Китобе, ки Шумо онро хонда истодаед, маҳсули кори пурмашаққати зиёдааз даҳсола мебошад. Ман аз давраи чавонӣ ба донистани таъбири хобҳо шавқу рағбати беандоза доштам ва дар ин боб ривоятхои зиёде шунидаам. Бисёр хобҳои ҷолиби диққати аз даҳони одамони хобдида ва муаббирон шунидаамро навишта мегирифтам. Худам низ хобҳои дидаамро дар дафтаре менавиштам ва таъбираш агар мебаромад, онро қайд мекардам. Хобномаҳоеро, хи меёфтам, ҷамъ мекардам ва онҳоро меомӯхтам.
Дар натиҷаи ҷамъоварӣ, омӯхтану таҳлил кардани маводхои оиди хоббинӣ ва таъвили хобҳои дида дарёфтам, ки таъбир илми бузург аст ва шариф. Илми илоҳист.
Дар Қуръони Маҷид дар сураи Юсуф худои азза ва ҷалл мегӯяд ки “Ва бад-ин сон Юсуфро дар замин маконат додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Худо ба кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд”
Ба илми таъбйр на танҳо пайғамбари худо Юсуфи Яъқуб, балки дигар пайғамбарон, аз он ҷумла ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва ссалам) ва ёронаш сару кор доштанд, хобҳои дидаи мардуме, ки муроҷиат мекарданд, мегуфтанд, яьне хобгузорӣ мекарданд.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихиву илмӣ ва фарҳангӣ дар давраҳои қадим таъбири хоб дар зиндагӣ аҳамияти бағоят муҳим дошт.Табирномаи аз хама қадимии хаттӣ кариб чор ҳазор сол пеш дар Миср Қадим тартиб ёфта буд, ки дар он таъбири 200 хоб ва тафсири соҳир номаи онро дар бар мегирифт.
Олимон ва табибони Юнони қадим Демокрит, Афлотун, Арасту ва дигарон таъбири хобро барои ёфтани роҳҳои муолиҷаи беморон истифода мекарданд. Афлотун хоббиниро манбаи илҳоми эҷодӣ меднист.
Олими бузурги тоҷик шайхурраис Абӯали Ибни Сино доир ба хоббинӣ ва таъвили он рисолаи махсусе бо номи “Таъбир-ур-рӯъё навиштааст.
Олимони баъдии ҳам дар ин ҷода заҳмати зиёде ба харҷ додааш Дар байни навиштаҷоти онҳо китоби олим ва нависандаи форсу тоҷи Абӯ-фазл Ҳубайши Тифлисӣ “Комил-ут-таъбир” ё ки “Хобнома” бисёр хам ҷолиби диқкат аст, ки соли1992бо заҳмати зиёди Ҷ. Ҳотамӣ, С. Наимбоев ва С.Хатлонӣ бо хати кирилӣ чоп шуда буд.
Банда, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқук солҳои тӯлонӣ адои вазифа мекунам ва ба назм шавқу ҳаваси беандоза дорам, ба хулоса омадам, ки бахши зиёдеро аз хобномаи Тифлисӣ, аз хобномаи Ҳазрати Юсуф, аз таъбири хобҳои шунида ва дидаи худ, хамчунин хобномаҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба назм гардонам ва ба хонандагони хушзавқ пешкаш намоям.
Пораеро аз ин хобномаҳо дар китоби шеърҳоям бо номи “Шодии; дидор” соли 1998 чоп карда будам. Навиштани хобномаҳоро бо шеър давом дода истодаам.
Инро ҳам кайд кардан лозим аст, ки дар байнн мардуми форсизабон ва дигар халкҳо низ хобномаи мукаммале бо назм ё мавҷуд нест, ё ки бисёр кам вомехӯрад.
Дар ин бора баъзе байтҳо ва пораҳои хурди шеьрӣ ва ё ба тариқи наср вомехӯранд, ки мавриде гуфта шудаанду бас. Чунончӣ:
Аз Саъдӣ:
Ташнагонро намояд андар хоб,
Ҳама олам ба чашм чашмаи об.
АзҲофиз:
Дидам ба хоби хуш, хи ба дастам пиëлаа буд,
Таъбир рафту кор ба давлат ҳавола буд.
Аз Саноӣ:
Рақс кардан ба хоб дар киштӣ,
Бими ғарқ асту мояи риштӣ.
Дар илми хоббинӣ муаммоҳои зиёде ҳастанд, ки олимони ин соҳа барои ҳаллу фасли онҳо ва ёфтани таъбири аниқтаре баҳс мекунанд. Аҷоибаш дар он асг, ки дар бисёр холатҳо вақте ки одам дар хоб шодию хурсандӣ бинад, таъбираш бад мебарояд ва баръакс. Масалан, гиряву ғаму андӯҳ дар хоб аксар вақт таъбири шодиву хуррамиро дорад. Хобҳои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дида нисбати хобҳои дар фаслҳои баҳору тобистон дида камаҳамиятанд. Аз хама хобҳо дақиқтар онҳое мебошанд, ки одамон пеш аз субҳ ва ҳангоми субҳ мебинанд ва ғайра.
Агар ин заҳмати хоксоронаи ман каме бошад хам ба хонандаи дуршинос писандояд, худро хушбахт ҳисоб мекунам. Дар ҳолати пайдо шудани хоҳишу дархостҳо, андешаҳо ё дигар масъалахо оиди ин “Хобнома” хонандагон метавонанд ба нигорандаи ин сатрҳо бевосита муроҷиат нпмоянд.
Китоби таъбири хоб pdf формат.