Главная / Гуногун / Таъмини шаҳрвандон бо РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда )

Таъмини шаҳрвандон бо РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда )

Вазифаи бахши бақайдгирии дав латии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андоз, пеш аз ҳама, ба қайди давлатӣ гирифтани субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ташки лоту муассисаҳо, соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъо лияткунанда, филиали намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ташкилоту корхона мебошад,  гуфт мутахассиси бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ Ҷумахон Палавонов.

РМА Рақами мушаххаси андозсупоранда Мавсуф ҳамчунин, изҳор дошт, ки бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андоз бо мақсади бақайдгирии давлатӣ дар ин давра як қатор корҳои назаррасро анҷом дода, дар чор моҳи соли ҷорӣ 130 адад субъекти хоҷагидорро ба қайди давлатӣ гирифтанд, ки аз ин 4 шахси ҳуқуқӣ, 75 хоҷаги деҳқонӣ, 15 шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ва 36 соҳибкори бо патент амалкунанда мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки шумораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, яъне 4 моҳи соли 2019, як баробар кам гардидааст. Тибқи маълумот, дар давраи мазкур шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ноҳияи Восеъ 331 адад ба қайди давлатӣ гирифта шуда буд.

Феълан дар ҳудуди ноҳия 497 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 3290 хоҷагии деҳқонӣ, 1508 соҳибкори тибқи па тент фаъолияткунанда ва 475 шахси ҳуқуқӣ ҳамчун андозсупоранда ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома амалкунанда ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Восеъ ба 5297 адад расидааст.

Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нози роти андоз дар ноҳияи Восеъ дар ин давра ба зиёда аз 1500 шаҳрванди ноҳия тариқи ройгон Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) додааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ, шаҳри Кӯлоб

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …