Главная / Теги: Китоби Ботаника сифи 6 (страница 2)

Теги: Китоби Ботаника сифи 6

Гулсангҳо – Шакпҳои ҳаётии онҳо

gulsang

Гулсангҳо яке аз организмҳои махсус ташаккулёфтаи растаниҳои дараҷаи паст мебошанд. Ҷисми (танаи) қабат-қабати онҳо аз ду организм – обсабз ва занбӯруғ таркиб ёфтааст ва чун як организми том фаъолияти ҳаётӣ зоҳир мекунад. Аз ду организм иборат будани гулсангҳоро бори аввал олими олмонӣ С. Швендр соли 1867 муай- ян кардааст. Дар …

Муфассал »

Занбуруғҳои паразит

Занбуруғи паразит — чанбуч

Дар байни занбӯруғҳо намудҳое, ки ҳаёти паразитӣ доранд, хеле бисёранд. Онҳо дар организми растаниҳо, ҳайвонот ва ҳатто инсон касалиҳои гуногунро ба вуҷуд меоваранд. Хусусан, онҳо ба ҳоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ва хоҷагии кишоварзӣ зарари калони моддӣ мерасонанд. Яке аз чунин занбӯруғҳои васеъ паҳншуда ин сиёҳак (ё сиёҳкуя) мебошад. Вай паразити хатарноки растаниҳои …

Муфассал »

Занбуруғи хамиртуруш – Сохт ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ

Расми 96. Заибӯруги хамиртуруш

Бори аввал соли 1680 ба олими голландӣ А. Левенгук муяссар шуд, ки тавассути микроскопи ихтироъкардааш занбӯруғи хамиртурушро бинад ва оиди он мушоҳида барад. Инчунин, ин санаро оғози омӯзиши олами микроорганизмҳо медонанд. Сонитар, дар солҳои 30-уми асри 19 як гурӯҳ олимони швед ва олмонӣ дар бораи сохт ва афзоиши занбӯруғи хамиртуруш …

Муфассал »

Занбуруғҳои пупанак

zamburugi-pupanak

Дар табиат на ҳамаи занбӯруғҳо телпакча пайдо мекунанд. Занбӯруғҳои пӯпанак нисбат ба занбӯруғҳои телпакчадор аз ҷиҳати андоза хеле хурд мебошанд. Баъзеи онҳоро фақат тавассути микроскоп дидан мумкин аст. Яке аз чунин занбӯруғҳо, пӯпанаки сафед ё занбӯруғи мағор мебошад Агар нон ё сабзавотро якчанд рӯз дар ҷои гарми намнок гузорем, дар …

Муфассал »

Занбӯруғҳои телпакчадор

zanburugi-telpakchador

Занбӯруғҳо гурӯҳи калони организмҳо буда, тақрибан 100 ҳазор намуд доранд. Онҳоро аз рӯи таснифоти ҳозирамалкунанда ба 6 синф ҷудо менамоянд, ки аз инхо 3-тоаш ба занбӯруғҳои дараҷаи паст ва 3-тои дигараш ба занбӯруғхои дараҷаи олӣ мансубанд. Агар занбӯруғҳои дараҷаи паст сохти якҳуҷайрагӣ дошта бошанд, занбӯруғҳои дараҷаи олӣ бисёрхуҷайраанд. Тахмин меравад, …

Муфассал »

Бактерияҳои касалиангез

bakteriya-3

Баъзе намудҳои бактерияҳои ба таври гетеротрофӣ ғизогиранда ба организмҳои зинда дохил шуда, моддаҳои органикии онҳоро ба сифати ғизо истифода мебаранд (яъне паразитӣ ё туфайлихӯрӣ мекунанд) ва боиси пайдошавии касалиҳои гуногуни он организмҳо мегарданд. Ииҳо бактерияҳои касалиангез ё паразитӣ мебошанд. Бактерияҳои касалиангез ба бадани (организми) одамон дохил шуда, аз моддаҳои органикии …

Муфассал »

Аҳамияти бактерияҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Расми 89. Бактерияҳои лӯндагӣ дар решаи растаниҳои лӯбиёӣ (1) ва буриши он дар зери микроскоп (2)

Бактерияҳо бо фаъолияти ҳаётии худ дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти заруру калон доранд. Бактерияҳо дар гардиши умумии моддаҳо дар табиат силсилазанҷири муҳиму боэътимод мебошанд. Бахусус, бактерияҳои сапрофитии дар хок сукунатдошта ҳар сол барги дарахту буттаҳо, гиёҳҳои яксола, навдаҳои рӯизаминии бисёр растаниҳои бисёрсола ва дарахтони кӯҳани базаминафтодаро таҷзияю вайрон намуда, …

Муфассал »

Паҳншавии бактерияҳо дар ҳаво, об ва хок

bakteriya

Дар рӯи Замин қариб ҷое нест, ки дар он ҷо бактерияҳо ё микроорганизмҳо набошанд. Онҳо дар пиряхҳои Антарктида дар ҳарорати – 83°С хунукӣ ва дар чашмаҳои сӯзони ҳарораташон + 85 метавонанд зиндагӣ кунанд. Хусусан, миқдори зиёду гуногуншакли бактерияҳо дар муҳити хок сукунат доранд. Паҳншавии бактерияҳо дар ҳаво. Дар ҳаво паҳншавии …

Муфассал »

Сохт ва фаъолияти ҳаётии бактерияҳо

Сохти ҳуҷайраи бактерия

Аввалҳо бактерия ва занбӯруғҳоро ба олами наботот дохил карда буданд. Вале хусусиятҳои фарқкунандаи ин гурӯҳи организмҳо (сохт, шакл ва ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаётиашон)-ро ба назар гирифта, акнун онҳоро ҳамчун олами мустақили организмҳои зинда меомӯзанд. Бактерияҳо организмҳои хурди микроскопии якҳуҷайрагӣ мебошанд. Дар бактерияҳо реша, поя, барг ва дигар узвҳо дида намешаванд. Онҳоро …

Муфассал »

Таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ба олами растаниҳо

erozia-pochvi_result

Дар давоми садҳо миллион сол ба олами наботот танҳо таъсири омилҳои табиӣ: рӯшноӣ, ҳарорат, намӣ, таъсири тарафайни (мутақобилаи) набототу ҳайвонот вуҷуд дошту бас. Бо пайдо шудани инсони боақл ва фаъолияти гуногунҷабҳаи он таъсиррасонии ӯ ба табиати атроф қувват гирифт. Аз замонҳои қадим инҷониб инсон ҳамеша барои қонеъ гардондани талаботу эҳтиёҷи …

Муфассал »