор мераванд, онҳо тақсим мешаванд.

▲ Ҳиссачаҳое, ки аз молекулаҳо иборатанд, атом номида мешаванд.

Таври мисол, молекулаи об аз се атом иборат мебошад: як атоми кислород ва ду атоми водород.

Атомҳо низ тақсим мешаванд. Онҳо аз ҳиссачаҳои боз ҳам хурдтар иборат мебошанд, ки онҳоро элементарй меноманд.

Дар ҳаёти рӯзмарраи худ мо надидаем, ки моддаҳои сахт ва ё моеъҳо дар молекулаҳо ҳал, яъне таҷзия шуда бошанд. Зеро ки молекулаҳои онҳо яке ба дигар пайваст мебошанд. Ашёи сахтро шикастан ва ё ёзондан муш- кил аст. Олимон дар асоси таҷриба исбот кардаанд, ки байни молекулаҳо ҷозибаи байниҳамдигарӣ мавчуд мебошанд.

Пурсишҳо

  1. Дар асоси кадом таҷриба метавон исбот кард, ки модда аз ҳиссачаҳои хурд иборат мебошанд?
  1. Arap мо обро дар чойнак гарм бикунем, вай аз он мешорад. Чаро?
  2. Молекула чист? Молекулаҳо чй тавр ҳаракат мекунанд?
  3. Ҳиссачаҳое, ки аз молекулаҳо иборатанд, чй номида мешаванд?
  4. Кадом ҳиссачаҳои элементариро Шумо медонед?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …