Главная / Биология / Таъсири омилҳои табиат ба ҷамоаи наботот

Таъсири омилҳои табиат ба ҷамоаи наботот

Барои сабзиш ва инкишофи растаниҳои ҷамоаи наботот шароитҳои муайян лозиманд. Онҳо хусусан, ба таъсири омилхои мухталифи табиат (рӯшноӣ, намӣ, ҳарорат, мавҷудияти намакҳои маъданӣ, ғизоӣ) зич вобастагӣ доранд.

Таъсири рӯшноӣ ба рушду инкишофи ҷамоаи наботот. Дар ҳаёти растаниҳо рӯшноӣ яке аз омилҳои муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ҳаётии растаниҳои сабз ба шиддату миқдори кифоякунандаи рӯшноӣ вобастагии калон дорад. Рӯшноӣ ба намуди зоҳирии растанӣ таъсир мерасонад. Дар шароити норасогии рӯшноӣ растанӣ ранги сабзашро гум карда, ранги сафеду зардро ба худ мегирад ва ё баргчаҳои хурд пайдо мекунад.

flora-tja

Масалан, санавбаре, ки дар ҷои кушод рӯидааст аз санавбаре, ки дар ҷангал рӯвдааст зоҳиран фарқ мекунад. Агар санавбари дар ҷангал сабзида пояи (танаи) рости силиндрӣ (сутунмонанд) пайдо карда, фақат дар қисми ба нӯгаш наздик шохаву навда дошта бошад, санавбари дар ҷои кушод сабзида, баръакс, қисми зиёди танааш бо шохаву навдаҳои сабз фаро гирифта шудаанд.

На ҳамаи растаниҳо ба рӯшноӣ талаботи якхела доранд. Масалан. растаниҳои алафии дар зери ҷангалҳои пахнбарг, ки дар шароити рӯшноии кам месабзанд (грушанка, сарахс, дастнарасон ва ғайра), ҳангоми дарахтони табақаи болоии ҷангалро буридан, барги ин растаниҳо ба таъсири баланди нурҳои сӯзони офтоб тоб наоварда, тадричан нобуд мешаванд. Бо мурури замон дар ҷои онҳо растаииҳои рӯшноидӯст мерӯянд. Мисоли дигар, бӯимодарон, хома, саксавул, черкез, ки растаниҳои хоси дашту биёбон мебошанд, дар шароити рӯшноии баланди офтоб хеле хуб нашъунамо мекунанд. Ҳол он ки онҳо дар шароити камрӯшноӣ нобуд мегарданд. Ин растаниҳои номбурдаро растаниҳои рӯшноидӯст ё рӯшноипарвард меноманд. Растаниҳои грушанка, сарахс, дастнарасонро растаниҳои сояпарвард ё соядӯст меноманд. Ҳамин тавр, растаниҳоро вобаста ба таъсири рӯшноӣ ба растаниҳои рӯшноидӯст ва соядӯст ҷудо мекунанд.

Таъсири ҳарорат ба ҷамоаи наботот. Яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи паҳншавии растаниҳо дар рӯи Замин гармӣ (ҳарорат) ба ҳисоб меравад. Гармӣ аз самти хати экватор ба қутбҳо (Шимолӣ ва Ҷанубӣ) кам мешавад. Гармӣ (ҳарорати мусбат) ба равандҳои ҳаётан муҳими растаниҳо (фотосинтез, нафаскашӣ, оббухоркунӣ ва ғайраҳо) ва сабзишу инкишофи онҳо таъсир мерасонад. Бо таъсири гармӣ растаниҳо шакли гуногунро мегиранд.

Ҳангоми аз ҷануб (хати экватор) ба шимол ҳаракат кардан дар ҳар як градуси ҷуғрофӣ ҳарорати миёнаи солона то 0,5°С паст мефурояд. Дар вақти ба кӯҳ боло баромадан дар ҳар 100 м ҳарорат то 0,56°С паст мешавад.

Тағйироти ҳудудии (ақалу аксари) ҳарорати мавҷудияти (ба сабзиш мувофиқи) наботот хеле зиёд аст. То ба дараҷаи 0°С паст шудани ҳарорат барои аксари растаниҳо марговар нест. Зеро дар муддати инкишофи тӯлонии таърихии растаниҳо дар баъзе гурӯҳҳои онҳо мутобиқшавиҳои махсус пайдо шудааст, ки барои аз ҳарорати пасти марговар наҷот ёфтанашон кӯмак мерасонад.

Таъсири ҳарорати паст дар баъзе мавридҳо боиси ташаккулёбии гуногуншаклии намуди зоҳирии растаниҳо (хобандагӣ дар растаниҳои дарахтию буттагӣ, болиштакшаклӣ дар баъзе растаниҳои алафӣ) мегардад. Масалан, арчаи туркистонӣ дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон шакли дарахтӣ дошта, дар баландкӯҳҳо шакли хобандагиро ба худ гирифтааст.

Растаниҳо инчунин бо роҳи пайдо кардани пӯки ғафс, хориҷ кардани моддаҳои зифтӣ ва бо пулакчаҳо пӯшонида шудани муғҷаҳояшон ва кӯтоҳқадӣ худро аз шароити номусоиду номувофики муҳит наҷот медиҳанд. Чунин шаклҳои мутобиқшавиро дар растаниҳои мамлакатҳои гарм ва хунук дидан мумкин аст.

Баъзе растаниҳои гулдор қобилияти дар ҳарорати паст сабзиданро доранд. Инҳо растаниҳои мавзеъҳои баландкӯҳ, қутбӣ ва растаниҳои аввали баҳор нашъунамокунанда мебошанд. Аксари онҳо, аллакай дар зери барф ба сабзиш шурӯъ мекунанд, аз ин сабаб онҳоро растаниҳои зерибарфӣ низ меноманд. Давраи инкишофи ин растаниҳо кӯтоҳ аст. То саршавии гармӣ ва хушкшавии ҳаво баргу пояи онҳо хушк гардида, то баҳори дигар дар зери хок фақат лӯнда, пиёзак ва ё решапояи онҳо нигоҳ дошта мешавад. Бинобар он, чунин растаниҳои бисёрсолаи давраи сабзишу инкишофашон ниҳоят кӯтоҳро эфемероидҳои баҳорӣ меноманд. Ба чунин эфемероидҳои баҳорӣ бодгул, ҳавоборонак, ҳамаи намудҳои пиёзи қоз, лолаи кӯҳӣ, бойчечак, гули заъфарон ва дигарҳо мисол шуда метавонанд.

Таъсири иамӣ ба ҷамоаи наботот. Об барои растаниҳо ниҳоят зарур аст. Вай яке аз омилҳои асосӣ ва муайянкунандаи фаъолияти ҳаётии растаниҳо мебошад. Об ба таркиби ситоплазма ва шираи ҳуҷайраи ҳар як организми зинда ва алалхусус растаниҳо дохил мешавад. Бе мавҷудияти об дар растаниҳо моддаҳои ғизоӣ ҳаракат карда наметавонанд, раванди фотосинтез ва дигар равандҳои барои организми растанӣ муҳим гузашта наметавонанд. Ба туфайли оббухоркунӣ, растанӣ худро аз таъсири нурҳои тафсони офтоб муҳофизат мекунад. Ҷисми растанӣ аз 50 то 98 % об дорад. Ва ҳамаи равандҳои физиологӣ бо иштироки об мегузаранд. Ҳамин тавр, об (намнокӣ) яке аз омилҳои муҳими табиӣ буда, ба сабзишу инкишоф ва паҳншавии растаниҳо дар рӯи Замин мусоидат мекунад.

Таъсири моддаҳои маъданӣ ба растаниҳо. Чи тавре ки маълум аст, дар хокҳои гуногунхел растаниҳои гуногун вомехӯранд. Ин ҳолат ба хусусияти ғизогирӣ ва эҳтиёҷу талаботи растаниҳо нисбат ба намакҳои маъдании гуногун зич вобастагӣ дорад.

Растанӣ аз хок моддаҳои ҳархелаи маъданиро ҷаббида мегирад. Вай бештар ба нитроген, фосфор, калий ва ба миқдори ками бор, манган, оҳан эҳтиёҷ дорад.

Таъсири организмҳои зинда ба ҷамоаи наботот. Ба рушду нумӯи ҷамоаи наботот на танҳо омилҳои табиати ғайризинда (рӯшноӣ, об, ҳарорат, моддаҳои маъданӣ), инчунин организмҳои зиндаи ҳамшафаташон низ таъсир мерасонанд. Микроорганизмҳо, ҳайвонот, инсон ва наботот бо ҳам алоқамандона фаъолият дошта, ба ҳамдигар таъсир мерасонанд.

Бо иштироку фаъолияти ҳаётии микроорганизмҳо дар хок равандҳои мураккаби биохимиявӣ гузашта, моддаҳои органикӣ ба ғайриорганикӣ табдил дода мешаванд.

Дар табиат алоқаи мустаҳкам байни растаниҳои дараҷаи олӣ ва паст, симбиоз байни растаниҳои лӯбиёй ва бактерияҳо ё симбиози обсабзу занбӯруғҳо дар гулсанг мушоҳида карда мешавад. Ба сабзиш ва инкишофи растаниҳо, инчунин касалиҳои занбӯруғӣ (занбӯруғи занг, сиёҳак, сиёҳмуғ ва ғайраҳо) таъсир мерасонанд. Хусусан, баъзе ҳашаротҳо (малах, гамбусаки Колорадо) ба растаниҳо зарари калон мерасонанд.

Муддати дуру дароз чаррондани чорво низ боиси тағйирёбии таркибу миқдори намудҳо дар марғзору даштҳо мегардад.

Бисёр ҳашаротҳо гардолудкунандаи гули растаниҳои пӯшидатухм буда, баъзеашон дар паҳн шудани тухми растаниҳо (мӯрчаҳо) кӯмак мерасонанд.

Дар навбати худ худи растаниҳо низ ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Решаи баъзе намуди растаниҳо аз худашон моддаҳое хориҷ мекунанд, ки ба фаъолияти растаниҳои дигар таъсири мусбӣ ё манфӣ мерасонанд.

Растаниҳои баландқад ба растаниҳои ҷавону хурдҷусса соягӣ мекунанд. Гурӯҳи дигари растаниҳо (лиф, ток, каду, лӯбиё ва дигарҳо) растаниҳои дигари ростсабзандаро ба сифати такягоҳ истифода мебаранд. Микроорганизмҳо боқимондаи растаниҳои бахокафтидаро пӯсонда, таркиби хокро аз моддаҳои ғизоию маъданӣ бой гардонда, ба сабзишу инкишофи хуби растаниҳо мусоидат мекунанд.

Таъсири фаъолияти инсон ба ҷамоаи наботот. Таъсири инсон ба олами наботот аз замонҳои қадим,  аз вақти пайдоишаш оғоз шуда, то айни замон давом дорад. Инсон ботлоқҳоро хушконида, заминҳои беобро обёрӣ мекунад. Вай навъҳои беҳтарину серҳосили ба касалиҳо табоварро ба вуҷуд оварда, барои парвариши онҳо шароитҳои мувофиқ фароҳам меоварад. Инсон ба муқобили алафҳои бегона мубориза бурда, ба паҳншавии раста ниҳои фоиданок мусоидат мекунад. Лекин фаъолияти гуногунҷабҳаи инсон метавонад ба табиат зарар оварда, оқибатҳои ногувор дошта бошад. Чунончи, обёрии нодуруст ба ботлоқшавӣ ва болобароии намакнокии хок оварда мерасонад. Ин ҳолат боиси нобудшавии раётаниҳои фоиданоки кишоварзӣ мегардад. Аз буридани ҷангал қабати ҳосилхези хок зарар мебинад. Ин ҳолат ба биёбоншавӣ оварда мерасонад. Ҳамин тавр, инсон дар натиҷаи фаъолияти худ ба олами наботот ва умуман ба табиат таъсири калон мерасонад.

  1. Барои мавҷудияти ҷамоаи табиии наботот кадом омилҳо заруранд?
  2. Барои ҳаёти ҷамоаи наботот рӯшноӣ, об ва гармӣ чӣ аҳамият доранд?
  3. Чанд фоизи ҷисми растаниҳоро об ташкил медиҳад?
  4. Микроорганизмҳо ва ҳайвонот ба ҳаёти ҷамоаи наботот чӣ гуна таъсир мерасонанд?
  5. Таъсири байниҳамдигарии худи растаниҳо дар чӣ зоҳир мешавад?
  1. Инсон ба табиат ва ҷамоаи наботот чӣ гуна таъсир мерасонад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …