Главная / Гуногун / Тақдири зани танҳо

Тақдири зани танҳо

Фарида дар вақти муайяншуда дар назди тарабхонаи Н ҳозир шуд. Дуртар аз даромадгоҳ, атрофи фаввора ва зери дарахтон одамон ду-ду, се-се рост истода, баъзеашон рўи харакҳои дар сояи маҷнунбедҳо гузошташуда нишаста, байни ҳам сўҳбат доштанд. Замира, соҳиби тўй наменамуд. Фарида ҳарчанд зеҳн монд, дар байни меҳмонон ягон одами шиносро надид.

4620668_213cc8a“Аз афташ беҳуда омадам, – дар дил худро маломат кард ў. – Махсус ба хонаам омада даъват накарда бошад… тасодуф дар кўча дида, дар сўмкааш, ки даъватномаи зиёдатӣ доштааст, номамро навишта дод. Дар байни ин қадар одами ношинос  зоғи ало шудан чӣ лозим буд? Акнун гашта рафта нашавад.”

Расо баъд аз ним соати таъиншуда меҳмоноро ба сари миз даъват карданд. Фарида низ қатори дигарон дохили тарабхона гашта, дар дами дар бо ҳамкори худ Сабоҳат-хола дучор омад. Сабоҳат-хола зани хушгап, меҳрубон, ситорагарм ва хеле зебо буд. Синнаш акнун ба панҷоҳ расида бошад ҳам, ба мўи сари кўтоҳ қайчизадааш барвақт сафедӣ афтода буд. Аммо сафедии сараш заррае ҳусни ўро накоҳонида, баръакс ба назари бинанда дилкаштар мегардонд. Фарида рўзи нахустани ба мактаб кор омаданаш ба ў унс гирифта, модарвор дўсташ дошт.

-Э Фаридаҷон, хуш омадӣ, хуш омадӣ! – Фаридаро ба оғўш кашид Сабоҳат-хола. – Ҳеҷ гумон надоштам, ки туро дар ин ҷо вомехўрам.

– Мо бо Замира шиноси дерина, – гуфт Фарида низ, аз ин вохўрии ғайричашмдошт хурсанд шуда. – Дар донишгоҳ ҳамсабақ будем.

– Бисёр нағз, – гуфт Сабоҳат-хола, аз дасти Фарида дошта. – Дугонаат каме дер кард… ҳамин замон меояд. Ана ин кас шавҳараш, – ҷавони қоматбаландеро, ки даст пеши бар меҳмононро қабул мекард, муаррифӣ намуд Сабоҳат-хола. – Исми шарифаш Ислом… ҷияни ман.

Фарида бо Ислом вохўрдӣ карда, “муборак бошад гуфт.

– Гузар, Фаридаҷон, куҷо маъқулат бошад, бишин, беҳтараш дар назди он духтарҳо, – Сабоҳат-хола худ пеш даромада, Фаридаро аз қафояш бурд ва ба яке аз он духтарҳо, ки хешонаш будаанд, фармуд, ки барои ўву Фарида дар назди худаш ҷой диҳад. – Ман баъдтар меоям, Фаридаҷон, – гуфт вай дасти Фаридаро раҳо карда, – ту баҳузур бишин.

Тўй торафт метафсид. Мизҳо холӣ – бисёриҳо ба рақс баромадаанд. Фарида танҳо нишаста, чой менўшид. Ҳамин вақт Сабоҳат-хола, сару рўяш аз рақсидан арақшор ва чашмонаш андаке хуморолуд дар назди Фарида пайдо шуд.

– Духтарҷон, бубахш, аз Самарқанд меҳмонҳо омаданд, бо онҳо овора шуда, туро танҳо мондам. Дугонаатро дидӣ? Наздат омад?

– Ҳа, дидам, муборакбодӣ кардам.

Фаридаҷон ин чӣ гап? – нохост изҳорӣ норозигӣ кард Сабохат-хола. – Ба гуфти русҳо мисли хеши камбағал чаро танҳо нишастаӣ! Канӣ, хез, рақс кун.

Сабоҳат-хола, шумо медонед-ку, – худро каме қафо кашид Фарида, – ман умуман рақсида наметавонам. Дар шабнишинии ҳамкорон боре рақсидани маро дидед магар? Ман аз ин ҳунар пиёда.

– Не, хез гуфтам, – аз банди дасти Фарида дошт Сабоҳат-хола. – Гумон мекунӣ, ман рақсида метавонам?

– Не, холаҷон, маҷбур накунед.

– Э туро ҳам нафаҳмидам, – гуфт Сабоҳат-хола, хастаҳолона дар бари Фарида ҷой гирифта. – Набошад, ба ман ҳам рез, аз ҳамон чоят.

– Ин кор аз дастам меояд, – хандид Фарида.

Тарабхона аз садои баланди мусиқиву гулў дарондани ҳофизи ҷавон ва пойкўбию ҳаёҳуи рақсандагон меҷўшид.

– Ана он зани фарбеҳи атласпўшро дидӣ? – ба сўи зане ки дар иҳотаи чанд нафар пой кўфтаю чархида мерақсид, – ишора кард Сабоҳат-хола.

Фарида бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

– Се моҳ пеш писари бистудусолаашро гўронда буд. Аллакай либоси кабудашро бадар карда, рақсу бозӣ дорад. Ин аз як тараф нағз, бухси дилаш мебарояд, лаҳзае бошад ҳам, ғаму андўҳашро фаромўш мекунад. Аммо ман…

Сабоҳат-хола давоми гапашро нагуфта, лаб фурў баст. Баъд пиёлаи чойи дар наздаш бударо ҳурт кашида, бо рўймолчаи ғиҷимшудаи дасташ арақи пешониву рухсораҳояшро рўйтуршкунон пок кард.

– Шумо ҳам бад намерақсед, – гуфт Фарида, аз зуд тағйир ёфтани ҳолати Сабоҳат-хола ҳайрон шуда. – Аз ҷавонҳо зеботар, чаққонтар мерақсед.

– Ба фикрам ҷояшро дониста рақсидан ягон бадӣ надорад. Аммо ман расму русуми мардуми мо… азогириҳои дуру дарозамонро дар назар дорам.

– Ҳа, баъзан қайларо аз мазза мегузаронем, – тасдиқ кард Фарида.

Сабоҳат-хола аз ҳамраъии Фарида қувват гирифт магар ки якбора маддаи дилашро кафонд.

– Ман то имрўз сабаби аслии бефарзандиамро ба ягон кас нагуфтаам, – бо овози базўр шунаво оғозид Сабоҳат-хола. – Маро хеле барвақт, дар синни ҳабдаҳсолагиам ба шавҳар доданд. Он вақт дар деҳа зиндагӣ мекардам ва дар ягон мактаби олӣ дохил шудан дар гўшаи хаёлам ҳам намеомад. Мехостам мисли дигар ҳамсолонам бо ягон ҷавони зебо оила бунёд карда, соҳиби фарзанд шавам ва хушу хурсандона ҳаёт ба сар барам. Лекин аз рўзи аввал ба решаи орзуҳоям табар расид. Шояд аз азал хати пешонии маро ба ангишт навишта буданд, ки шаби тўи арўсиам додари ҳаждаҳсолаи шавҳарамро аспи худашон зада кушту тўйхона ба мотамсаро табдил ёфт. Аммо хешовандон ин мусибатро ба меҳмонон аён накарда, тўйро бо даҳони пурхун гузарониданд. Пагоҳӣ навҳаи хушдоманам гўши деҳаро кар кард. Ман низ либоси арўсиро ба либоси мотам иваз кардам.

Сабоҳат-хола аз чойник ба пиёлаи худ чой рехт ва онро дам кашида, суханашро идома дод.

– Аз ҳама беш хушдоманам месўхт. Рўзи дафни Эҳсон ду бари рўяшро хуншор карда, ҳангоми садрзанӣ чанд бор аз ҳуш рафт. Ёд дорам, то як сол захми рўяш сиҳат наёфт. Зеро вай ҳар субҳу шом “во балам! во бачаяки номуродам!” гўён рўяшро харошида, ҷароҳатҳояшро аз нав хуншор мекард.

Ҳамин минвол қариб ду моҳ гузашт. Азбаски ман дигар хун намедидам, ҳис кардам, ки ҳомиладор шудаам. Аммо инро ба касе ошкор намекардам, танҳо худам медонистаму худо. Шабҳо хаёлан ҳолати шавҳару хушдоманамро пас аз шунидани ин хабари хуш пеши назар меовардаму дарун-дарун меболидам. Зеро гумон доштам, ки ба ҷойи фарзанди гумкардаашон тифле (шояд писар бошад) ба дунё ояд, боиси хурсандиашон мешавад. Аммо ҳайҳот, ҳама гумонҳоям ботил баромаданд. То ҳол он рўзи наҳсро фаромўш карда наметавонам. Хулласи калом, пас аз панҷмоҳа шудани тифли батнам, қарор додам, ки ин хабари хушро ба хушдоманам расонам. Ба шавҳарам гуфтан шарм доштам.

Рўзе дар сари дастархон бо хушдоманам шўрбо мехўрдем, ки нохост дилам шўрид ва ман ҷаста аз ҷой хеста, берун баромадам. Хушдоманам аз ин рафтори ман ҳайрон шуда, пас аз баргашта сари дастархон омаданам, сабаб пурсид. Ман дар ҳолате, ки дилам чун мурғи нимбисмил метапид, бори аввал ҳомиладор шуданамро ба забон овардам.

– Чӣ хел? – аз ғояти тааҷҷуб чеҳраи хушдоманам сурх шуд. – Дар хонаи ман аз дарду ғам, оҳу нола хун меҷўшиду ту бо шавҳарат хуфту хез кардӣ?!

– Хола…

– Хола нагўй, бешарм! Мардум фаҳманд, чӣ мегўянд! Маро хандахариши хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо кардӣ-ку! Онҳо намегўянд ки хоки қабри бачааш хушк нашуда, келини фалонӣ буғуз шудаст, кўдак таваллуд кардаст. Ту дар ин бора фикр накардӣ!

Ман дар ҷои нишастаам санг гаштам.

Хушдоманам ҳамоно ба сарам борони таънаву маломат мерехт.

– Аз худи пагоҳ ба хонаи модарат дафъ мешавӣ. Дигар рўи ифлосатро дидан намехоҳам. Ҳамон ҷо рафта мезоӣ, сағираатро низ ҳамонҳо калон кунанд.

– Охир, писаратон хоҳад, айби ман чӣ? – гуфтам, оқибат худро ба даст гирифта.

– Вай марди миёнбаста… ҳарчи хостан мегирад! – аз нав шўрид хушдоманам. – Аммо ту ақлатро хўрда будӣ магар! Агар шаби аввал, ки мехост, не мегуфтӣ, дигарбора наздик намешуд. Во балам-э! Во балам! Ин сари шармандаамро ба кадом гўри даҳонво занам!

Ҳавлии мо аз нав ба мотамхона табдил ёфт. Дигар хушдоманам ба ман як даҳон гапи хуш намегуфт, як бурда нони беғам хўрдан намемонд. Болои сўхта намакоб, шавҳарам пас аз асли воқеа хабардор шудан, як даҳон дилдорӣ надод. Баръакс муомилаи ў низ бо ман дурушт гашт. Худам танҳо дар байни обу оташ монда, шабу рўз аз худо илтиҷо мекардам, ки кош тифли батнам биафтад. Ҳатто чандин маротиба худамро аз сари зеррави айвон ба замин партофтам. Шабҳо шикамамро бо рўймоли калон баста, ба замин зер карда мехобидам, ки кўдакам нафасгардон шавад. Хайр, дар бобати бори вазнин бардоштанам ҳоҷати гап ҳам нест: Як халта гандумро худам озод бардошта, ба хар бор мекардам. Аммо имрўз аз он беандешагиҳоям ангушти надомат мегазам. Шабҳо дар ҷогаҳи танҳо сарамро ба девор мезанаму ба дарди бедавоям чорае намеёбам. Намедонам аз ин ношукриҳои ман қаҳри худо омад ва ё зораву таваллоям ба даргоҳаш қабул шуд, ки рўзу моҳам буд нашуда, маро дарди зоидан гирифт. То субҳ дард кашидаву замин газида баромадам. Рўзи дигар шавҳарам маро ба беморхонаи ноҳия бурд. Духтурон барои халосии ҷони худаму тифлам хеле часпу талош карданд ва оқибат ҷарроҳӣ намуда, тифли мурдаро аз батнам ҷудо карданд. Баъд аз ин воқиа ҳарчанд чандин бор табобат гирифта бошам ҳам, дигар ҳомиладор нашудам. Ва рўзе духтурон ба шавҳарам гуфтаанд, ки беҳуда маро овора накунанд, аз таъсири ҳамон ҷарроҳӣ дигар таваллуд карда наметавонам.

Акнун муносибати шавҳараму хешовандонам бо ман рўз аз рўз сардтар мешуд. Оқибат дигар ба ин аҳвол тоб наоварда, аз шавҳарам ҷудо шудам. Чанд муддат дар хонаи падарам зиндагӣ кардам ва баъд барои ба донишгоҳ дохил шудан, ба шаҳр омадам. Рўзона дар фабрикаи пойафзолдўзӣ кор мекардаму шабона таҳсил. Пас аз хатми донишгоҳ ба як мактаби шаҳр ба кор рафтам. Хайрият он солҳо замона тинҷӣ ва сериву пурӣ буд. Аввал чанд муддат дар хонаи як зани булғорӣ иҷоранишин будам ва баъд ба ман хонаи якҳуҷрагӣ доданд. Вақти зиёдам дар мактаб мегузашт. Барои фаромўш карданӣ танҳоии худ худамро пурра ба кор бахшидам. Умри одамӣ мисли оби равон мегузаштаст. Нафаҳмидам, ки чӣ хел сӣ сол гузашту рафт.

Сабоҳат-хола хомўш монд.

– Чаро дуюмбора шавҳар накардед? – пурсид Фарида, дасти Сабоҳат-холаро ба кафи дастонаш гирифта.

– Аввалҳо тарсидам, ки боз фиреб нахўрам. Аммо баъд ягон одами табъи дилам набаромад. Ҳамин тавр мурғи дилам мурд.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд.

– Биё, духтарам, каме рақс кунем, – гуфт Сабоҳат-хола, аз дасти Фарида гирифта. – Саргузашти талхи худро ҳикоя карда, табъи туро ҳам хира кардам. Маро бубахш. Худ ба худ имрўз аламам тоза шуд… Чӣ кор кунам, тақдир ҳамин будаст, аз вай ҷои гурез нест.

Онҳо ҳарду аз ҷой хеста, хостанд ба давраи зану мардҳои рақсанда ҳамроҳ шаванд, аммо ҳамин вақт мусиқӣ поён ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …