Главная / Биология / Тағйири шакли навда, решапоя, лӯнда, пиёзак

Тағйири шакли навда, решапоя, лӯнда, пиёзак

Баъзе растаниҳои бисёрсолаи алафӣ гӯё “анборҳои” махсуси зеризаминӣ доранд. Дар фасли тирамоҳ узвҳои рӯизаминии ин растаниҳо аз сабзиш боз монда, хушк мешаванд. Реша ва навдаи шаклдигаркардаи онҳо дар зери хок боқӣ мемонад. Онҳо бо сабаби вазифаҳои нав пайдо карданашон ба узвҳои рӯизаминии муқаррарӣ монанд нестанд. Маҳз дар чунин навдаҳои шаклдигаркарда барои сабзишу инкишофи минбаъдаи онҳо моддаҳои органикӣ захира мешаванд. Решапоя, лӯнда ва пиёзак навдаҳои шаклдигаркарда мебошанд.

resha

Дар бисёр растаниҳо, аз он ҷумла дар газна (тавланг), ғумой, шақоиқ , гули ливондар, аспидистра (растании хонагӣ) решапоя дида мешавад. Агар решапояи ягонтои ин растаниҳоро аз замин кофта гирем, мебинем, ки вай зоҳиран ба реша монанд аст. Вале дар он чун дар пояи рӯизаминӣ сармуғҷа ва бармуғҷа (муғҷаи паҳлуӣ) ва инчунин пулакчаҳои пардамонанд (ё баргҳои шакпдигаркарда) мавҷуд аст. Одатан аз решапоя решаҳои иловагӣ инкишоф меёбанд. Аз муғҷаҳои нӯгӣ ва пахдуӣ дар фасли баҳор пояҳои навраси рӯизаминӣ мерӯянд. Онҳо то сабзидану инкишофи пояи рӯизаминӣ аз ҳисоби моддаҳои ғизоие, ки тирамоҳ дар решапояашон захира карда буданд, ғизо ме- гиранд. Агар ҷузъи решапояро, ки муғҷа ва решаҳои иловагӣ дорад, дар хок шинонем, вай хамчун растании мустақил нашъунамо мекунад. Бисёр растаниҳои бисёрсолаи ороиширо тавассути ба ҷузъҳо (қисмҳо) ҷудо кардани решапояашон афзун мекунанд.

Растаниҳои лӯндаҳосилкунанда кам вомехӯранд. Растании кар- тошка, ноки заминӣ (топинамбур) ва гули ҳавоборонак (равғандуз- дак) низ лӯнда доранд. Лӯндаи картошка аз муғҷаҳои зерихокӣ бо- тадриҷ дар фосилаи муайяни вақг ҳосил мешавад. Аввало аз муғҷаи дар бехи (буни) пояи рӯизаминӣ инхишофёфта пояи борику дароз ва сафеди зерихокӣ — столон ҳосил мешавад. Сипас нӯги столон ғафс гардида, ба лӯнда табдил меёбад. Лӯндаи картошка хлорофилл надорад, вале агар ба рӯшноӣ гузорем, сабз мешавад.

Дар сатҳи берунии лӯнда ҷо-ҷо чуқурчаҳои 2-3 муғҷадор дида мешаванд, ки онҳоро чашмакчаҳо меноманд. Дар қисми нӯгии лӯнда чашмакҳо бисёранд. Тарафи муқобили қисми нӯгиро асос ё буни лӯнда мегӯянд. Лӯнда бо бунаш ба столонҳо пайваст аст.

Хусусиятҳои сохти лӯндаи картошка ба он далолат мекунад, ки вай навдаи шаклдигаркардаи зерихокист.

Тавассути поя аз барги картошка ба столонҳо мудом (доимо) моддаҳои органикӣ ҷорӣ гардида, дар намуди оҳар дар нӯги ғафсшудаистодаи столонҳо захира мешаванд. Агар лӯндаи картошкаро бурида ба он як қатра маҳлули сероби йод чаконем он кабудранг мегар- дад. Ин ҳолат ба мавҷуд будани оҳар шаҳоддт медиҳад.

Бисёр растаниҳои бисёрсола — пиёз, гули занбақ, лола, наргис, пиёзи ғоз, сиёҳалаф ва ғайраҳо пиёзак доранд.

Пиёзакро ҳамаи шумо дидаед. Дар ҷузъи поёнии пиёзаки (буни) пиёз пояи хеле кӯтоҳу паҳндилак ё ӯзак ҷой гирифтааст. Дар ӯзак баргҳои шаклдигаркардаи пулакчамонанд ҷойгир шудаанд. Агар пулакчаҳои дарунӣ сермағзу сероб бошанд, пулакчаҳои берунӣ баръакс хушк ва чарммонанданд. Дар пулакчаҳои дарунӣ об ва қанди дар он ҳалгардида ва дигар моддаҳо захира шудаанд. Дар ӯзак мавҷуд будани муғҷа, ки дар бағали пулакчаҳо ҷой гирифтааст, шаҳодат медиҳад, ки пиёзак навдаи шакпан дигаршуда мебошад.

Агар пиёзакро дар замин шинонем, аз тарафи поёни ӯзак патак- реша месабзад. Баъзан аз муғҷа пиёзакчаҳои наврас инкишоф меё- банд, ки онҳоро муғҷапиёзакчаҳо меноманд. Аз ҳар кадоми ин муғҷапиёзакчаҳои наврас метавонад растании мустақил рӯяд.

  1. Кадом хелҳои тағйири шакли навдаро медонед?
  2. Решапоя аз реша бо чӣ фарқ мекунад?
  3. Столон чист?
  4. Лӯндаи картошка чӣ тавр инкишоф меёбад?
  5. Дар лӯндаи картошка кадом моддаи органикӣ бештар ғун шудааст?
  6. Пиёзак чӣ гуна сохт дорад? Чӣ тавр бояд исбот кард, ки пиёзак навдаи шаклдигаркарда аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …