Главная / Илм / Таъминоти барномавии компютери фардӣ

Таъминоти барномавии компютери фардӣ

Дар ҳолате, ки блокҳои компютерҳои фардӣ бо барнома таъмин набошанд, он гоҳ онҳо ба мисли қуттиҳои пўлодии холӣ мебошанд.

        Дар ҳолате ки компютерҳои фардӣ бо монитор, клавиатура, муш, блоки системавӣ муҷаҳҳаз бошанд, он гоҳ онҳо бо дастгоҳҳо таъмин мебошанд, яъне онҳо таъминоти техникиро доро буда, мо онро бо чашмони худ дида, истифода бурда метавонем. Таъминоти барномавии компютери фардӣ аз байтҳо ва битҳо, яъне воҳидҳои ахбор иборат мебошанд.

        Бо таъминоти барномавии махсус, ки он системаи амалиётӣ ном дорад, мо метавонем алоқаи байниҳамдигарии қисмҳои компютери фардиро муайян намоем.

        Дар ин ҷо системаи амалиётӣ системаи компютериро ба кор омода месозад, яъне қисми ноқилӣ ­ (шлюз) барои қисмати дастгоҳии компютери фардӣ истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин системаи амалиётӣ алоқаи байниҳамдигарии таъминоти дастгоҳӣ ва барномавии компютерҳои фардиро муайян месозад. Бисёрии компютерҳои фардӣ имрўз бо системаи амалиёти васлшудаи Microsoft Windows  пешкаши истифодабарандагон карда мешаванд, ки ин маҳсули ширкати Microsoft corporation буда, қариб 15 сол истифода мешавад.

        Системаи амалиётии Windows ягона системаи амалиётии истифодашаванда нест. Дар компютерҳои истеҳсоли ширкати Apple системаи амалиётии дигар, ки MacOS ном дорад, истифода бурда мешавад.

        Дар ҷаҳон якчанд ширкат ба сохтани системаҳои оператсионӣ машғуланд ва дар ҳар як мамлакат аз ин системаҳо истифода мебаранд, аз ҷумла, дар Тоҷикистон 95 фисад истифодабарандагон аз системаи оператсионии Windows истифода мебаранд. Дар солҳои охир аз ин ширкат якчанд тафсир (версия) ба монанди,

Microsoft

  • MSX-DOS
  • MS-DOS
  • Microsoft Windows
    • Windows 1.0
    • Windows 2.0
    • Windows 3.0
    • Windows 3.1
    • Windows 3.11
    • Windows 95
    • Windows 98
    • Windows Me
    • Windows NT
    • Windows NT 3.5
    • Windows NT 4.0
    • Windows 2000
    • Windows XP Professional
    • Windows Server 2003
    • Windows Vista
    • Windows Vista Server 2008
    • Xenix
    • Windows CE
    • Pocket PC, Windows Mobile

ба муштариён ба фурўш баровард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …