Главная / Теги: Китоби Ботаника сифи 6 (страница 5)

Теги: Китоби Ботаника сифи 6

Оилаи ангур

Оилаи ангур

Ба оилаи ангур қариб 700 намуди растаниҳо мансуб аст. Онҳо дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил, субтропикӣ ва тропикии ҳарду нимкураҳои Замин паҳн шудаанд. Ба оилаи ангур намудҳои шаклашон дарахтӣ, буттагӣ ва чӯброст (лианмонанд) дохиланд. Ҷойгиршавии барг дар поя ва навдаҳо навбатӣ ва рӯбарӯ мебошад. Шакли барг хеле гуногун аст. Аксаран 3-5 …

Муфассал »

Оилаи лубиёиҳо

Мушунг

Оилаи лӯбиёиҳо яке аз калонтарин оилаҳои синфи растаниҳои дупалла ба шумор меравад. Ин оила такрибан 12 ҳазор намуди растаниҳои яксола, бисёрсолаи алафию буттагӣ ва дарахтиро дарбар мегирад. Дар байни онҳо растаниҳои кишоварзӣ (аз қабили мушунг, лӯбиё, лӯбиёи чинӣ (соя), боқило, чормағзи заминӣ, мош, нахӯд ва ғайра), ороишӣ (ақоқиёи зард, гули …

Муфассал »

Оилаи настараниҳо

seb

Ба оилаи настараниҳо зиёда аз 3000 намуди растаниҳои алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ мансуб аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 142 намуди растаниҳои худрӯй ва мазрӯии оилаи настараниҳо маълуманд. Сохти баргашон гуногун буда, дар дарахти себ, нок, биҳӣ ва ғайра содда, дар шоҳтути заминӣ ва марминҷон — сечанда, дар настаран – пармонанди мураккаб …

Муфассал »

Оилаи чилликгулҳо

rasat

Ба оилаи чилликгулҳо 3200 намуди растаниҳои як ё дусола ва бисёрсола тааллуқ доранд. Аксари онҳо гиёҳҳои алафӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар рӯи Замин нобаробар паҳн шуда, миқдори зиёди намояндагонашон дар минтақаҳои нимкураи шимолӣ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва нимкураи ҷанубӣ бошад, дар кӯхпораҳо паҳн шудаанд. Чилликгулҳо дар шароити гуногуни …

Муфассал »

Оилаи кадугулҳо

kadugul

Ба ин оила 900 намуди растаниҳо дохил мешаванд. Онҳо бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии кураи Замин, аз ҷангалҳои тропикии намнок то дашту биёбонҳо, паҳн гардидаанд. Хусусан, намудҳои зиёди худрӯи оилаи кадугулон дар Африқо, Осиё ва Америка бештар вомехӯранд. Дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил бошад, микдори кадугулон камтар ба чашм мерасанд. …

Муфассал »

Оилаи обнусиҳо

obnus

Ба оилаи обнусиҳо ду авлод ва 500 намуди растаниҳо мансубанд. Онҳо растаниҳои дарахтӣ ва бутгагии ҳамешасабз ё хазонрез (агар дар иқлими хунук ва хушк сабзанд) мебошанд. Растаниҳои алафӣ ва чӯбрости (лианмонанди) онҳо маълум нестанд. Аксари растаниҳои ин оила дар минтақаҳои тропикӣ нашъунамо карда, қисми ками онҳо дар шароити иқлими субтропикӣ …

Муфассал »

Оилаи тугмачагулҳо

ras

Тугмачагулҳо, ки бо ибораи дигар онҳоро хайригулҳо хам меноманд, 1600 хелро дарбар мегиранд. Онҳо асосан растаниҳои минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ буда, микдори ками хелҳояшон дар мамлакатҳои иқлимашон мӯътадил нашъунамо мекунанд. Тугмачагулҳо растаниҳои яксола, бисёрсола буда, баъзан шаклҳои буттагӣ ва дарахтиашон низ вомехӯранд. Поя ва навдаҳои тугмачагулҳо аз берун бо мӯякчаҳои …

Муфассал »

Оилаи тутҳо

Растаниҳои оилаи тутҳо

Ба ин оила тақрибан 1700 хели растаниҳои шаклашон буттагиву дарахтӣ, лианмонанд (чӯброст), ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёҳҳои яксола ва бисёрсола дохил мешаванд. Аксари онҳо дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии кураи Замин месабзанд. Дар Тоҷикистон аз оилаи тутҳо махсусан навъҳои гуногуни тут ва анҷир васеъ парвариш карда мешаванд. Тана, шох …

Муфассал »

Оилаи кукноргулҳо

Растаниҳои оилаи кӯкноргулон

Ба оилаи кӯкноргулҳо тақрибан 600 хели растанихо тааллуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо мӯякчаҳои дурушт пӯшида гардидаанд. Ҷой- гиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки барг пармо- нанди ба ҳиссаҳо ҷудошуда мебошад. Гули …

Муфассал »

Оилаи чиноракҳо (чакамуғиҳо)

Расми 17. Растаниҳои оилаи чиноракҳо

Оилаи чиноракҳо зиёда аз 2000 хели растаниҳоро дарбар гирифта, онҳо асосан дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил ва хунуки кураи Замин васеъ паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон 112 хели онхо маълуманд. Чиноракҳо растаниҳои алафии як ё бисёрсола буда, баъзан дар шакли нимбуттаву бутта ва растаниҳои лианмонанд (чӯброст) вомехӯранд. Решаашон тирреша ё дар баъзе …

Муфассал »