Главная / Гуногун / Тўтие бо зоғе

Тўтие бо зоғе

Тўтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва аз қубҳи мушоҳидаи ў муҷоҳида мебурду мегуфт:
– Ин чи талъати макрўҳ асту ҳайати мамқут ва манзари малъуну шамоили номавзун?

e0786da5d6b720c39098aee1e2c508fcАлассабоҳ ба рўи ту ҳар ки бархезад,
Сабоҳи рўзи саломат бар ў масо бошад.
Бадбахтаре чу ту дар суҳбати ту боистӣ,
Вале чунин, ки тўӣ, дар ҷаҳон куҷо бошад?

Аҷабтар он, ки ғуроб аз мучовирати тўти ҳам ба ҷон омода буд ва малул шуда, лоҳавлкунон аз гардиши гети ҳаменолид ва дастҳои тагобун бар якдигар ҳамемолид, ки ин чӣ бахти нагун асту толеи дун ва айёми букаламун? Лоиқи қадри ман он аст, ки бо зоғе ба девори боғе бар хиромон ҳамерафтаме.
Порсоро бас ин қадар зиндон,
Ки бувад ҳамтавилаи риндон.

То чӣ гунаҳ кардам, ки рўзгорам ба уқубати он дар силқи сўҳбати чунин аблаҳи худрайъ, ноҷинси хирадори ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!
Кас наёяд ба пои деворе,
Ки бар он суратат нигор кунад.
Гар туро дар бихишт бошад ҷой,
Дигарон дузах ихтиёр кунанд.

Ин забурмасал бад-он овардам, то бидони, ки сад чандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат, бал бештар:

Зоҳиде дар самои риндон буд,
З-он миён гуфт шоҳиде балхӣ:
«Гар малули зи мо, туруш манишин,
Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!».

***
Ҷамъе чӣ гулу лола ба ҳам пайваста,
Ту ҳезуми хушк дар миёне раста.
Чун боди мухолифу чу сармо нохуш,
Чун барф нишастаиву чун ях баста.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …