Главная / Теги: Китоби Ботаника сифи 6 (страница 4)

Теги: Китоби Ботаника сифи 6

Гандум дар Тоҷикистон ва муҳимияти он

Гандум дар хоб

Гандум  не ин зироати ғалладонагии бисёр қадима буда, қариб дар ҳамаи мамлакатҳои дунё парвариш карда мешавад. Дар Миср, Ироқ, Эрон, Туркиё 6 ҳазор сол пеш аз милод гандум маълум буд. Кишти гандум дар Осиёи Марказӣ низ таърихи қадима дошта, дар Бохтар дар асри 4 пеш аз милод оғоз шудааст. Сайёҳи …

Муфассал »

Пайдоиши растаниҳои мазрӯӣ

Пайдоиши растаниҳои мазрӯӣ

Растаниҳои мазрӯӣ асосан аз растаниҳои худрӯй пайдо шудаанд. Ин роҳи дуру дарози инкишофи растаниҳо мебошад, ки бо дахолату фаъолияти ҳаётии инсони соҳибхирад зич алоқамандӣ дорад. Дар давраҳои қадими дур аввалин одамон талаботи ба хӯрок (ғизо) доштаи худро ба туфайли шикори ҳайвонотҳои гуногун қонеъ мегардониданд. Дар баробари шикори ҳайвонот, одамон, инчунин, …

Муфассал »

Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода

Расми 75. Растаниҳои нодире, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд

Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода, ки ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шудаанд Олами наботот манбаи ҳаёт дар рӯи Замин аст. Дар ҳақиқат, мавҷудияти инсон, ҳайвонот ва организмҳои ниҳоят хурдандоза (микроорганизмҳо)-ро бе наботот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар раванди фотосинтез, ки фақат хоси растаниҳои сабз мебошад, аз як тараф, …

Муфассал »

Оилаи хушадорон

rastanifo-02

Дар байии оилаҳои ба синфи растаниҳои якпалла мансуббуда, хӯшадорҳо калонтарин оила ба ҳисоб рафта, тақрибан 8000 намудро дарбар мегиранд. Намояндагони оилаи хӯшадорҳо дар тамоми арзу марзи кураи Замин, хусусан, дар дашту марғзорҳо, доманакӯҳу баландкӯҳҳо васеъ паҳн шудаанд. Аксари намудҳои дар мамлакати мо мавҷудбудаи ин оила гиёҳҳои алафии яксола ва бисёрсолаанд. …

Муфассал »

Оилаи пиёзгулон

565

Ба ин оила авлоди васеъпаҳншудаи пиёз дохил мешавад, ки қариб 500 намудро дарбар мегирад. Пиёз дар дашту нимбиёбонҳо, доманакӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо паҳн шудааст. Намудҳои гуногуни пиёз дар нишебиҳои серсангу регӣ, дар теппаҳо, дашту марғзорҳо, зери дарахту буттаҳо аз баландии 450 м то баландии 4500 м аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Аломати …

Муфассал »

Оилаи занбақиҳо

zanbaqiho

Ба оилаи занбақиҳо 4000 намуди растаниҳои бисёрсолаи алафӣ дохил мешаванд. Онҳо бештар дар минтақаҳое паҳн шудаанд, ки тобистонаш гарму хушк ва баҳору тирамоҳаш камбориш аст. Занбақиҳо гиёҳҳои пиёзакбех, лӯндапиёзак ва решапоядор мебошанд. Барги онҳо нештаршакл, тасмамонанд ва дарозрӯя мешавад. Гули растаниҳои мансуби оилаи занбақиҳо дорои гулпӯши оддӣ буда, пайвастгулбарг ё …

Муфассал »

Мураккабгулҳо ва оилаи онон

Муракабгулҳо

Аз 250 000 намуди растаниҳои гулдори мавҷудбуда тақрибан 25000 хели онҳоро растаниҳои оилаи мураккабгул ташкил медиҳанд. Растаниҳои ба оилаи мураккабгулҳо тааллукдошта аксаран растаниҳои алафии бисёрсола буда, хелҳои растаниҳои яксола, нимбутта, бутта ва дарахтиашон хеле кам вомехӯрад. Барги онҳо содда, наздбарг надоранд, канорҳои паҳнаки барг яклухт ё ҳиссашуда мебошад. Дар узвҳои …

Муфассал »

Оилаи авранҷиҳо

Картошка

Ба оилаи авранҷиҳо 2500 хели растаниҳо дохил мешаванд. Онҳо дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва марзҳои иқлимашон мӯътадил, алалхусус, дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ васеъ паҳн гардидаанд. Растаниҳои оилаи авранҷиҳо асосан алафӣ, буттагӣ ё дарахти начандон калон мешаванд. Ҳамаи намояндагони оилаи авранҷиҳо сохти ба ҳамдигар монанди гул ва мева доранд. Гулпӯши …

Муфассал »

Оилаи лабгулҳо

rasta

Ба оилаи лабгулҳо 3500 намуди растаниҳо дохил мешаванд, ки аз ин 198 намуди он дар Тоҷикистон месабзанд. Аксари растаниҳои ин оила алафи яксола, бисёрсола ва нимбуттагӣ буда, фақат дар минтақаҳои тропикӣ баъзе шаклҳои дарахтии онҳо вомехӯрад. Намояндагони оилаи лабгулҳо пояи чорқирра доранд. Барги онҳо соддаи канорҳояш яклухт буда, дар поя …

Муфассал »

Оилаи чатргулҳо

chatrgul

Ба оилаи чатргулҳо 3000 намуди растаииҳо мансубанд ва онҳо дар тамоми рӯи Замин васеъ паҳн шудаанд. Миқдори зиёди намояндагони оилаи чатргулҳо дар ноҳияҳои иқлимашон гарму мӯътадил ва минтақаҳои субтропикӣ, тропикӣ вомехӯранд. Дар Тоҷикистон 170 намуди растаниҳои оилаи чатргулҳо маълуманд. Аксари намудҳои ин оила растаниҳои алафии яксола ва бисёрсола буда, намудҳои …

Муфассал »