Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 4)

Теги: Канзи Шифо

Мӯрд дар Канзи Шифо

murt

Мӯрд — Ин буттаро ба арабӣ ос ва ба русӣ мирт меноманд. Навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ низ дорад. Дарахти саҳроии он нисбат ба бӯстониаш кӯчактар ва интиҳояш ба бузургии буттаи анор мешавад. Барги бӯстониаш сабзтар, ғафстар ва он қадар дароз намешавад, хушбӯй аст, хазон намекунад. Таъмаш андак талх ва чун мозу …

Муфассал »

Мӯрди саҳроӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

murdi-sahroii

Инро тоҷикон девмӯрд меноманд ва ба забони арабӣ райҳон-ул-қубур, яъне райҳони қабристон мегӯянд. Растании ин аз буттаи мӯрди бӯстонӣ, ки мо дар боло гуфтем, хурдтар ва баргаш каме сербар ва зардранги нӯгтез. Чӯбаш нисбатан сахттар; самараш кулӯла ва баъди расидан бағоят сурх мегардад, ки аз миёнаи баргаш бармеояд. Аз як …

Муфассал »

Тухми хонагӣ ё бозорӣ хуб аст?

?????????????

Тухми хонагӣ чист? Тухми хонагӣ ин тухмест, ки аз мурғҳои дар ҳавлии мардуми ноҳияву қишлоқҳо ҳосилшаванда мебошанд. Тухм аз ҳама ғизои боқуватарин ба ҳисоб мервад ва баъди он дар ҷойи 2-юм гушту савуму  чорум дигар ғизоҳои рӯзмара мебошанд. Бояд ба инобат гирифт, ки на ҳамаи  тухмҳо якхела қувва ё доранду …

Муфассал »

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

dianthus-pavonius

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад.  Аз ҳар  гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозї то 2-3 сантиметр.  Дар сари ҳар соқ яктої кӯсак дорад ба тӯлонии якуним-ду сантиметр ва …

Муфассал »

Турб дар Канзи Шифо (Китоб)

turb

Турб ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд.  Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи севум ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Яъне тухмашро бихӯранд, барои одамони хунукмизоҷ  ва тармизоҷ  форам аст, вале хӯрдани худи турб ба одамони тармизоҷ ва меъдаашон рутубатнок зарар дорад. Зеро ки бехрешаи он, яъне қисми …

Муфассал »

Пойи зоғ дар Канзи Шифо (Китоб)

sog-az-donotarin-paranda

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони арабӣ отрилол мегӯянд ва дар тиб маҳз тухми он ба кор меравад. Ин гиёҳ дар ҳамаи кӯҳистон ва минтақаҳои доманакӯҳӣ мерӯяд. Растаниаш каме ба шибит монанд, гулаш сафед, баргаш пошхӯрдаи пароканда, пояаш чорпаҳлӯ, дар охири …

Муфассал »

Олу дар Канзи Шифо (Китоб)

olu_-660x330

Дар тиб аксар олуи сиёҳ ба кор меравад, ки пухта шодоб ва ширин шуда бошад. Мизоҷи олуи сиёҳ дар дараҷаи якум хунук ва дар дувум тар аст. Мизоҷи дигар олуҳо низ тақрибан ба он наздик мебошад. Хислатҳои шифобахши он: модоме ки олуи сиёҳ аз нуқтаи назари тиббӣ ҷолиби диққат аст, …

Муфассал »

Анор дар Канзи Шифо (Китоб)

anor-660x330

Анор -ин самар навъҳои гуногун дорад: ширин, майхуш, турш. Мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи дувум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пӯсташ сард ва хушк аст, бисёр қабзиятовар мебошад. Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва шодоби он аст. Хислатҳои шифобахши он: агар бихӯранд, ғизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо …

Муфассал »

Гази калони кӯҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

ozero_bolshoy_aloudin-3-660x330

Гази калони кӯҳӣ (ба русс. Тамариск) — Ин дарахт дар кӯҳистонҳо мерӯяд, баландиаш зиёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершох мебошад. Баргаш монанди баргҳои гази оддӣ ва арча аст, бе гул мебошад; самараш ба андозаи нахӯде, сабзи зардтоб. Таъми баргаш ҳам, самараш ҳам ба тунҷӣ моил ва каме талхӣ низ дорад. Самараш …

Муфассал »

ПАНҶАНГУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

panjangusht_vitex-600x330

Панҷангушт ( Витекс ба русс.) — ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти одамӣ ва аз як нуқта ба ҳар тараф кашидашуда мебошад. Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ онро ҳамчун растании ороиш парвариш медиҳанд. Инро ба забони арабӣ аслақ ва ба ҳиндӣ синбҳолу меноманд ва дар баъзе маҳалҳо тоҷикон сода карда …

Муфассал »