Главная / Теги: Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ (страница 3)

Теги: Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳикояи Рўбоҳ бо гург (Афсона)

Рўбоҳе бо гурге дами мусодақат5 мезад ва қадами мувофақат мениҳод. Бо якдигар ба боғе гузаштанд, дар устувор буд ва деворҳо пурхор. Гирди он гардиданд, то ба сўрохе расиданд, ки бар рўбоҳ фарох ва бар гург танг. Рўбоҳ осон даромад ва гург ба заҳмати фаровон. Ангурҳои гуногун диданд ва меваҳои рангоранг …

Муфассал »

Ҳикояи Панҷпояк (Афсона)

page_1_thumb_large

Панҷпоякро гуфтанд: — Чаро ба шакли каҷпайкарон афтодӣ ва пой дар роҳи каҷравӣ бинҳодӣ? Гуфт: — Аз мор таҷриба доштам, ки ба он ростӣ ва ростравӣ ҳамеша аз санги ҷафо саркўфта аст ё аз захми ситам думбурида. Қ и т ъ а Ҳар ҷо парӣ ба сурати худ гардад ошкор, …

Муфассал »

Ҳикояи Шутур (Афсона)

shutur

Уштуре дар саҳро чаро мекард ва аз хору хошоки он саҳро ғизо мехўрд. Ба хорбуне расид чун зулфи маҳбубон дарҳам ва чун рўйи хубон тозаву хуррам. Гардани оз 20 дароз кард, то аз он баҳра баргирад. Дид, ки дар миёни он афъие ҳалқа зада ва сарро бо дум фароҳам оварда. …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳи фиребгар (Афсона)

rubohu-pishak

Рўбоҳеро гуфтанд: — Ҳеҷ тавонӣ сад динор биситонӣ ва пайғоме ба сагони деҳ расонӣ? Гуфт: — Валлоҳ, музде фаровон аст, аммо дар ин муомила хатари ҷон аст.   Қ и т ъ а Аз сифла нили18 макрамат уммед доштан Киштӣ ба мавҷи луҷҷаи ҳирмон 19   фигандан аст. Пеши адў забун …

Муфассал »

Ҳикояи Рўбоҳ ва Гургу Саг (Афсона)

ruboh-gurg

Рўбоҳе бар сари роҳе истода буд ва чашми муроқабат 15 бар чапу рост ниҳода. Ногоҳ аз дур сиёҳие пайдо шуд. Чун наздик омад, дид, ки яке дарранда — гург бо саге бузург бар сурати дўстони содиқ ва ёрони мувофиқ, ҳамроҳ меоянд: на онро аз ин таваҳҳуми қарибӣ ва на инро …

Муфассал »

Ҳикояи Муш ва Бой

mush

Муше чанд сол дар дўкони хоҷаи баққол буд ва аз нуқлҳои хушк ва меваҳои тар моломол ба сар мебурд ва аз он неъматҳои хушку тар мехўрд. Хоҷаи баққол онро медид ва иғмоз 10 мекард ва аз мукофот эъроз менамуд 11, то рўзе ба ҳукми он, ки гуфтаанд: Б а й …

Муфассал »

Ҳикояи Каждум ва Сангпушт (Афсона)

Каждуме заҳри мазаррат6 дар неш ва тири хабосат7 дар кеш азимати сафар кард. Ногоҳ бар лаби обе паҳновар расид, хушк фурў монд: на пойи гузаштан ва на ёройи бозгаштан. Сангпуште он маъниро аз вай мушоҳада кард, бар вай тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор кард ва худро дар об …

Муфассал »

ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Вай дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввир 156 нест. Аммо муболиға дар он шеъри вайро аз ҳадди салосат берун бурдааст ва аз чошнии ишқу муҳаббат холӣ монда. Дар эроди амсол ва ихтиёри баҳрҳои сабук бо қофияҳову радифҳои ғариб, ки саҳлу мумтанеъ аст, татаббўъи157 …

Муфассал »

ХИСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

Дар шеър мутафаннин 159 аст ва қасидаю ғазалу маснавиро варзида ва ҳамаро ба камол расонида. Ва татаббўи Хоқонӣ мекунад. Ҳарчанд дар қасида ба вай нарасида, аммо ғазалро аз вай гузаронида. Ғазалҳои вай ба воситаи маонии ошно, ки арбоби ишқу муҳаббат ба ҳасби завқу виҷдони худ онро дармеёбанд, мақбули ҳама кас …

Муфассал »

МУҲАММАД АССОРИ ТАБРЕЗӢ

Вай соҳиби китоби «Меҳру Муштарӣ»-ст ва дар он ҷо латоиф ва бадоеъ бисёр аст ва ин чанд байт аз он китоб аст дар сифати бинии маъшуқ : М а с н а в ӣ Кашида бар гули насрин зи бинӣ Хате дар байни лутфу нозанинӣ. Яди 142  қудрат сутуне баста …

Муфассал »