Главная / Техника / Тадқиқоти дар бахши нақлиёт

Тадқиқоти дар бахши нақлиёт

Мутахассисони хадамоти “Максим” зимни анҷоми як тадқиқот муайян намуданд, ки сокинони Душанбе бо такси бештар ба куҷо сафар мекунанд ва рейтинги ҷойҳои аз ҳама машҳури шаҳрро тартиб доданд.

Тафсилоти бештар дар пресс-релиз.

Топ-10 ҷойҳои Душанбе, ки бо такси бештар сафар мекунанд

Мутахассисони хадамоти «Максим» зимни таҳлили омори соли 2019 муайян намуданд, ки сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистон таксиро бештар ба куҷо фармоиш медиҳанд.

Маркази савдои «Ашан» дар харитаи Душанбе макони аз ҳама машҳур аст. 3,5% аз миқдори умумии сафарҳо дар шаҳр маҳз ба ҳамин макон рост меояд. Маркази савдои «Тоҷикистон» (ЦУМ) бо 2,1 фоиз дар ҷои дуюм аст. Маркази савдои «Садбарг» бо 2% ҳиссаи сафарҳо дар ҷои сеюм қарор дорад.

glk-2835-lg

Бозори «Саховат» бо 1,7% ҷои чорум ва фурудгоҳ бо 1,4% ҷои панҷумро дар рейтинг ишғол намуданд. Ба даҳгонаи ҷойҳои аз ҳама машҳур марказҳои савдои «Содот» ва «Саодат», сирк, бозорҳои «Корвон» ва «Меҳргон» низ дохил мешаванд.

Рейтинги ҷойҳои аз ҳама машҳур дар Душанбе
1. МС «Ашан» 3,5
2. МС «Тоҷикистон» (ЦУМ) 2,1%
3. МС «Садбарг» 2%
4. Бозори «Саховат» 1,7%
5. Фурудгоҳ 1,4%
6. МС «Содот» 1,2%
7. Сирк 1,1%
8. Бозори «Корвон» 1%
9. МС «Саодат» 0,8%
10. Бозори «Меҳргон» 0,7%

— Марказҳои савдо ва мағозаҳо одатан барои такси нуқтаҳои ҷаззобанд. Одамон, маъмулан, бо борхалта ё бастабанд ба роҳ мебароянд ва такси барои кашондани борҳо ёрӣ мерасонад. Дар чунин шароит нисбат ба нақлиёти ҷамъиятӣ аз хизматрасонии фармоиши такси истифода бурдан осон асту қулай. Ба фикрам, рейтинги моро дар Душанбе чун роҳнамо барои истироҳату фароғат метавон истифода бурд, — мегӯяд роҳбари хадамоти «Максим» дар Душанбе Сироҷиддин Ҳамидов.

-- 
Мутахассиси  робита бо чомеаи 
Хадамоти фармоиши такси «Максим» Мария Пухова

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …