Главная / Гуногун / ТАНБЕҲ – Имом Абӯҳанифа

ТАНБЕҲ – Имом Абӯҳанифа

Ончи, ки аз Имом Абӯҳанифа (р), дар бораи шинохти Парвардигор ба ривояти: («-Ъарафатака ҳаққа маърифатака») нақл шуда аст, агар чунонки ин ривоят саҳеҳ бошад, манофӣ бо ончи, ки аз ғайри эшон, аз авлиёи ҳақ, ба иборате дигар чун: («-Субҳонака мо ъарафнока ҳаққа маърифатака». Яъне: «-Покӣ аст Туро, Туро, чунонки бояд нашинохтаем»). Нақл шуда аст, нест, зеро муроди Имом Абӯҳанифа (р) ин буда аст, ки «-Шинохтам Туро ончунон, ки бояд мешинохтам». Ба шинохте, ки сазовори Ҳақ аст ва аҳаде наметавонад, ба кунҳ (поёни чизе; зот, яъне, ҳақиқат ва воқеияти зоти ҳақ, он тавр, ки ҳаст)-и вуҷуди шарифи он даст ёбад.

Ва ҳақиқат низ ҳамин аст, ки Сайидалмурсалин ва сардори аввалину охирин (с) мегӯянд: («-Ло уҳсию саноан ъалайка анта камо аснайта ъало нафсик. Яъне: «-Наметавонам он чунон ки худ бар хештан сано гуфтаӣ, санои туро баршуморам»).

Ва дар Ҳадис шафоати азиме омада аст: Бар Расули Худо (с) дар вақти дуояшон маорифу маҳомаде илҳом мешуд, ки қаблан ба ишон илҳом нагардида буд, маорифе нав ба нав мутаҷаддид, ки бар эшон файзон мегардид.

Агар касе гуфт, ки истодан бар як по дар намоз, дар назди ғайри Эшон, аз аима (имонон) макрӯҳ аст, зеро Ҳадиси наҳӣ, аз чунин Намозе, Ҳадиси саҳеҳе аст, пас фарзро бар он қарор медиҳем, ки ин кор дар назди эшон низ макрӯҳ буда аст, дар ин сурат чаро эшон Муртакиби ин амали макрӯҳ гардидаанд? Дар посух бояд гуфт, ки истодани Имом Абӯҳанифа (р) бар як пояшон, дар намоз, ба нияти муҷоҳида бо нафс буд, ва баъид нест, ки нияти муҷоҳида ба нафс, дар мисл чунин ҳолоте, ки хушӯъ (фурӯтанӣ, товазӯъ) дар он мухтал (халал ёфта) намешавад, монеъи кароҳият бошад.

Ва хатми Қуръони Карим, дар як ракаъат мунофӣ, бо Ҳадисе нест, ки мегӯяд: «-Ҳар кас Қуръонро дар камтар, аз се рӯз хатм кунад, мафоҳими онро дар наёфта аст». Зеро ин Ҳадиси шариф «нозир бар ононе аст, ки дар ҳифзу суҳулат (осони)-и қироат ва фарох шудани замон, хориқи одат (хилофи одат-аз мӯъҷизоти анбиёву каромоти авлиё) барои эшон рӯнамо намешавад, дар ҳоле, ки Имом Абӯҳанифа (р) аз аҳли хориқулодат ва соҳиби илҳомоту каромот ва кашф будаанд.

Ба ҳамин далел ривоят шуда аст, ки бисёр аз саҳобаи киром ва тобиъин раҳматуллоҳ Қуръонро дар як ракаъат хатм мекардаанд, балки баъзе аз онон Қуръонро чаҳор бор дар миёни Мағриб ва Ъишо (шом ва хуфтан) хатм кардаанд ва ҳамаи онҳо аз боби каромот аст, (ки Худованд на ба ҳар кас ин амалро насибу рӯзи мегардонад-С.Б.Б), ки касеро бар он эътирозе натавонад буд! 62-77-78.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …