Главная / Теги: Тиб (страница 5)

Теги: Тиб

МАНОМЕТР

manometr

МАНОМЕТР (юн. manos – тунук ва metreo – чен кардан), асбоб барои чан кардани фишори газ ё моеъ. М. барои чен кардани вакуум – вакуумметр, барои чен кардани фишори атмосфера – барометр ном дорад. М.-ҳо моеъӣ, деформатсиявӣ ва поршенӣ мешаванд (М.-ҳои першениро дар тиб истифода намебаранд). М. барои чен кардани …

Муфассал »

«МАНОФЕЪУ-Л-АҒЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИҲО»

kitob

«МАНОФЕЪУ-Л-АҒЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИҲО», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб дар баёни судмандиҳои ғизоҳо ва чигуна бартараф кардани зиёни онҳо буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи «Китобу дафъи мазорри-л-ағзия» низ зикр шудааст. Муаллиф китобро барои амир Абулаббос Аҳмад ибни Алӣ таълиф …

Муфассал »

«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН»

madanu-shifo

«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН» (Тадбирҳои фоиданок барои инсон), асари Абулғозӣ Баҳодурхон ибни Арабмуҳаммадхони Хоразмӣ (1603 – 64) дар боби тиб. Дар нимаи а. 17 ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Асари мазкур аз муқаддима ва 4 қисм иборат буда, дар бораи хелҳои доруҳои содда ва мураккаб, усулҳои дарёфт, тайёр кардан ва истифодаи онҳо, тарзҳои …

Муфассал »

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович

mansurov-hamid

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарқанд), терапевт, доктори илми тиб (1958), проф. (1961), Узви пайвастаи АИ ҶТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1976), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). С. 1947, баъди …

Муфассал »

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна

nophoto

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна (15. 11. 1925, Бухоро – 06. 04. 1991, ш. Душанбе), духтур ва биохимик, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). С-ҳои 1951 – 59 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, с-ҳои 1959 – 76 …

Муфассал »

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна

mansurova-farida

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна (тав. 1952, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1998), проф. (2007), дорандаи мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1975). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1977), корманди хурд ва калони илмии шӯъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977 – 84), …

Муфассал »

МАОРИФИ САНИТАРӣ

maorifi-sanitari

МАОРИФИ САНИТАРӣ, паҳн кардани донишҳои тиббӣ ва гигиенӣ; дар байни аҳолӣ бо мақсади нигаҳдорӣ ва пойдор гардондани саломатии онҳо тарбия намудани малакаҳои беҳдоштӣ. Гузарондани корҳои М. с. яке аз вазифаҳои асосии духтурон аст. Дар амалияи М. с. лексияю сӯҳбатҳои кормандони тиб, тарғиби донишҳои тиббӣ ба воситаи матбуот, радио, кино, телевизион …

Муфассал »

МАРВАЗӣ

nophoto

МАРВАЗӣ, Абдурраҳмон Ҳасани Қуттонии Марвазӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), табиб, риёзидон ва мунаҷҷими а. 12 форс-тоҷик. Дар ш. Марв таваллуд ёфта, таҳсили илм кардааст. М. оид ба тиб «Расоил фи-т-тиб» (Рисолаҳо роҷеъ ба тиб), «Китобу-р-равзот фи-л-ансоб» (Китоб оид ба насабҳо) ва диг. асарҳо эҷод намудааст. Вай дар асарҳояш усулҳои …

Муфассал »

МАРВАК

marvak

МАРВАК (Salvia sсlarea), м а р м а р а к, к а м п и р г у л а к, м а с тур а к, қ а л д и р м о ғ, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 130 см қад мекашад. Пояи рост ва одатан …

Муфассал »

МАРГ

marg

МАРГ (Exanimatio), аҷал, фавт, бебозгашт қатъ гардидани фаъолияти организм, зинаи охирин ва ногузири ҳаёти ҳар як фард. Дар одаму ҳайвоноти олиташаккул қатъи амалиёти ҳаётан муҳим (нафаскашӣ, гардиши хун) дарҳол боиси ихтилоли бебозгашти сохти ҳуҷайраю бофтаҳо намегардад. Қатъ гаштани ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ихтилоли узву бофтаҳои гуногун якбора фаро намерасад, яъне …

Муфассал »