Главная / Гуногун / Сӯзан дар кори дузандагӣ

Сӯзан дар кори дузандагӣ

Сӯзан – асбоби дӯзандагӣ буда аз замонҳои қадим истифода мешавад. Инсон аввалҳо барои дӯхтан хори дарахтон, устухони моҳию ҳайвонотро кор мефармуд. Баъд сӯзанро аз нуқра мис, тилло ва оҳан месохтагӣ шуданд. Дарозии ин сӯзанҳо то 2 см расида, суфта буданд.

po-igolke-s-nitkoj1-560x320

Сӯзанро дар замонҳои қадим дастӣ месохтанду боэҳтиёт дар сӯзандони махсус ҳифз мекарданд.

Сӯзанро дар асри ХIХ ба усули фабрикавӣ месозанд. Андозаи сӯзанҳои замонавӣ ҳозира аз №1 то №12 буда, асосан аз пӯлод сохта мешавад. Вобаста ба рақамҳояшон сӯзанҳо ба сӯрохҳои гуногун тайёр карда мешавад. Сӯзанҳои сӯрохиашон калон барои кашидадӯзӣ, руфӯкорӣ истифода мешаванд. Дар ин қабил сӯзан ресмони нисбатан ғафсро гузаронидан ниҳоят бобу осон аст.

suzan

Оё шумо медонед

Дар таҳти калимаи сӯзан мо асосан як асбоби тези металлии хурдеро, ки дар оқибаш гӯшак барои гузаронидани ришта дорад, мефаҳмем, ки асосан дар матоъҳо истифода мебарем ва матоъро пайваст мекунем. Сӯзанҳое низ ҳастанд, ки дар соҳаи тиб истифода бурда мешаванд.

Сӯзанҳои пештара, албатта металлӣ ё пӯлодӣ набуданд, онҳо аз устухони моҳӣ ё дигар нави устухон сохта мешуданд.

Дар асри сангин сӯзанҳоро дарёфт карданд, ки сангро тарошида ба он гӯшак тайёр карда, пӯсти ҳайвонотро ба воситаи рӯдаи ҳайвонот бо сӯзанҳои сангӣ медӯхтанд. Баъд бо ҷои сӯзанакҳои устухонӣ сӯзанҳои биринҷӣ, баъд оҳанӣ, дар хонаҳои одамон сарватманд сӯзанҳои нуқрагин пайдо шуданд.

Якумин сӯзанҳои металлӣ, пӯлодинро ба Европа дар асри ХIV (14) арабҳо оварданд.

Дар худи вилоятҳои Москва 25 намуди сӯзан барои дӯхтани маснуоти дӯзандагӣ истеҳсол мешавад, ки он барои дӯхтани (дастӣ, мошинӣ оддӣ, автоматӣ ва ғайра) либос, кашидадӯзӣ мошинагӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.

Сарсӯзан. (сӯзанак) – ҳангоми буридани либос, матоъ истифода мешавад, махсусан мистарколаб ё андозаро ба матоъ ба воситаи сӯзанак аз металл сохта мешавад ва нӯгашро бо сарпӯши шишагини ё аз масолеҳи сохта шуда сохта мешавад. Сӯзанак бояд тез ва ҳамвор бошад.

Қоидаи техникаи бехатарӣ кор бо сӯзан ва сӯзанак.

  1. Барои нигоҳ доштани ангуштон аз неши сӯзан бояд ангуштпонаро истифода бурд.
  2. Пеш аз корро сар кардан бояд шумораи сӯзанҳоро донист. Баъдиитмоми кор низ шумораи сӯзан ва сӯзанакро шуморид. Агар сӯзан камӣ кунад онро ҳатман ёфтан зарур аст.
  3. Дар хона набояд ба диван, кресло ё таҷҳизот мулоим нишаста дӯхтан лозим аст. Сӯзанҳоро ба маснуот намегузоранд.
  4. Агар сӯзанҳо дар вақти кор шиканад, онро ҳатман чида, ҳамаи қисмашро ба муаллим ё навбатдор супоридан зарур аст. Агар дар хона ин ҳолат рӯй диҳад, албатта сӯзанҳои шикастаро ба қоғази ғафс печонида ба ҷои бехатар гузоштан ё сатили партовҳо андохтан лозим аст.
  5. Сӯзан ва сӯзанакҳо бояд дар ҷои муайяншуда, дар қуттии махсус ё болиштча нигоҳ доштан лозим аст.
  6. Сӯзанро дар ҷои корӣ ва дар рӯи миз мондан манъ аст.
  7. Сӯзанро ва сӯзанакҳоро ба даҳон гирифтан манъ аст.
  8. Бо сӯзани зангзада дӯхтан манъ аст.
  9. Қолабҳоро ба матоъ бо сӯзанакҳо мустаҳкам кардан лозим аст, ки он аз тарафи муқобили дӯзанда бошад.
  10. Баъди буридани қолабҳо сӯзанакҳо бояд аз матоъ гирифта шаванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …