Главная / Илм / Талхшувоқ — дар хислат чигуна аст?

Талхшувоқ — дар хислат чигуна аст?

Ин гиёҳро ба забони ӯзбекӣ эрман ва ба русӣ горькая полынь мегӯянд ва алҳол дар дорухонаҳо ба «полынь трава» машҳур аст.Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

talxshuvoq

  Хислатҳои шифобахши он: ба дарун истеъмол кардани он гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, иштиҳо меоварад, хилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талхро, ки дар меъда шах шуда бошанд, ба воситаи пешоб хориҷ мекунад; рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Агар инро бардавом бо зарпечак якҷо бихӯранд, хилти савдоро ҳам рснда, баданро аз он пок менамояд ва барои дарди сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), карахтии узвҳо, ларзак, саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мондан), дар хоб сиёҳӣ зер кардан, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, молихулиё, лисаргус (летаргия); бемориҳои чашм, гӯш, даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талхадон, сипурз, бачадон, бавосир, дарди асабҳо, мондагй, гирдак-гирдак рехтани мӯйи сар ва риш, дафъ кардани таъсири заҳри хӯрдашуда ва газидани ҷонварони заҳрнок даво мешавад, меъдаро кувват медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад; пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; ҳамаи навъҳои кирми шикам, аз ҷумла кирми кадудонаро низ мекушад.

  Агар инро дар об ҷӯш дода, бо он об ғарғара кунанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад. Оберо, ки дар он талхшувоқ ҷӯшонида шуда бошад, бо асал даромехта биёшоманд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ пахш кардан барои ҳамааш дору мебошад. Чун каси фолиҷзада дар меъдааш ахлоти гарми аз чизҳои хӯрда шуда ҷамъ гашта бошад, талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшад, он ахлоти зарарнокро дарҳол хориҷ мегардонад.

  Оби гиёҳи тарашро дар гулӯ ё дар бинии сактазада бирезанд, зуд онро ба ҳуш меоварад.

  Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бо сабир (алоэ) бихӯранд, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз бисёрии балғам ва сафро ба зуҳур омада бошанд, ислоҳ мекунад. Агар инро дар об як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда бинӯшонанд, лисарғусро ҳушёр мекунад.

  Чун гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме, ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда бошад, гармбандӣ кунанд, онро дафъ месозад. Дар ин амал ин даво хунро ба дараҷае мекашад, ки агар он латтаро бифишоранд, хун аз он бармеояд

  Ин гиёҳро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, ба чашм бимоланд, дарди чашм ва пардаеро, ки чашмро торик мегардонад ва инчунин дарди луққосии чашмро шифо мебахшад.

  Талхшувоқро гард; барин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд; дарди чашм ва пардаи бегонаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

  Чун ин гиёҳро дар шароб ҷӯшонида, гӯшро ба бухораш бидоранд, ; дарди онро дафъ мекунад ва инчунин варами баногӯшро мегардонад.

  Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бар болояш равғани  бодоми  талх рехта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, ба ҳадде ки об батамом бухор шуда раваду, равған бимонад. Ин равғанро бо камтар заҳраи буз даромехта, дамгарм дар гӯш чаконанд, боди даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш ҷарангҳои гуногунро ба амал меоваранд таҳлил медиҳад ва агар дарунаш ҷароҳат дошта бошад, ҳамон дам пок мегардонад, инчунин кариро, ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад, дафъ мекунад ва бо ин ҳама омадани зардобро аз даруни он шифо мебахшад.

  Инро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, дарди меъдаро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаро қувват мебахшад; иштиҳои таом батамом барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; барои дардҳои ҷанин, тиҳигох (холияки паҳлу), варамидани рӯй ва дасту поҳо, истисқо (водянка), дардҳои гуногуни буғумҳо, бемориҳои мақъад, ки ҳама аз сардӣ бошанд, давои хуб мегардад; бухорҳои мурдорро аз бадан дафъ мекунад; мизоҷи вайронгаштаро ислоҳ мекунад, ҷигари сустро ба ҳолати эътидол меоварад.

  Агар инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯз то даҳ рӯз 100 грамм аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, ба парҳез ҳам ҳеҷ ҳоҷат нест; ва агар аз бисёр шудани рутубат иштиҳо гум шуда бошад, барқарор менамояд. Оберо, ки дар он талхшувоқ ҷӯшонида шуда бошад, бо асал ё бо зарпечак биёшоманд, ҳамаи бемориҳои сипурзро ба ибро меоварад

  Ин гиёҳро кӯфта, бо анҷир, натрун (танакори арманӣ) ва орди гандуми девона даромехта гузошта банданд, истисқоро шифо мебахшад ва агар бо худи сирко хамир карда, ба шикам гузошта банданд, барои дафъи ин беморӣ зудтар таъсир мекунад.

  Талхшувоқро бо юнучқаи зардак (говришқа) якҷо дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад.

  Агар ин гиёҳро дар об ҷӯш дода, бо сирко сиришта, ба буғумҳое, ки аз гармӣ дард мекарда бошанд, бимоланд, ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо муми занбӯри асал ва равғани гули сурх сиришта, аз рӯ бимоланд, дарди тиҳигоҳ, дарди кӯҳнаи меъда ва дарди ҷигарро дафъ мекунад; бавосирро нафъ дорад, мақъади кафидаро сиҳат мекунад ва дарди онро низ таскин медиҳад; бачадони сахтшударо, ки дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд, чун аслӣ мулоим ва солим мегардонад.

  Агар худашро танҳо кӯфта, занҳо ба зери ноф гузошта банданд ё маҳин кӯфта, онро бо асал хамир карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро равон менамояд, яъне мекушояд. Агар инро бо муми занбӯри асал якҷо шамъча сохта, дар сӯрохи мақъад бардоранд, кирмҳои кадудона (солитёр)-ро ихроҷ мекунад.

  Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо биринҷи пухтагӣ ё бо наски пухгагӣ бихӯранд, ҳамаи кирмҳои шикамро кушта, берун меоварад, дарунро меронад; агар он обро бо сирко бинӯшанд, барои бавосир ва кафидани мақъад дору мешавад, инчунин моддаҳои гарммизоҷро, ки дар натиҷаи нӯшидани давоҳои гарммизоҷ дар меъда ҷамъ шуда бошанд, дафъ мегардонад.

  Аз талхшувоқ шароб тайёр карда бинӯшанд, тарангии зери қабурғаҳоро ислоҳ мекунад, меъдаро кувват мебахшад, бавосирро дафъ мекунад, сахтии узвро нарм мегардонад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй меруёнад.

  Гиёҳи хушки онро дар сандуқ, ҷомадон ва ҷевони либосҳо гузоранд, монеъи кирм задани он чизҳо мегардад.

  Агар дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, сиёҳӣ тартиб диҳанду бо он сиёҳӣ ҳар чизеро китобат карда бошанд, он навиштаҷот ва китобро куя, кирм, муш ва дигар зараркунандаҳо намехӯранд, хаташ ҳам ҳазорҳо сол боқӣ мемонад.

  Кӯфтаи онро бо равғани зайтун даромехта, бар бадан бимоланд, пашша ба он кас наздик намеояд. Агар аз бисёрии кайк ба ранҷ омада бошанд, ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, дар он об латтаеро тар намуда, ба макони кайкон паҳн кунанд, кайкҳо ҳама ба рӯйи он матоъ ҷамъ шуда мемиранд ва агар ба он ҷо бипошанд ҳам, раво мебошад.

  Вале ҳӯрдани талхшувоқ сари меъдаро суст мекунад, дарди сар меоварад. Дар ин ҳолат агар ба сардмизоҷон зарар карда бошад, мустако бояд бихӯранд ва агар ба гарммизоҷон зарар оварад, шарбати анор ва монанди ин шарбатҳоро биёшоманд, зиёнашро дафъ мекуыад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз талқони кӯфтаи он дар як рӯз аз 4,5 то 9 грамм аст. Дар вақти худашро хӯрдан бояд, ки бо равғани бодоми ширин чарб намоянд, вале агар ҷӯшониданаш матлуб бошад, 7 граммашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …