Главная / Гуногун / Тарбияи фарзанд

Тарбияи фарзанд

Яке аз вузароро писаре кавдан буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рўзгоре таълим кардашу муассир намуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

sdfsЧун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ў асар бошад.
Ҳеҷ сайқал накў наёрад кард
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона машўй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд,ҳанўз хар бошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …