Главная / Маданият ва санъат / Табрикоти тӯёна

Табрикоти тӯёна

Шеър барои табрикоти тӯёна

Табик гуем шуморо,
Бо ин аҳди ошиқӣ,
Шаҳду шакар шумоён,
Парвонаи баҳоред!

Муҳтарам меҳмонон, муҳтарам Падару Модари ҷигарбанди Арусу Домоди ин шабнишинӣ!

Бо иҷозати Шумоён, мехоҳам аз самими дил дугонаи худро – Сониябонуро, ки ҳамзамон ин касс  ҳамкори ман мебошанд бинобар сабаби барпо намудани оилаи нав бо язнаи муҳтарами мо ҷаноби Рустамҷони Сорбонзода,  табрик гуфта ба ҳар дуи онҳо меҳри волотарин, ишқи ширинтарин, изатти пур аз садоқату нафосат ва баракати бендозаро таманно намоям.

Бигузор ин ду навҷавон соҳиби фарзандони солеҳ шаванд ва хонаи ободу пур аз хандаро дошта бошанд. Илоҳо оилаи навбунёдашон равшании хонадони волидайнашон низ шавад ва кадамҳои писарчаву духтарча, набераҳову абераҳо аз даргоҳи онҳо канда нашавад.

Муборак бар шумо тӯй ва муборак  буёди аҳди оиладорӣ !

tuy-domod-arus

Сухани  табрикотӣ ба муносибати тӯй !

Бо як ҷаҳони пур аз ҳурмат ва дустдорӣ бар Шумо азизони дил, ки ин руз бар маҳфили тӯёнаи ин бародару хоҳари гиромиқадр меҳмон шуда омадаед, хайрамақдам мегӯям ва хоҳони он ҳастам, ки ин ду кабутари покро барои созиш намуданашон бо мақсади бунёди оилаи нав табрик гӯям.

Бар Акаи худам, ки як Домоди нуронӣ шудаанд ва бар ҷияни худ, ки Аруси мисли парӣ гаштаанд дар ин рӯз базми шодию сурур доранд, мехоҳам мисли ҳамин вақт, ҳаммаи лаҳзаи зиндагияшон шодкомӣ, дурахшонӣ, пурфайзӣ ва умуман ҳаммаи неъмати хуби дунявиро дошта бошанд. Шумо беҳтарин Домоду Арус ҳастед ва дар васфи шумо ин шеърро мехонам.

Ваҳ, чи зебои Аруси сап-сафед,
Лоиқи ту ин Домоди  мисли бед,
Сарсабз бошед ҳарду ҷовидон,
Такягоҳи ҳамдигар ҳам бошетон. 

Аз самими дил, 

Бародари Шумо: Аъзамҷони Каримзод.

10.12.2015 сол.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …