Главная / Теги: Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ (страница 5)

Теги: Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳикояи Рўбоҳу кафторе

kaftor

Рўбоҳе ба чанги кафторе51 гирифтор шуд, дандони тамаъ дар вай маҳкам кард. Рўбоҳ фарёд баровард, ки: —Ай шери бешаи зўрмандӣ ва Ай паланги қуллаи сарбаландӣ, бар аҷзу шикастагин ман бибахшой ва шаколи 52 ин ашколро 53 аз пойи ҷаҳонпаймойи ман бикушой! Ман муште пашму устухонам! Аз хўрдани ман чӣ хезад …

Муфассал »

Абдулқосим Фирдавсӣ

firdavsi

Вай аз Тўс аст ва фазлу камолоти вай зоҳир. Касеро, ки чун «Шоҳнома» назме бувад, чӣ ҳоҷат ба мадҳу таърифи дигарон?! Мегўянд, ки вай ба даҳқанат машғул мебуд. Бар вай тааддӣ рафт. Ба қасди тазаллум62 рў ба Ғазнин ниҳод, ки тахтгоҳи Султон Маҳмуд буд. Чун ба он ҷо расид ва …

Муфассал »

Ҳикояи Товус ва зоғе

tovus

Товусу зоғе дар саҳни боғе фароҳам расиданд ва айбу ҳунари якдигарро диданд. Товус бо зоғ гуфт: —Ин мўзаи сурх, ки дар пои туст, лоиқи атласи заркаш ва дебои мунаққаши ман аст. Ҳамоно, дар он вақт ки аз шаби торики адам45 ба рўзи равшани вуҷуд меомадем, дар пўшидани мўза ғалат кардаем: …

Муфассал »

Ҳикояи Саг ва Гадо (Афсона)

skazka

Сагеро гуфтанд: — Сабаб чист, ки дар хонае, ки бошӣ, гадо гирди он натавонад гашт ва ба ҳар остонае, ки хуспӣ, аз он ҷо натавонад гузашт? Гуфт: — Ман аз ҳирсу тамаъ дурам ва ба бетамаъию қаноат машҳур; аз хоне ба лаби ноне қонеам ва аз бирёне ба хушк устухоне …

Муфассал »

МЕВАБАХШИИ ДАРАХТОНИ БОҒИСТОНИ ҶЎДУ КАРАМ ВА ШУКУФАРЕЗИАШОН БА БАЗЛИ ДИНОРУ ДИРАМ

derevo-s-plodami-1

Ф о и д а Ҷуд—бахшидани чизест, боистӣ бе мулоҳазаи ғаразеву мутолабаи авазе, агарчӣ он ғараз ё аваз савоби ҷамил2 ё савоби ҷазил3 бошад. Қ и т ъ а Кист карим? — Он кӣ на баҳри ҷазост Ҳар караме, к-ояд аз ў дар вуҷуд. Ҳар чӣ бувад баҳри санову савоб, …

Муфассал »

Ҳикояи Уштур ва Харгуш

Уштуру дарозгўше ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷўе бузург расиданд. Аввал уштур даромад. Чун ба миёни ҷўй расид, об то шиками вай баромад. Дарозгўшро овоз дод: — Дарой, ки об то шикам беш нест. Дарозгўшт гуфт: — Рост мегўӣ, аммо аз шикам то шикам тафовут аст. Обе, ки ба шиками ту …

Муфассал »

Ҳикояи Гов ва Гург

gov

Гове бар галаи худ солор41 буд ва дар миёни говон ба қуввати суру42 номдор. Чун гург бар эшон зур овардӣ, офати вай ба захми суру аз эшон дур кардӣ. Ногоҳ дасти ҳодиса бар вай шикаст овард ва суруи вайро офате расид. Баъд аз он чун гургро бидидӣ, дар паноҳи говони …

Муфассал »

ШАҚОИҚИ ДАҚОИҚИ ҲИКАМ

1

ШАҚОИҚИ ДАҚОИҚИ ҲИКАМ, КИ БА РАШАҲОТИ САҲОБИ КАРАМ ДАР ЗАМИНИ ҚУЛУБИ ҲУҚАМО ВА АРОЗИИ ХАВОТИРАШОН ХОСТА ВА БА ШАРҲУ БАЁНИ ОН МАТОВИИ ДАФОТИРАШОН ОРОСТА Фоида Ҳаким касеро гўянд, ки ҳақиқати чизҳоро ба он қадар, ки тавонад, бидонад ва амал ба муқтазои10 он чӣ тааллуқ ба амал дорад, маликаи нафси худ …

Муфассал »

АСҶАДӢ ва ФАРРУХӢ- Дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

5241ind Nederlandse soldaten gaan aan land te Pasir Poetih op 21-7-1947.

АСҶАДӢ Вай аз Марв аст ва аз ҷумлаи модеҳони Яминуддавла52 буд ва дар таҳнияти фатҳи вай Ҳиндустонро қасидае дорад, ки матлаъаш53 ин аст: Ш е ъ р То шоҳи хурдабин сафари Суминот54 кард, Кирдори хешро алами мўъҷизот кард. Ва дар сифати харбуза гўяд: Қ и т ъ а Он забарҷадрангу …

Муфассал »

БАҲОРИСТОН

bahoriston

Ҳар гули равзаи¹ иблоғ², ки ҳаст Гули ин боғ зи рўяш варақе! Нест з- авроқи3 чаман мурғонро Ба ҷуз авсофи4 ҷамолаш сабақе… Чун дар ин вақти дилписанд фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф… ба омўхтани муқаддамоти каломи араб ва андўхтани қавоиди фунуни адаб иштиғол намуд ва пўшида намонад, ки тифлони наврасида ва …

Муфассал »