Главная / Теги: Тиб (страница 10)

Теги: Тиб

МАШҒУЛИЯТИ СПОРТӣ

mashguliyati-sporti

МАШҒУЛИЯТИ СПОРТӣ. Ҳангоми мунтазам бо варзиш машғул шудан, дар организми одам тағйироти морфологӣ ва физиологие ба амал меояд, ки фаъолияти тамоми узву бофтаҳоро тақвият мебахшад. Дар натиҷа муқовамати организм ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит ва мутобиқати он ба таҳмили гуногун афзуда, ҷисми одам нағз инкишоф меёбад. Дар ин тағйирот, ки …

Муфассал »

МАШМАША

mashmasha

МАШМАША (Malleus), сап, бемории сироятии одаму ҳайвонот, ки ҳангоми он дар узву бофтаҳо думбалҳо пайдо мешаванд. Ангезандаи беморӣ бактерияи чӯбчашакл (Pseudomonas mellei) аст. Он дар ҷойҳои сернам ва обу хок то 1 – 2 моҳ, дар тарашшӯҳи беморону ҷасади ҳайвоноти фавтида чанд ҳафта зинда мемонад; аз таъсири гандзудоӣ (дезинфекция) зуд …

Муфассал »

«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО»

madanu-shifo

«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО» («Кони шифобахш»), асари Бҳува ибни Хавосхон дар боби тиб, ки дар Ҳиндустон ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. «М.» бо номи «Тибби искандарӣ» ва «Тибби сикандарӣ» низ маъруф мебошад. Муаллиф онро ба амри ҳокими замони худ Искандаршоҳи Лудӣ с. 1512 дар асоси китобҳои Аюрведаи ҳиндӣ дар як муҷаллади бузург таълиф …

Муфассал »

МЕБЕЛ

mebel

МЕБЕЛ, асбобу анҷоми хона ва истеҳсолот. Барои сохтани М. тахта, пластмасса, металл ва диг. масолеҳро истифода мебаранд. М. – ҳое маъмул гаштаанд, ки аз чанд қисм иборатанду як блоки мукаммалро ташкил медиҳанд. М. чунин талаботи ҳатмии гигиенӣ дорад: бояд ба андозаи тани одам ва синну сол мувофиқат кунад, зеро мизҳои …

Муфассал »

МЕГАКОЛОН

megakolon

МЕГАКОЛОН (Megacolon; юн. megas – калон ва лот. colon – қулун), қисман ё пурра васеъ гаштани рӯдаи ғафс. Васеъшавии патологии рӯдаи сигмашаклро «мегасигма» меноманд. Сабабҳои М. гуногун мебошанд: пурра тараққӣ накардани дастгоҳи асабҳои рӯдаи ғафс (аганглиоз), осеби силсилаи асабҳои марказӣ, ноҷуриҳои эндокринӣ, гиповитаминозҳо, омилҳои равонӣ. Дар кӯдакон сабаби нисбатан бештари …

Муфассал »

МЕДИАСТИНИТ

mediastinit

МЕДИАСТИНИТ (Mediastinitis; лот. mediastinum – миёндевор), илтиҳоби насҷи миёндевор. Ҳамчун оризаи бемориҳои римдори плевра, шуш, дабилаи рӯй ва гардан, инчунин дар натиҷаи осеби узвҳои миёндевор (мас., сӯрхрӯдаро сӯрох кардани ҷисмҳои бегона), зимни тадқиқи эндоскопӣ ё баъди ҷарроҳӣ (мас., буридани сурхрӯда, протезгузорӣ ба клапанҳои дил, чок кардани хирной ва бронхҳо) ба …

Муфассал »

МЕДИАСТИНОГРАФИЯ

mediastinografiya

МЕДИАСТИНОГРАФИЯ (Mediastinographia; юн. mediastinum – миёндевор ва …графия), усули тадқиқи рентгенологии узвҳои миёндевор баъди ба насҷи он фиристодани газ (закиси нитроген, гази карбонат). М. имкон медиҳад, ки омосҳои миёндевор ва узвҳои он, калон гаштани уқдаҳои лимфавӣ ва ғ. ошкор карда шаванд.

Муфассал »

МЕДИАТОРҲО

mediatorho

МЕДИАТОРҲО (лот. mediator – миёнарав, воситачӣ), моддаҳои ноқил, моддаҳои химиявие, ки дар нӯги асаб ташаккул ёфта, ангезишро аз як ҳуҷайраи асаб ба ҳуҷайраи дигар ё аз нӯги тори асаб ба узви корӣ (нахи мушак, ҳуҷайраи ғадуд ва ғ.) мегузаронанд. М.-ро с. 1921 дорушиноси машҳури австриягӣ О. Леви кашф кардааст. ӯ …

Муфассал »

МЕДНИК Григорий Лвович

nophoto

МЕДНИК Григорий Лвович (28. 9. 1924, ш. Одесса – 12. 8. 1982, Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1966), проф. (1967). Фак-ти муолиҷавии Ин-ти давлатии тиббии Одессаро хатм кардааст (1947). Аз с. 1953 аввал ассистент, баъд мудири кафедраи фармакология ва котиби илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. М. муаллифи …

Муфассал »

МЕЗАДЕНИТ

mezedenit

МЕЗАДЕНИТ (Mesadenitis; лот. mes[enterium] – масориқа ва aden – ғадуд), илтиҳоби уқдаҳои лимфавии масориқаи рӯда. М. муқаррарӣ (оддӣ ва фасодӣ) ва силӣ, вобаста ба ҷараён бошад, шадид ва музмин мешавад. М.-и муқаррарии шадид бо дарди ногаҳонии қабзкунанда ё доимӣ дар гирди ноф ё росттар аз он оғоз меёбад; дард аз …

Муфассал »