Главная / Без рубрики / Табобати дарди сутунмуҳра  (Грыжа)

Табобати дарди сутунмуҳра  (Грыжа)

Бемории сутунмуҳра солҳои охир дар байни ҷамъият боз ҳам аёнтар шуда истодааст ва ба фикри мардум гуё ин намуди касалӣ нисбати солҳои пештара зиёдтар шудааст.  Вале дар асл ин намуди дард байни ҷамъият аз сабабҳои замонавӣ бештар вомехуранд ки яке аз он ин камфаъол ва фарбеҳӣ мебошад.

Шахсоне ки якборадар сини аз 30-солагӣ боло якбора фарбеҳ мешванд ба сутунмуҳраи худ вазнинии зиёдро зур меоваранд ва аз ин сабаб ба каҷшавии сутунмуҳра меоварад ки дар навбати худ дарди бетоқатро пайдо мекунад.

sutunmuhrasc

Бояд гуфт, ки баъди 30-солагӣ одатан устухон одам камширеш ва худи онҳо нисбатан нозуктар мешаванд ва аз ин сабаб тағийротҳо дар шакли он ба вуҷуд меояд. Шахсоне ки рузҳои дароз камфаъоланд ва соатҳои зиёд менишинанд низ ба чунин беморӣ бармехуранд. Масалан барномасозон, муҳосибон, роҳбарон ва ғайра. Ингуна мутахассисон дар қатори нури чашмони худ инчунин  миёни худро ба бемории сутунмуҳра дучор мекунанд.

Табобати сутунмуҳра.

Бемории сутунмуҳра солҳои охир одатан шакли «Грыжа позвоночника» -ро ном дорад ва тақрибан аз 100 нафар 2-3 кас баъди 30-солагӣ ба ин намуди беморӣ гирфтор мешаванд.

Баъзеҳо ба табобати бемории сутунмуҳра тоқат накарда мехоҳанд ҷароҳиро пеша намоянд вале ин роҳи хатост, чунки баъди ҷарроҳи то андозае дардҳо боқи мемонанд ва эҳтимолӣ ба маъюб шудан хеле зиёд аст.

Солҳои қадим ҳам одамон ба бемориҳои сутунмуҳра дучор мешуданд вале онро намак зиёд шудаст гуфта тоқат мекардан, чунки роҳи наҷотро намедонистанд.

Алҳол барои табобати сутунмуҳра агар ба бемории грыжа гирифтор шуда бошед пас доруи Карипазим хеле ёрии зиёд ва натиҷадиҳанда медиҳад. Нархи чунин дору дар Тоҷикистон 30-35 сомонӣ аст ва барои як табобат ки тӯли 1-2 моҳро метавонад ташкил намояд 600-1000 сомони ба харидани Карипазим сарф шавад.

Ғайр аз ин барои табобати сутунмуҳра машқҳои сабук ва қабули гармикунониву сутунмуҳракаши хеле фоида дорад. Албатта ин муолиҷаи тӯлонист ва аз кас пуртоқатиро талаб мекунад.

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …