Главная / Гуногун / Сухани табрикотӣ ба муносибати 23 май – Рӯзи ҷавонон

Сухани табрикотӣ ба муносибати 23 май – Рӯзи ҷавонон

Ҳамкасбони азиз! Ҷавонони гиромӣ!

Шумо ва дар шахси шумо ҳамаи ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона шодбош гуфта, ба роятон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар фа ъолияти ояндаатон дар мақомоти андоз дастовардҳои беназирро хоҳонам.

1025165844Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди киш вари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Фаъолияти меҳнатии мову шумо ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мам лакат  ғанӣ гардонидани қисми даро мади буҷет ва саҳмгузорӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон равона шудааст ва ин амал аз ҳар яки мо, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаамон гу зошташуда масъулияти баландро тақозо менамояд.

Имрӯз мақомоти андози мамлакат дар таъмини фаъолияти устувори низоми моли яи кишвар, қаноатманд намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва давлатдорӣ нақши бисёр муҳим ва ҳатто ҳалкунандаро мебозанд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба кор ҷалб намудани кадрҳои ҷавони балан дихтисос шароити мусоид ва имконияти бештар фароҳам оварда, корҳои муайяне ба анҷом расонидааст. Бояд қайд кард, ки ҳоло аз 1658 нафар кормандхизматчиёни давлатии мақомоти андоз 486 нафар ё 29 фоизи онҳоро ҷавонони то 30  сола ташкил медиҳанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯзҳо мақомоти андоз ба мутахас сисони соҳибихтисоси соҳаи андоз, до нандаи технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ниёз дорад. Дар соли
2019 бо мақсади шаффофияти қабул ва ҷобаҷогузории кадрҳо, инчунин, мусоидат барои баландравии мансабии корман дон дар мақомоти андоз, тибқи тартиби муқарраршуда, дар 4 давр озмун гузаро нида шудаанд.

Дар озмунҳо 864 довталаб иштирок на муданд, ки аз ин 284 нафарашон аз озмун гузашта, ба мансабҳои холӣ ва мансаби нисбатан баландтари маъмурии хизмати давлатӣ таъин карда шуданд. Бояд гуфт, ки 161 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар 1 давр озмун гузаронида шуд, ки дар он 349 нафар довталаб иштирок намуданд, ва аз ин шумора 134 нафар аз озмун гузашта, ба мансабҳои гуногун дар мақомоти андоз таъин карда шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи андоз бо дарна зардошти маҳдудияти шумораи бастҳои корӣ ва муроҷиатҳои сардорони мақомоти ҳудудии андоз оид ба норасоии кадрҳо, инчунин, бо мақсади дастгирӣ ва омода кунии кадрҳои ҷавон тайи солҳои охир қабули кормандони шартномавиро ба роҳ мондааст. Қабули кормандони шартномавӣ тавассути озмун, асосан, аз ҳисоби ҷавонон амалӣ карда шуда, маоши онҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумитаи андоз ба роҳ монда мешавад.

Шумораи кормандони шартномавии мақомоти андоз ба ҳолати 1 майи соли
2020 102 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 8 нафар дар дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ва 94 нафар дар мақомоти ҳудудии андоз фаъолият намуда истодаанд.

Дар давоми соли 2019 ва давраи сипа ригардидаи соли 2020 баъд аз омодагии пурра ва шиносоӣ бо самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз кормандони шартномавии дар мақомот зиёда аз 6 моҳ фаъолият дошта, дар озмунҳо фаъолона иштирок намуданд, ки 88 нафари онҳо аз озмун гузашта, дар мақомоти андоз ба мансабҳои гуногун таъин карда шуданд.

Хотирнишон месозам, ки як зум ра ҷавонони Кумитаи андоз дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва риояи интизоми меҳнатӣ масъулияти баланд нишон дода, сазовори боварии роҳбарият гардидаанд. Тибқи хислатномаҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ кормандони ҷавон  Сайфиддинова Манижа, Раҳматова Гулноза, Фозилов Шер вон, Мирмадов Хисрав, Касирзода Дило вар, Абдувализода Ҳазратулло, Каримзода Фазлиддин ва Ҷомии Абдураҳмон дорои интизоми хуби меҳнатӣ буда, уҳдадориҳои мансабии худро софдилона иҷро карда, истодаанд ва баъзеи онҳо, аллакай, ба мансабҳои баландтар низ таъин шудаанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти андоз ҷиҳати софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ дар асоси хулосаи Комиссия “Дар бораи муайян намудани Нозири андози беҳтарини соли 2019” 12 нафар корманди мақомоти андоз ҳамчун нозири андози беҳтарини соли 2019 ҳисобида шуданд, ки аз ин 6 нафар ё 50 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Кормандон Давлатов Тоҷиддин, Одинаев Дилшод, Ободов Муҳаммадрофеъ, Зоиров Назирҷон, Неъ матзода Искандар ва Мирзомуддинов Қадриддин аз ҳамин ҷумлаанд.

Кумитаи андоз ҷиҳати баланд бар доштани эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва зиракии сиё сии ҷавонон пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар ин раванд таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти андоз ва пешгирӣ на мудани зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ барои тарбияи ҳисси ватандорӣ дар миёни ҷавонон ва муносибати содиқона ба давлатдории имрӯза моҳияти хоса пайдо мекунад.
Бояд қайд намоям, ки дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии андоз барои фаъолияти самаранок шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, кормандон бо ҳуҷраҳои корӣ ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ  компютеру сканерҳо, факсҳо ва дастгоҳи нусхабардорӣ таъмин шудаанд.

Мехоҳам ёдрас шавам, ки дар ин ба робар, мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мақомоти андоз ба вайронкунии интизоми меҳнатӣ роҳ дода, уҳдадориҳои мансабии худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ саъю кӯшиш наменамоянд. Ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони ҷавон мунтазам ба ҷойи корӣ дер омадан низ ба назар мерасанд.

Ҳатто, ба амалҳои номатлуби коррупсионӣ даст задани ҷавонон низ мушоҳида мегардад, ки ки ин амали онҳо ба шаъну шарафи корманди мақомоти андоз иснод меоварад.
Мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки дар оянда ҷавонони мо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва сатҳи баланди касбӣ нишон дода, ба амалҳои номатлуб роҳ нахоҳанд дод.

Шуморо, бори дигар бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, малакаи баланди касбӣ ва бахту саодат орзу менамоям. Итминон дорам, ки шумо  ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, ҳамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.

Ид муборак!

Сухани табрикотии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим
ба муносибати 23 май – Рӯзи ҷавонон

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …