Главная / Илм / ҲИКОЯИ ТАДБИРИ МАЙМУНҲО

ҲИКОЯИ ТАДБИРИ МАЙМУНҲО

Овардаанд, ки ҷамоате бузинагон дар кўҳе маъво доштанд ва ба меваю гиёҳҳои он рўзгор мегузарониданд. Иттифоқо, дар шабе сиёҳтар аз дили гунаҳкорон ва тиратар аз даруни табоҳрўзгорон лашкари сармо ба онҳо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онҳо фушурдан оғоз кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуда паноҳе меҷустанд ва ба талаби он ба ҳар гўшае медавиданд.

maimun

Ногоҳ ба тарафи роҳ ёраи дурахшоне афканда диданд ва ба гумони он, ки оташ аст, ҳезум ҷамъ оварданд, гирдогирди он чида дам дар ў медамиданд. Дар баробари онҳо мурғе бар дарахте овоз медод, ки «он оташ нест». Аммо онҳо илтифот нанамуданд ва аз он кори бефоида боз наистоданд.

Иттифоқо, дар ин асно мурғе дигар он ҷо расид ва он мурғро гуфт:

-Ранҷ мабар, ки ба гуфтори ту аз ин кор бознамемонанд ва ту беҳуда ранҷур мешавӣ. Дар тарбияи чунин касон саъй намудан ҳамчунон бошад, ки шамшерро бар санг озмудан:

Ҳар ки дар асл бадниҳод афтод,
Ҳеч некӣ аз ў мадор умед.
3-он ки ҳаргиз ба ҷаҳд натвон сохт,
Аз кулоғи сиёҳ бози сафед.

Мурғ чун дид, ки сухани ў намешунаванд, аз ғояти шафқат аз дарахте фуруд омад, то насиҳати худро дурусттар багўши онҳо расонад ва онҳоро дар ин ранҷи беҳуда, ки мекашанд, танбеҳ кунад. Бузинагон гирдогирди мурғ даромада сараш аз тан ҷудо карданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Бо луғати ҳикоя шинос шавед.
  2. Бигўед, ки кадом калимаҳои навро омўхтед?
  3. Бузинагон ба чӣ сахтӣ гирифтор шуданд?
  4. Онҳо ба чӣ фирефта шуданд?
  5. Мурғон ба онҳо чӣ тавр муносибат намуданд?
  6. Мурғи аввал ба ивази дилсўзӣ чӣ подош гирифт?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …