СУХАНЕ ЧАНД РОҶЕЪ БА МАҚОЛАИ
«Таърих гувоҳ аст»
Охирҳои моҳи январи соли 1983 писарам Саидислом дар вақти таътили зимистона аз Донишгоҳи металлургии Сибир ба Душанбе омада буд. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки чанд шумораи китоби Мӯмин Қаноат «Достони Сталинград»-ро ба ӯ ёфта диҳам, то ин ки ӯ талаби ҳаводорони достони Мӯмин Қаноатро дар Сибир қонеъ гардонад.
Сӯҳбати мо асосан аз ҳамин мавзӯъ оғоз шуда, баъд ҷиддитар шуда рафт. Дар ин вақт ба воситаи телевизиони Москав баромади олими тоҷикро нишон доданд, ки ӯ мегуфт: «Мо дар гузашта алифбо надоштем, ҳама корро аз «0» (сифр) оғоз намудем…». Ҳамоно писарам гуфт: «Ана-ана, худатон гузаштаатонро рад мекунеду боз аз мо даъво мекунед, ки ба халқҳои дигар дар бораи маданияти бостонии халқи тоҷик ҳарф занем. Кӣ ба гапи мо бовар мекунад?!».
Ин ақидаро олимони мо чанд сол пеш ҳам, дар арафаи съезди Умумииттифоқии нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ ба мухбири «АПН» дар Тоҷикистон иброз дошта буданд ва ин асос шуда буд, ки раиси Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ Константин Федин дар маърӯзаи худ гӯяд: «Халқи тоҷик дар гузашта бесавод буд, пас аз Инқилоби Октябр соҳиби алифбо гардид». Ин сухан он вақт табъи баъзе аз нависандагони мо – хусусан Мирзо Турсунзодаро хеле хира карда, дар ин хусус гапи зиёде шуда буд. Ҳатто он мухбирро аз Тоҷикистон пеш карда буданд.
Рӯзи дигар, банда, пас аз он ки бо писарам баҳс карда, мулзам шуда будам, бо табъи хира ба кафедра омадам.
Ба мактабхонаи пири муғон ҳар кас ки рӯ орад,
Фалотун мешавад мулзам зи як тифли дабистонаш.
Бо Нозирҷон Қулматов (Арабзода) дар ин хусус мубодилаи афкор намудам. Он кас зуд суол доданд: «Навиштанба ку менависем, вале кӣ онро чоп мекунад?». Фикр кардем, ки ягон рӯзнома ва ё маҷалла ин корро ба ӯҳда намегирад, ба ҷуз рӯзномаи «Муаллимон», ки он вақт бо ҷасорати мардонаи зани шуҷо Бӯринисо Бердиева баъзе шеърҳои устод Лоиқ чоп мешуданд. Ин зани диловар чун мақоларо хонда баромад, гуфт: «Калоншавандаҳо ба шумо хода мезананд. Раведу имзои бисёре ҷамъ кунед. Чоп мешавад». Мо дар ҷустуҷӯи имзо шудем, баъзе аз олимони номдор шарик шуданро бо мо муносиб надиданд. Вале чун мақола чоп шуду «резонанс»-и он зиёд гардид, баъд даъво карданд, ки онҳоро мо дуруст огоҳ накардаем, вале боз ҳуҷуми органҳои давлатӣ ба муқобили мо оғоз ёфт, ин «олимон» симои хешро таъғир дода бар зидди мақола фикр ронданд. Вале аксари ҷавонони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, ки аз ин воқеъа огоҳ мешуданд ба ин олимони “баруманд” нафрат хонда, гуфтаҳои эшонро айнан ба мо нақл менамуданд.
Хулоса зиёда аз як сол моро аз ғирбол гузарониданд. Ягон ҷаласае набуд, ки мазаммат накунанд. Вале шумораи мактубҳо ба идораи рӯзнома рӯз аз рӯз зиёд мешуданд. Ба қавли коргарони рӯзнома «дар таърихи рӯзноманигорӣ, дар Тоҷикистон, ҳеҷ вақт чунин шумораи зиёди мактубҳо, барои як мақола дида нашудааст». Ҳамаи онҳо ин мақоларо дастгирӣ мекарданд. Шояд ин аз он сабаб буд, ки вақт пухта мерасид ва бӯи Истиқлолият ба машом мерасид.
Барои чопи ин мақола муҳаррири рӯзномаи муаллимонро аз кор гирифтанд. Барои муаллифони ин мақола дари сафарро ба мамолики хориҷӣ бастанд…
Инак асли ин мақоларо аз саҳифаи «Газетаи муаллимон» аз 19 феврали с. 1983 айнан ба тавассути хонанда во мегузорем: матни ин мақола ба қалами марди наҷибу ширинкалом Нозирҷон Арабзода тааллуқ дорад. Мо на аз баҳри он «коҳи кӯҳнаро бод мекунем», ки ақидаи олимони мо тағйир ёфтаасту тири мо ба ҳадаф расид, балки баръакс дар замони мо олимони ҳавобаланд зиёд мегарданд. Чизҳои подарҳаворо ё мешунаванд ё аз ягон рӯзнома мехонанду онро дар қурхонаи ақл напухта, васф мекунанд, яъне ба қавли Ибни Сино «қудрати мустақил фикр ронданро надоранд». Ин аз он сабаб аст, ки системаи конвейерии унвонҳои олии илмӣ фалаҷ гардида, ба қонуни худинкоркунӣ наздик шудааст.
Иброҳим Умарзода